Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАДАДГОРИ МУДОФИА»

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.09.2026
in Хабар
0
ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАДАДГОРИ МУДОФИА»
0
SHARES
73
VIEWS
Share on Facebook

Дар толори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди тарбиятгари наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба шумор меравад, ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии табрикии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толорро бо солгарди 35-уми ин дастоварди олӣ табрику таҳният намуд.

Дар рафти чорабинӣ таъкид шуд, ки бақои миллат, пойдории истиқлолияти давлатӣ, инчунин ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона ва ташаббусу иқдоми барҷастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Зеро истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

Посдории арзишҳои маънавӣ ва асолати миллӣ низ бо шарофати истиқлол имконпазир буда, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таъмини бақои бардавоми давлат низ аз баракати соҳибихтиёрӣ ва мустақилият ба даст меоянд.

Афсарон ва кормандони Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» дар роҳи амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ – тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон, тайёр намудани мутахассисон барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду инкишофи намудҳои ҳарбӣ-техникии варзиш фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузоранд.

Зимни чорабинии ҷашнӣ тазаккур дода шуд, ки фазои пурнишоти Ваҳдати миллӣ пояҳои истиқлолияти давлатии моро мустаҳкамтар сохта, неруи маънавӣ ва қобилияти зеҳнии аҳли ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ ба нафъи такон бахшидани суръати рушду инкишофи миллӣ дар марҳилаи сифатан нав сафарбар намуд.

Дар интиҳои чорабинии ҷашнӣ заҳмату талошҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони фаъоли муассиса аз ҷониби роҳбарияти он ба таври шоиста бо ифтихорномаҳо мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.

president.tj

 

Previous Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ИМКОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Next Post

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА НИЗОМИИ КИШВАР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА НИЗОМИИ КИШВАР

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА НИЗОМИИ КИШВАР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

06.09.2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.09.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook