Имрӯз дар тамрингоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон дар доираи машқҳои махсуси «Монеа-2025» воҳиди муштараки ҳимоя ва дастгирии тиббии СААД ба манофеи нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СААД ҷиҳати аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ, машқҳои амалӣ анҷом доданд.

Ҳайати шахсии иштирокчиёи машқҳо оид ба безараргардонии гурезаҳое, ки ба лагер меоянд, бо истифода аз воситаҳои нақлиёт ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ амалҳои гуногуро иҷро карданд.

Ҳадафи асосии машқҳои махсуси «Монеа-2025» иҷрои супоришҳои муштарак аз ҷониби мутахассисони нерӯҳои иштирокчӣ ва ёрии тиббии мақомоти салоҳиятдор, инчунин ташкили ҳамкории мутақобила бо ниҳодҳои миллии ваколатдор оид ба вокуниш ба доираи фарогирӣ ва пешгирии бемориҳои хатарноки сироятӣ мебошад.

Ба ҳайати муштарак мутахассисони қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия шомил мебошанд. Бори аввал дар машқҳои СААД мошини разведкаи кимиёвии РГМ-8, ки дар заминаи зиреҳпӯши «Тигр» асос ёфтааст, истифода шуд, ки бо навтарин дастгоҳҳои разведкаи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 24 октябр дар тамрингоҳи Фахробод марҳилаи фаъоли машқҳои муштарак бо қувваҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои узви СААД таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2025” ҷараён дорад.

Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





