Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим баҳри истиқлолияти худ муборизаҳои шадид бурда, ин орзуи наҷиб дар қалбу имони аҷдодонамон ҳамчун арзиши бебаҳо ҷо шудааст. Хамин буд, ки соли 1991 баъди дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар қисмати халқи тоҷик марҳалаи нави таърихӣ оғоз шуд. Аз ин ру, истиқлол орзуи деринтизор, дастоварди арзишмандтарин ва бебаҳои халқамон, натиҷаи мантиқӣ ва талошу муборизаи фидокоронаи халқи куҳанбунёд ва фарзандони фарзонаи он дар роҳи тӯлонии таърихи озодихоҳию истиқлолиятхоҳӣ мебошад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии худ эълон намуд. Ин ҳодисаи таърихӣ барои халқамон бахти нодир ва саодати бузурге буд, ки баъди ҳазор соли барҳам хӯрдани аввалин давлати тоҷикон таърих насибамон гардонид. Бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азиз дар тақдири халқамон марҳилаи нави давлатдорию созандагии миллӣ оғоз шуд.
Таърих ёд надорад, ки ягон миллат истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст оварда бошад ва халқи мо низ аз ин истисно набуд. Неъмати бебаҳои истиқлол барои мо тавассути санҷишу озмоишҳои сангин, ихтилофу муборизаҳои шадид ва ҷоннисориҳои зиёд ба даст омад. Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият Точикистон ба муқобилияти сахти душманони дохилию хориҷӣ дучор шуд. Агарчанде гузаштагони мо боре ҳам ба ҳамсоягонаш бо чашми ғараз нигоҳ накарда бошад ҳам, вале баъзе бадхоҳон ва душманони халқамон ба кишвари мо бо чашми бахиливу ғараз нигариста, бо дар байни мардуми манотиқи кишвар афрохтани тухми душманӣ ва низо, мехостанд ба мустақил гаштани Тоҷикистон халал расонанд. Ба ном «ҳомиёни миллат» ва душманони хориҷӣ миёни халқамон тафриқа андохта, ба сарамон муқовимати шаҳрвандиро бор карданд. Солҳои хунини ҷангӣ шаҳрвандӣ бароямон бадбахтиҳои бешумор ва оқибатҳои вазнини сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ расонида, рушди кишварамонро ба даҳсолаҳо ақиб партофт.
Шукри қисмату офаридгор, ки Иҷлосияи 16 Шурои Олии Тоҷикистон дар таърихи халқамон саҳифаи нав боз карда, ҷавонмарди наҷибу ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии давлат пазируфт. Аз лаҳзаҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст овардан, тавассути кӯшиш ва заҳматҳои Сарвари ҷавони давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо шарофати хираду заковати аҷдодӣ, ақли солим ва кӯшишу заҳматҳои фарзандони бонангу номуси Ватан миёни аҳриман шикаста шуда, ба ҷангӣ шаҳрвандӣ хотима, ба сулҳу меҳнати созанда асос гузошта шуд. Хотима додан ба муноқишаҳои мусаллаҳона, ба роҳ мондани ваҳдату якдигарфаҳмӣ, имзои шартномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ муваффақияти муҳимтарину бузурги халқамон баъди ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ буд. Бо имзои созишномаи сулҳ дар кишвар сулҳ, ваҳдату созандагӣ ва меҳнати созанда пойдор гашта, барои Тоҷикистон дар роҳи рушди давлатдорӣ, иқтисодиёт ва муносибатҳои ҷамъиятӣ шароитҳои муносиб фароҳам оварда шуд.
Баъди имзои созишномаи сулҳ Давлату Ҳукумати Точикистон ва ҷамъият ба иҷрои вазифаҳои мураккаб, пурмасъулу вазнин: баргардонидану таъмини бехатарии гурезаҳо, таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ягонагии сокинон ва табақаҳои гуногуни минтақаҳои кишвар, таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар мушкилиҳо шурӯъ намуд, зеро рушди минбаъдаамон ба иҷрои ҳамин вазифаҳои мураккаб вобаста буд. Бо ифтихор метавон қайд кард, ки дар солҳои душвори баъдиҷангӣ тавассути роҳбарии оқилонаи роҳбарияти кишвар ва меҳнати фидокоронаи халқи тоҷик ин масъалаҳои басо мушкилу ҳалталаб сарбаландона ҳал шуда, Тоҷикистон ба мисли кишварҳои дигари минтақаву ҷаҳон рушд намуд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Истиқлолият барои халқамон қутбномае гардид, ки дар заминаи он мо ба марҳилаи нави зиндагию барқарорсозӣ ва ободиву созандагии Ватан шурӯъ намудем.
Аз байн зиёда аз се даҳсола сипарӣ шуда, имрӯз симои Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт. Аз баландии солҳои истиқлолият дидан мумкин, ки дар ин давра Тоҷикистон воқеан ҳам ба як кишвари ободи пешрафтаву биҳиштосо ва шукуфон, озоду комилҳуқуқ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ табдил ёфт. Тавассути истиқлолият тамоми рукнҳои давлатдорӣ аз нав эҳъё шуда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои беназир ноил гаштаем. Шукр мегӯем, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ тамоми мушкилиҳои басо вазнину ҳалталаб сарбаландона иҷро шуда, акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад, бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. Бо тамоми давлатҳои олам муносибатҳои неки дӯстӣ, ҳамкории судманди ҳамсоягӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигарон, бо роҳи сулҳу гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои баҳсталабро ба роҳ монда, ҷангу зӯровариро қатъиян маҳкум менамояд. Ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ баҳри пойдории сулҳ талош меварзад, ки ҳамаи инҳо боиси баланд шудани обрӯю нуфузи кишварамон гардидааст.
Ифтихор мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи милламон ҳамчун зодаи даврони истиқлол, ҳамчун нерӯву қудрати пуриқтидор сулҳу осоиш ва музаффариятҳои халқамонро зиракона ҳифз ва посбонӣ менамояд. Ва саҳифаҳои таърихи даврони истиклолро рӯгардон намуда, ҳамчун фарзандони мулки озод мо ифтихор мекунем, ки дар таъмини сулҳу осоиши давлату ҷомеа, меҳнати созандаи халқи кишвар ва ҳифзи истиқлолият собиқадорони мо низ саҳми хоксорона гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, мо низ бо ҳайати шахсии Артиши миллӣ ҳамчун ҳомиёни содиқи Ватан ва узву пайванди ҷудонопазири халқи худ сиёсати дохилию хориҷии давлати соҳибистиқлол, ташаббусу иқдомҳои наҷиби роҳбарияти кишварро ҳамаҷониба маъқул ва дастгирӣ менамоем. Итминон дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи милламон сулҳу зиндагии осоиштаи халки тоҷикро содиқона, ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол хоҳанд гирифт.
Ҳ. Худойқулов,
раиси Шурои собиқадорони ВМҶТ