Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИСТИҚБОЛИ НИЗОМИЁН АЗ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.09.2023
in Хабар
0
ИСТИҚБОЛИ НИЗОМИЁН АЗ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАН
0
SHARES
129
VIEWS
Share on Facebook

Имрӯз ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор  гардид.

Ҷамъомади бошукӯҳи ҷашнӣ тибқи қавоиди доимии низомиён бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар чорабинии мазкур Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати мудофиа дар назди ҳозирин баромад карда, изҳор доштанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат рушду нумӯъ ёфтааст.

Дар ҷамъомад инчунин вобаста ба марҳилаҳои тайнамудаи артиш қайд карда шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои Истиқлоли миллӣ, озмоишҳои сахту сангинро пушти сар карда, рисолати касбии худро иҷро карда тавонистанд ва таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ба як нерӯйи пурзӯру тавоно табдил ёфта, ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Бо итминони комил иброз гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо  омодабошии доимии ҷангӣ, қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти  шаҳрвандон адо намояд ва дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар қадамҳои устувор гузорад.

Дар ҷараёни баргузории чорабинии ҷашнӣ ва доираи ҳавасмангардонии низомиён аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа мукофотҳои давлатӣ  тақдим карда шуд.

Инчунин дар идомаи ҷамъомад бо фармоиши роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар низ чанде аз низомиёни ин мақомоти баландпояи қудратӣ, бо медалу Ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва маҷмӯан дар тамоми ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо шукӯҳи хоса идома доранд.

Фаридун  МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook