Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.09.2025
in Мақола
0
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
156
VIEWS
Share on Facebook

(Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъмат ва волотарин арзишест, ки мардуми сарбаланди тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 онро ба даст оварданд. Ин санаи муҳим оғози марҳилаи нав дар таърихи давлатдорӣ, худшиносӣ ва давлатсозии тоҷикон мебошад. Истиқлолият ба мо на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки имконияти муайян кардани роҳи мустақили рушд, тарбияи насли ватандӯст ва ҳимояи арзишҳои миллиро фароҳам овард.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар нахустрўзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифз ва таҳкими он бе сохтори низомӣ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, дар баробари ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин ташкили Артиши миллӣ ба як рукни муҳим ва ҳатмӣ табдил ёфт. Бо гузашти 34 сол имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва ҳимоятгари Истиқлолияти давлатӣ мақому ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардааст.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуда буданд, ки “Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф–ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд”.

Қобили қайд аст, ки то соли 1991 Тоҷикистон аз лиҳози мудофиавӣ комилан вобаста ба сохторҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Пас аз пошхӯрии он, кишвар дар ҳолате қарор гирифт, ки ҳеҷ гуна Артиши мустақил надошт.

Дар чунин шароит, таъсиси Артиши миллӣ амри тақдирсоз гардид. 23-юми феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ таъсис ёфт. Ин сана ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт шуд. Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи мустақилият, балки заминаи ташкили сипари миллии худ гардид.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Солҳои 1992-1997 душвортарин давраи таърихи навини давлатдории тоҷикон буданд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии низомӣ надоштанд, маҷбур буданд дар шароити бисёр мураккаб барои таъмини амнияти мардум ва ҳифзи сохтори давлатдорӣ мубориза баранд.

Дар ҳамон айём Артиши миллӣ ба як мактаби бузурги ватандӯстӣ табдил ёфт. Афсарон сарбозон бо вуҷуди набудани таҷҳизоти лозимаи ҳарбӣ ва мушкилоти иқтисодӣ бо иродаи қавӣ аз Ватан ҳимоят карданд. Ин таҷрибаи таърихӣ собит намуд, ки воқеан пойдории Истиқлолият бе Артиши миллӣ номумкин ва ҳастии Артиш низ бе Истиқлолияти давлатӣ ғайриимкон аст.

Мо хуб медонем, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии давлатдорӣ бидуни мавҷудияти Артиши миллӣ ғайриимкон буд. Родмардони шуҷои Артиши миллӣ тавонистанд, заминаи амниятиро барои гуфтушунидҳои сулҳ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фароҳам оваранд. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо вазифаи ҳимояи марзҳоро иҷро кард, балки ба барқарорсозии ҷомеаи ваҳдатофарин низ саҳми назаррас гузошт.

Бо гузашти се даҳсола, Артиши миллӣ аз як сохтори ҷавон ба як низоми пурқуввати мудофиавӣ табдил ёфт. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастагаии  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои сохторҳои замонавӣ, қисмҳои низомии махсус, техникаи муосири ҳарбӣ ва системаи мукаммали таълими кадрҳо мебошад.

Сиёсати давлат дар самти ислоҳоти низомӣ ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар бо роҳи мукаммалгардонии ҷузъу томи ҳарбӣ бо техникаву таљҳизоти муосири низомӣ, аслиҳаи мухталифи ҷангӣ, инчунин боло бурдани сатҳи касбият ва ватандӯстии сарбозон равона гардидааст. Артиш имрӯз танҳо як нерӯйи ҳарбӣ нест, балки мактаби бузурги тарбия ва худшиносии миллӣ барои садҳо ҳазор ҷавонон мебошад. Ҳар ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом медиҳад, бо эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулият нисбат ба Истиқлолият ва гиромидошти дастоварду музаффариятҳои беназири ин давраи таърихӣ тарбия меёбад.

Агар Истиқлолият ба даст намеомад, Артиши миллӣ низ шакл намегирифт. Соҳибихтиёрӣ барои Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки сиёсати мудофиавии мустақилро пеш барад, қонунҳои муҳимро қабул кунад ва бар асоси манфиатҳои миллӣ Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил намояд. Ҳар як қадами таҳкими Истиқлолият бо таҳкими иқтидори мудофиавӣ пайваст аст.

Маҳз Истиқлолият буд, ки ба Тоҷикистон ва Артиши миллии он имконият дод, бо кишварҳои гуногун ҳамкориҳои ҳарбӣ дошта бошад, таҷрибаи муосирро омӯзад ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифї гардад. Имрӯз низомиёни тоҷик дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалї, аз ҷумла СҲШ ва СААД, машқҳои муштарак анҷом медиҳанд, ки нишонаи болоравии эътибори байналмилалии Артиши миллӣ аст.

Соли равон мардуми Тоҷикистон бо ифтихор 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Ин сана рамзи саодати миллӣ, пойдории сулҳ ва ҳимояи арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Дар баробари дигар дастовардҳо, саҳми Артиши миллӣ низ дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва суботи сартосарӣ беназир аст.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди худогоҳу хештаншинос дарк мекунад, ки агар Истиқлолият пояи давлат бошад пас Артиши миллӣ сипари боэътимоди он аст. Таҷлили ин санаи муҳим моро водор месозад, ки бештар ба қадри сулҳу субот ва хизмати фарзандони шуҷои Ватан бирасем.

Истиқлолият ва Артиши миллӣ ду мафҳуми ҷудонашаванда мебошанд. Яке заминаи дигарро фароҳам меорад ва дигарӣ ҳимоятгари аввал аст.

Вақте ки Тоҷикистон роҳи устувори рушдро интихоб кардааст, муҳимтарин вазифаи насли ҷавони кишвар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Албатта, ҳифзу ҳимояи Истиқлолият аз иқтидори мудофиаии кишвар вобастагии амиқ дорад.

Пас ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки Артиши миллӣ ва истиқлолиятро ҳамчун ду арзиши муҳим қадр кунад ва дар роҳи таҳкими онҳо саҳмгузор бошад. Зеро ояндаи дурахшони давлат танҳо дар шароити сулҳу субот ва истиқлолияти пойдор таъмин мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли сокинони шарафманди кишвар, махсусан низомиёни Артиши миллиро, ки посдорандаи суботу оромиянд, бо 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям. Бигзор сулҳу субот, дӯстию рафоқат ва оромию осудагӣ ҳамеша дар кишвари мо пойдор бимонад.

 

Эмомалӣ СОБИРЗОДА,

вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковник

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Next Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ШУЪБАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БА ИСТИФОДА  ДОДАНИ БИНОИ ШУЪБАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ШУЪБАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook