Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ МУҒУЛИСТОН УХНААГИЙН ХУРЭЛСУХ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.07.2026
in Хабар
0
ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА ОИД БА ҲАМКОРӢ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН
0
SHARES
16
VIEWS
Share on Facebook

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехоҳам ба Президенти муҳтарам, ҷаноби УХНААГИЙН ХУРЭЛСУХ, Ҳукумат ва мардуми Муғулистон барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозӣ бори дигар сипоси хешро иброз намоям.

Мо ба рушду таҳкими пайвастаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Муғулистони дӯст дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб аҳаммияти хос медиҳем.

Мулоқоту музокироти имрӯзаамонро идомаи мантиқии муколамаи байнидавлатӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мекунем.

Тамосҳои мунтазами сатҳи олӣ ва баландро омили муҳими ташаккули шароити муносиб барои боз ҳам васеъ гардонидани рӯзномаи муносибатҳои  дуҷонибаи кишварҳоямон медонем.

Дар ин қарина аз такмили заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар бо бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди назари тарафҳо истиқбол менамоем.

Дар фарҷоми музокирот як қатор санадҳои нав  ба имзо расиданд, ки пояҳои қарордодиву шартномавии ҳамкориҳои моро тақвият мебахшанд.

Дар рафти музокирот, инчунин, баррасии роҳу воситаҳои нави тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази диққати мо қарор доштанд.

Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, аз ҷумла бахши чорводорӣ ва чанде аз бахшҳои дигари воқеии иқтисод ба ҳайси самтҳои ояндадор муқаррар карда шуданд.

Вобаста ба ин, мо имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин ва дигар соҳаҳои иқтисод ба баррасӣ гирифтем.

Ҳамзамон бо ин, зарурати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи сохтори мубодилаи мол таъкид гардид.

Мо   баргузории Ҳамоиши дуюми доираҳои соҳибкории ду кишварро дар ҳошияи сафари давлатии инҷониб иқдоми муҳим дар ин ҷода мешуморем.

Бар он назарем, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш ва ҷаласаи аввали Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба фаъол шудани тиҷорати дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии хешро барои роҳандозии тадбирҳои мушаххас дар ҳама самтҳои зикргардида иброз намуд.

Мо рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими заминаҳои дӯстии байни мардумони Тоҷикистон ва Муғулистон арзёбӣ намудем.

Вобаста ба ин, ҳавасмандии худро ба тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, саёҳӣ, варзиш ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ изҳор кардем.

Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон истиқбол намудем.

Мо ҷонибдори баргузории мунтазами чунин табодулҳои фарҳангиву гуманитарӣ ҳастем.

Дар ҷараёни музокирот оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мо алоқамандии худро ба идомаи шарикии  созандаи ду кишвар бо мақсади пайдо намудани роҳҳои воқеии ҳаллу фасли мушкилоти минтақавию байналмилалии мавҷуда изҳор кардем.

Масъалаҳои таъмини сулҳу субот, амният ва рушди устувор аз ҷумлаи он мавзӯъҳое буданд, ки ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ҳамеша ҷонибдори сулҳу суботи пойдор, ризоият ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо мебошад.

Чанде пеш бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қатъномаи дахлдор қабул кард.

Вобаста ба ин, ба кишвари дӯсти Муғулистон, ки дар баробари дигар шарикони байналмилалии мо аз ташаббуси нави Тоҷикистон дастгирӣ кард, сипоси худро иброз менамоям.

Масъалаҳои захираҳои об ва иқлим, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба пайомадҳои он, ҳамчунин, дар маркази диққати мо қарор доштанд.

Тоҷикистон аз баргузории иҷлоси 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ (COP-17), ки моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Улан-Батор баргузор мегардад, истиқбол менамояд.

Мо чорабинии мазкурро ҳамчун иқдоми муҳим  дар роҳи таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мекунем.

Талошҳои пайвастаи Муғулистонро дар ин соҳа қадр мекунем.

Дар ин ҷода омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо бо кишвари дӯст дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи  ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим иброз медорем.

Мо аз музокироти имрӯза, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ доир гардиданд, қаноатмандем.

Бовар дорем, ки натиҷаҳои ин музокирот ба таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷом ба Муғулистони дӯст пешрафту шукуфоии бардавом, ба мардуми он сулҳу субот ва саодатмандии рӯзафзун орзу менамоям.

Ташаккур.

president.tj

Previous Post

ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА ОИД БА ҲАМКОРӢ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН

Next Post

МУЛОҚОТ БО САРВАЗИРИ МУҒУЛИСТОН НЯМ-ОСОРИН УЧРАЛ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО САРВАЗИРИ МУҒУЛИСТОН НЯМ-ОСОРИН УЧРАЛ

МУЛОҚОТ БО САРВАЗИРИ МУҒУЛИСТОН НЯМ-ОСОРИН УЧРАЛ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

08.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

06.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

06.08.2026
АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

01.08.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook