Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ТАҶАССУМГАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.08.2023
in Хабар
0
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ТАҶАССУМГАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
0
SHARES
94
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Истиқлолияти мардуми тоҷик решаи қадимаву устувори маънавӣ дошта — ибтидои давлатдории мо ба аҳди Каёниён рафта мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Дар тули ин 32 соли Истиқлолияти комили давлатӣ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шуд ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ зътироф гардид.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Рамзҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ — Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Дар модаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикистон ҳаммаъноянд”. Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ин ҳуқуқи худро бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад.

Бо гузашти чанд соли дигар зарурати тағйир додани сохтори мақоми олии қонунбарор пеш омад. Ва боз ҳам бо майлу иродаи халқ аввалин маротиба дар таърихи навини кишварамон Парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата мебошад, таъсис дода шуд. Бузургтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дастоварди бузурги таърихӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқии Роғун ба шумор меравад, ки 16-уми ноябри соли 2018 агрегати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин сохтмони бузурги аср воқеан ҳам аз ормонҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои ҳамаҷонибаи халқи тоҷик ин орзӯи чандинсола амалӣ гашт.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом, Наврӯз ва яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Тули солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони Умумиҷаҳонии савдо ва дигар ташкилотҳои байналмилалилву минтақавӣ гардид. Пазируфтани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад. Моҳи марти соли 2018 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Яъне ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.

Дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳо корхонаву муассисаҳои нав ба кор шуруъ намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш бунёду азнавсозӣ гардиданд. Дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин аз самараи истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтаанд. Тоҷикистон имрӯз ба давлати ободу пешрафта табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба он аз ҳар вақта дида бештар гардидааст.

Истиқлолият давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Ин раванди таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори ҳукумати мамлакат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.

 

Аслам РАСУЛЗОДА,

устоди ДМТ

Previous Post

МАФҲУМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Next Post

ТАБЛИҒИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН МИЁНИ НИЗОМИЁН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАБЛИҒИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН МИЁНИ НИЗОМИЁН

ТАБЛИҒИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН МИЁНИ НИЗОМИЁН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj