Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИМРӮЗ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.07.2022
in Хабар
0
ИМРӮЗ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД
0
SHARES
438
VIEWS
Share on Facebook

Аз якуми июли соли 2022 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми омузишӣ оғоз ёфт. Ба ин муносибат имрӯз дар Вазорати мудофиаи мамлакат, раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дар тамоми ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳурӣ ҷамъомаду машғулиятҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Ба ҷамъомаду машғулиятҳои даври дуюми омӯзишӣ муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо, сардорон ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳо ва хадамотҳои алоҳидаи Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомӣ, афсарону сарбозон ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбии ҳама сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб карда мешаванд.

Аз ҷумла, имрӯз дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун ба мисли дигар сохторҳои зертобеи он ҷамъомади тантанавӣ бо садои Суруди миллӣ, баромади ҳайатҳои роҳбарӣ ва ба саҳми ҳозирин расонидани нақша-чорабиниҳо ва талаботи фармоиши вазири мудофиа вобаста ба ташкилу баргузории даври дуюми омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифт.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни баромади худ, доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз даври якуми омӯзишӣ ва оид ба ҳадафу моҳияти мавзӯъҳои ба машғулиятҳои даври дуюм пешбинигардида, изҳори назар кард ва аз хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо муносибати ҷиддиро дар самти омӯзишу аз бар намудани таълимоти ин давр талаб намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки вазъи ноустувору зудтағийрёбандаи ҷаҳони муосир, имрӯз аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ тақозо мекунад. Зеро тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад.

Сипас, аз ҷониби масъулини раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ фармоиши вазири мудофиа дар бораи ташкили тайёрии ҷангӣ, тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022 расонида шуд.

Чунин чорабиниҳои тантанавӣ ҳамзамон якуми июл дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои низомӣ ва ҷузъу томи тобеи навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бо ташкили ҷамъомаду машғулиятҳои дарсӣ, намоиши нуқтаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ки барои нимсолаи дуюми омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Барои маълумот хотирасон мекунем, ки ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки яке аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва дуюмин бошад, аз якуми июл шурӯъ гардида, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр ҷамбасту натиҷагирӣ карда мешавад. Рафти машғулиятҳои назариявӣ ва ҳам амалии ду давраи омӯзишӣ, таҳти назорати роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, зимни ҷамъбаст натиҷаи он таҳлилу баррасӣ ва сатҳи иҷрои талаботи таълимоти давраҳои таҳсил баҳогузорӣ мешаванд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

САЙҚАЛИ МАҲОРАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Next Post

БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ

БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook