Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.01.2023
in Хабар
0
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
600
VIEWS
Share on Facebook

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро мактаби ҷавонмардӣ арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии мамлакат маҳсуб меёбад. Ин ва дигар масъалаҳои баррасигардида дар Пайёми имсоларо масъулини роҳбарикунандаи самти корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ, зимни баргузории ҷамъомади методӣ-таълимии афсарони соҳаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии ҷузъу томи Вазорати мудофиа дар “Кохи афсарон”-и ин ниҳоди қудратии мамлакат мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар идомаи ҷамъомад иштирокчиён бо пешниҳоди маърӯзаҳо дар мавзӯи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ғуруру ифтихори миллӣ, тартиботу волоияти қонун дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва татбиқи бомароми сиёсати давлатии ҷавонон баромад намуда, ҳамзамон бо дарназардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон масоили марбут ба ин самтро низ муҳокима намудаанд.

Бояд гуфт, ки афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои пурмасъулро бар зимма доранд. Зеро, корҳои тарбиявӣ воситаи таъсиррасонии равонӣ ба шуур ва рафтори шахс мебошад. Дар раванди тазодҳои сиёсӣ ва бӯҳронҳои маънавӣ масъалаи мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқӣ, интизоми ҳарбӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии ҳайати шахсӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи афсарони  ин самти фаъолият гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар доираи баргузории ҷамъомади навбатӣ, афсарони соҳаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни он, аз “Маҷмааи 30 солагии Истиқлоли давлатӣ”, ки ҳамчун беназиртарин дастовард дар самти муаррифии давлати ҷавони Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни миллӣ маҳсуб меёбад, дидан намуданд.

Ҳамзамон, афсарон дар ин рӯз мавзеи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Ҳисор”-ро, ки яке аз ёдгориҳои арзишманди фарҳангии кишвар мебошад, тамошо намуданд. Албата, ин имконе буд барои афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, ки бо ин мавзеъ аз наздик шинос шуда, доир ба ин қалъаи таърихӣ маълумоти зарурӣ гиранд.

Ҳайати иштирокчиёни ҷамъомад дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиа, ки он низ чун дигар қисму воҳидҳои низомӣ дорои шароити хуби хизмату истироҳат ва аз худ намудани малакаю маҳорати касбӣ мебошад, дидан намуда, аз рафти хизмати ҳарбии ҳайати шахсии ин қисми низомӣ шинос гардиданд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ масъулини роҳбарикунандаи ин самти фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ, вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки масъалаи таълиму тарбияи ҳаматарафаи ҳайати шахсӣ, такмили маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҳар як хизматчии низомӣ дар шароити феълӣ аз ҳар як афсар, ки пешбурди таълиму тарбияро миёни ҳайати шахсӣ ба зимма дорад, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ тарбия намудани донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва сарбозонро тақозо мекунад.

Боқӣ ШАРИФОВ

Previous Post

ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Next Post

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook