Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- НЕЪМАТИ БЕБАҲО        

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.08.2021
in Хабар
0
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-  НЕЪМАТИ БЕБАҲО         
0
SHARES
190
VIEWS
Share on Facebook

Мусаллам аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлат, рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон буд.  Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии худ на танҳо, асосҳои давлатдории миллии худро ташаккул ва мустаҳкам гардонид, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори зиёдеро соҳиб гардид.

Албатта, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми сулҳпарвару сулҳхоҳи куҳанбунёди тоҷик яке аз дастовардҳои бузург ба ҳисоб рафта, бо ба даст овардани он хурду бузурги ин сарзамини биҳиштосо барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талошҳои ватандӯстона заҳмат кашида, дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Ҳамагон  дар ёд дорем, ки солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кишвари азизамон бар асари фитнаву дасисаи ҳасудону бадхоҳон, дар як ҳолати сангину ҳассос қарор дошт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо ба ҳалокат расиданд, ҳазорҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ  ҷони худро баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар қурбон карданд.

Дар хотироти мо нақш бастааст ва он рӯзҳоро фаромӯш намекунем, ки дар он айёми даҳшату бесарусомонӣ касе ба доди касе намерасид ва қариб  монда буд, ки давлати бузурги тоҷикон пароканда шуда,  аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардад. Вале хушбахтона,фарзандони бонангу номуси миллат бо ҳам муттаҳид гардида, барои эъмор ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд талошу муборизаҳои беамон бурданд, ки дар натиҷа, ба бахти халқи тоҷик оташи ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш хомӯш карда шуда,Тоҷикистони азизамон Истиқлоли давлатиро соҳиб гардид.

Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои  миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷахони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Мо-ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи ин сарзамини биҳиштосо, бояд шукрона аз он кунем, ки имрӯз дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона умр ба сар бурда, фарзандони мо дар зери фазои софу беғубор ба воя расида истодаанд.

Гузашта аз ин,мо-кормандони мақомоти прокуратура, ки бо амри тақдир ва масъулияти касбӣ, ҳимоякунандаи яке аз арзишҳои олӣ-ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳастем, бояд баҳри устувор нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ софдилонаю содиқона кору фаъолият намуда, баҳри ободии диёри азизамон бо дилу ҷон саҳмгузор бошем.

Боварии комил дорам, ки ҳамаи он қаҳрамонию муборизаҳои гузаштагонамон, ки баҳри озодиву Истиқлол,сулҳу субот,рушду инкишофи ҷомеа ва амнияти кишвар буд, аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳангӣ мегарданд.

Мусаллами ҳамагон аст, ки аксари кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон орзу мекунанд, то ба Истиқлоли комил расанд, вале наметавонанд, ки ба он шарафёб шаванд. Борҳо шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон аз Истиқлолу Ваҳдати тоҷикон ситоиш карда, таъкид доштанд, ки дар мавриди осоиштагии кишвари худ аз Тоҷикистон таҷриба гиранд. Расул Ғамзатов, шоири халқӣ, Қаҳрамони меҳнати халқи қирғиз дар ҷое чунин менигорад: «Фақат ҷанг набошад  шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон  ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд-Презеденти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…». Дар воқеъ, ҳақ бар ҷониби ин донишманди беназир аст. Аминем, ки  Истиқлоли комили мо умре пояндаву ҷовид хоҳад монд.

Саидмумин АБДУЛЛОЗОДА,

прокурори калони Шуъбаи назорати

 умумии Сарпрокуратураи ҳарбӣ,

полковники адлия

 

Previous Post

ДОИШ-СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ

Next Post

ТАБИБОН БА ХУД ДАРДУ БА МО ДАРМОН БАХШАНД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАБИБОН БА ХУД ДАРДУ БА МО ДАРМОН БАХШАНД

ТАБИБОН БА ХУД ДАРДУ БА МО ДАРМОН БАХШАНД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook