Вақто, ки хурду мактабхон будам, дар дарсҳои таърих ба устодамон ҳамеша суол медодам, ки чаро дар китоб дар бораи таърихи халқи тоҷик ин қадар маълумотҳо каманд. Дар солҳои донишҷӯйӣ бошад, ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар шаҳрҳои калони Россия, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Беларус ба мо дар бораи Тоҷикистон маълумот додан, ҳамагӣ 5-6 дақиқа вақт медоданд. Аз ин ноадолатиҳо алам кунад ҳам, ҳамчун хаёлпарастон орзу мекардам, ки шояд ягон вақт Ватани мо низ соҳибистиқлолу машҳури ҷаҳон мегардад. Ҳамин тавр, бо ҳамин орзуҳои наҷиб рӯзу моҳҳо ва солҳо мегузаштанд…
Ниҳоят, баъди давраҳои тӯлонии муборизаи аҷдодонамон 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистони маҳбубамон ба орзуи деринаамон расиду ба сараш кабӯтари бахт нишаста, ба Истиқлолияти комили давлатӣ ноил шуд. Ҳам шодему ҳам ифтихор мекунем, ки баъди зиёда аз ҳазор соли парешониву парокандагӣ халқи мо аз нав бо ноил шудану эҳёи давлати мустақили миллӣ мақому манзалати хосса касб намуда, соҳиби бахти нодир ва воқеаи бузурги фараҳбахш гардид.
Вале, ношукрӣ накарда, дастовардҳои солҳои дар ҳайати давлати бузурги шӯроҳо буданамонро низ бояд эътироф намоем. Месазад боинсофона қайд намоем, ки дар тӯли солҳои пешазистиқлолии Шӯравӣ низ халқи мо ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гашта буд. Охир ҳеҷ инкор карда наметавонем, ки тайи солҳои 1924-1991 бунёди шаҳрҳои калони сераҳолию корхонаҳои бузурги саноатӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ ва маърифатӣ, театру китобхонаҳо, фурудгоҳу вокзалҳо, роҳҳои замонавию нақбҳои нақлиётӣ, истгоҳҳои барқи обӣ, сохтмони биноҳои баландошёна симои кишвари кӯчаки моро ба таври куллӣ тағйир дода, онҳо маҳсули заҳмати ватандӯстонаю меҳнатдӯстонаи сокинони диёри биҳиштосо ва таҳкурсии бинои имрӯзаи давлатдориамон буданд. Аммо тамоми дастовардҳои бузурги он замон ба Истиқлолияти комили давлатии имрӯзаамон баробар шуда наметавонист…
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки кишвари мо диёри сулҳхоҳ буда, аҷдодонамон боре ҳам бо ҳамсоягонаш ҷангу ҷанҷол накардааст. Боиси ифтихор аст, ки халқи мо дар умқи асрҳо дорои шоирону нависандагони бузург ва маълуму машҳур буда, онҳо ба намояндагони ҳунару адаби берун аз қаламраваш робитаҳои дӯстию бародарӣ барқарор карда, анъанаҳои беҳтарину писандидаи дигар халқу миллатҳоро гулчин намуда, дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардуми олам гардонидаанд. Бинед, ки агар шоирони дурандеши халқи мо Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон бо сафарҳояшон аз кишварҳои зиёди олам дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳои нодирашон баён карда бошанд, шоири муосири мо, Қаҳрамони Тоҷикистон-Устод Мирзо Турсунзода бошад ҳамчун идомабахши амали неки онҳо бо адабиёти саропо рангини замонавӣ кишварамонро ҳамчун сарзамини зебову афсонавӣ ба оламиён муаррифӣ кардааст.
Албатта, бо гузашти асрҳо баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ фазои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии мо ба тадриҷ афзудааст. Акнун дар шароиту давраи нави таърихӣ Тоҷикистони маҳбуб, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор ниҳодааст, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих гузарад. Имрӯз, дар шароити нави рушди замони муосир акнун кишварамон ба кашфи техникаву технологияҳои нав, ихтироъкориву ташаббускорӣ, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ, робитаҳои ногусастанӣ бо мамолики пешрафтаи дунё ниёз дорад.
Аз ин рӯ, бо ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ акнун чун кишвари озоду демократӣ, дунявӣ ва соҳибистиқлол эътироф кардааст, ҳамаи мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, бо аз як гиребон сар баровардан дар атрофи Пешвои миллат боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, дар эъмори давлати навини воқеан дунявӣ саҳм бигзорем ва бо номи миллати бузурги куҳанбунёдамон ифтихор кунем. Мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ ба қисмат кардани Тоҷикистони азиз роҳ надиҳем, зеро қисмат кардани Тоҷикистон ба қисмат кардани модар баробар асту, фоидаву зиёни онро дар солҳои муқовимати шаҳрвандии солҳои 90-ум бо чашми сар дидем.
Шукр мегӯем, ки аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аллакай зиёда аз се даҳсола сипарӣ шуд. Албатта, сӣ соли гузашта дар назди таърих ҳеҷ бошад ҳам, имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар тамоми соҳаҳо ба муваффақиятҳои беназир ноил гашта, ҳамчунин тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби муқаддасот: Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсияи худ мебошад. Имрӯз Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рамзи рангҳои сурху сафеду сабзаш мардуми оламро ба анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои аҷдодонамон ошно месозад.
Ҳамчунин, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки тавассути нерӯйи ақлонӣ ва ҷисмонӣ бо ҳифзи боэътимоди музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии худ мо метавонем Ватанамонро аз ин ҳам ободу зебо гардонем. Албатта, оромиву шукӯҳ, сулҳу субот ва шукуфоии Ватан ба хизмати содиқонаи ҷавонони ватандӯсти Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ва масъулияти ҳар як сокини кишвар, ҳар яки мо вобаста мебошад. Зеро, агар кишвар орому осуда ва дар саросари қаламрави он сулҳу субот танинандоз бошад, он гоҳ зиндагии мардуми кишвар хубу нозу неъматҳои моддию маънавӣ фаровон гашта, боварию эътимод ва меҳру муҳаббати мардум ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фардои дурахшони фарзандонамон меафзояд. Аз ин рӯ ёдрас ва таъкид менамоем, ки муҳаббату эътиқод ба Ватан аслан аз овони кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ботадриҷ ташаккул меёбад ва ҳамин аст, ки ҳар сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби зулоли Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он ҳеҷ вақт наметавонад хушбахт бошад. Ҳар яки мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватани аҷдодӣ, саъю кӯшиши беандоза ба нафъи вай хизмат кардан аст. Бинед, ки маънои калимаи Ватан дар ашъори ҳамаи шоирону нависандагонамон мавқеи хосса дорад. Агар Ҳаким Фирдавсӣ дар асари безаволи саршор аз ғояи ватандӯстӣ ва адолатхоҳонаи худ «Шоҳнома» ҳифзи кишварро аз бақои ҷон болотар гузошта бошад, Ҳабиб Юсуфӣ бошад, дар ашъори худ Ватани азизашро ба таври мушаххас ва образнок тасвир намуда, меҳанро хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон номидааст.
Дар урфият мегӯянд, ки дӯст доштани Ватан аз имон аст. Аз ин рӯ мо ҳамчун фарзандони вафодор бояд Тоҷикистони азиз, осмони софи Ватан, замини зархез, обҳои зулол, меваю шириниҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс ва халқи тамаддунофару меҳнатдӯсти диёрамонро самимона ва беҳтар аз ҷон дӯст дошта, ҳаётамонро барои таъмини сулҳу амният, ваҳдати сокинони кишвар ва зиндагии шоистаи мардуми он равона созем. Мо бояд Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини аҷдодонамон самимонаю сидқан дӯст дошта, бо шукргузории бепоён аз соҳибистиқлолии Ватан, сулҳу ваҳдат ва имкониятҳои зиндагии осоиштаи имрӯза ба анъанаҳои ватандӯстӣ, меҳнатӣ ва фарҳанги бою ғании гузаштагонамон арҷ гузорем, ҳамчун модаре, ки бароямон ҳаёт бахшида, дар оғӯши бахмалинаш тарбияву ба воя расонида, хононда ва соҳибмаълумоту соҳибкасб намудааст сари таъзим ба ҷо орем, зеро он сарзамини мо, фарзандону наберагонам, наздикону пайвандонам буда, месазад ки дӯст дошта, баҳри таъмини ояндаи онҳо хизматашро софдилонаву содиқона ба ҷо орем. Ҳамчун фарзандони вафодори меҳан сарзамини аберагону наслҳои ояндаи миллату халқамонро самимона дӯст дошта, баҳри ҳифзу шукуфоӣ ва рушду камолоташ ҳамеша омода бошем, ки барояш сад ҷонамонро ҳам дареғ надорем.
Албатта, ҳамаи ин гуфтаҳоро бешубҳа, баҳри бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ меорем. Вале, вазифаи ҳар яки мо, ҳар як собиқадори хизмати ҳарбӣ, ҳар шаҳрванди кишвар танҳо аз ситоиши Ватану бузургони миллат ифтихор кардан иборат набуда, ҳидоят ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нави фарзандони бонангу ба номуси меҳанпараст, кашфи падидаҳои нави нодири ватандӯстӣ иборат мебошад. Аз ин лиҳоз мо собиқадорон ба низомиёну ҷавонони кишвар муроҷиат карда таъкид менамоем, ки агар ҳамаи фарзандони Ватан-Модар аз олами расму русум ва анъанаҳои миллии ниёгону мардуми башарият ба таври пурсамар баҳраманд гардем, Тоҷикистони ба ҷон баробару соҳибистиқлоли мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба қатори давлатҳои пешқадаму тараққикарда ва шукуфону мутамаддини олам ворид хоҳад гашт. Ҳамчун фарзанди вафодори диёри биҳиштосо орзу дорам, ки шукӯҳи Тоҷикистони азизам ҷовидон бошад. Тавре шоир гуфтааст:
Он қадар дар дилписандӣ дилписанд ҳастӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан,
Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман,
Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.
Таҳияи
Ҳайдар ХУДОЙҚУЛОВ,
раиси Шӯрои собиқадорон,
полковники мустаъфӣ