Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИСТИҚБОЛИ НИЗОМИЁН АЗ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.06.2024
in Хабар
0
ИСТИҚБОЛИ НИЗОМИЁН АЗ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
113
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо даровардани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ба толор ва бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Зимни баргузории ҷамъомад роҳбарияти Вазорати мудофиа ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар назди ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста ба нақш ва моҳияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суханронӣ намуда, ҷанбаъ ва омилҳои гуногуни таҳкими Ваҳдати миллиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зимнан, таъкид карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ ҷашни миллии тоҷикон аст, ки ҳаргиз роҳи тӯлонии ба даст овардани он аз ёдҳову аз варақҳои таърих зудуда намешавад ва тоҷикон ҳамчун миллати дорои худшиносиву худогоҳии баланд барои ҳифзи ин санаи муборак ва дастовардҳои он ҳамеша бо азму иродаи қавӣ ва дилу нияти пок талош хоҳанд намуд.

Албатта, дар ин ҷода саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст, ки зина ба зина дар кишвар суботу оромӣ пойдор гардида, раванди бозсозии иқтисоди кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, ташаккули афкори созандаву худшиносии  миллӣ равнақу ривоҷи тоза касб намуда, пояҳои Ваҳдати миллӣ мустаҳкам гардид.

Ҳамзамон, дар идомаи ин ҷамъомад, Артиши миллӣ низ яке аз омилҳои таҳкимбахш ва поягузори Ваҳдати миллӣ дар кишвар арзёбӣ гардида, баҳри барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва фароҳам сохтани фазои орому осуда садҳо ҷавонмардони бонанги Ватан дар сангарҳо ҷон бохтанд ва  барои мо сулҳу ваҳдати сартосариро фароҳам сохтанд.

Дар воқеъ, аҳамияти муҳиму сарнавиштсози ин санаи таърихӣ мебошад, ки ҳамасола Рӯзи Ваҳдат ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Низомиёни мамлакат низ дар рӯзҳои таҷлил аз ин ҷашнвораи таърихӣ дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои низомӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатиро бо оростани дастархони идона доир менамоянд.

Боқӣ ШАРИФОВ

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook