Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО САРВАЗИРИ ГУРҶИСТОН КОБАХИДЗЕ ИРАКЛИЙ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.06.2026
in Хабар
0
ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО САРВАЗИРИ ГУРҶИСТОН КОБАХИДЗЕ ИРАКЛИЙ
0
SHARES
14
VIEWS
Share on Facebook

Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма,

Нахуст, ташрифи Сарвазири муҳтарам, ҷаноби Кобахидзе ва ҳайати баландпояи Гурҷистонро ба Тоҷикистон бори дигар хайрамақдам мегуям.

Мо мулоқоту музокироти имрӯзаро имконияти мусоид барои баррасии    муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни ду кишвар медонем.

Бовар дорам, ки татбиқи ҳамаҷонибаи мувофиқаҳои дар ин зимн бадастомада ба ғанӣ гардонидани онҳо бо паҳлуҳои нави ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Мо имрӯз ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намудем.

Ҳамзамон бо ин, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом додем.

Дар доираи сафари расмии муҳтарам ҷаноби Сарвазир бастаи санадҳои пурмуҳтавои дуҷониба ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро таҳким мебахшад.

Ин санадҳо соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тағйирёбии иқлим ва дигар дар самтҳои мавриди манфиати ҷонибҳоро фаро мегиранд.

Зимни суҳбат мо аҳаммияти фаъол кардани муколамаи сиёсӣ ва дигар тамосҳои кориро дар сатҳҳои гуногун таъкид кардем.

Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши дипломатияи парлумониро  дар муносибатҳои ду кишвар ба мақсад мувофиқ донистем.

Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.

Мо манфиатдории худро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххаси амалӣ ғанӣ гардонидани ҷанбаи иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба изҳор доштем.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки барои пешбурди самарабахши ин раванд, бо дарназардошти афзалиятҳои рақобатпазири иқтисоди ду кишвар, имконот ва зарфиятҳои зарурӣ мавҷуданд.

Дар ин замина амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ташкили занҷираҳои истеҳсолӣ ва рушди тиҷорати электронӣ ҳамчун самтҳои қобили дурнамои хуб арзёбӣ гардиданд.

Мавриди таъкид аст, Тоҷикистон, инчунин, алоқаманди тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди «сабз», саноат ва навгониҳои технологӣ бо шумули зеҳни сунъӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мо ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб тавассути андешидани чораҳои амалӣ изҳори омодагӣ кардем.

Соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маҳсулот, дорусозӣ ва агросаноатӣ аз ҷумлаи чунин самтҳо дониста шуданд.

Аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои транзитиву нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва тандурустӣ ҷонибдорӣ намудем.

Имрӯз байни ду кишвар Созишнома дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.

Мо бар ин боварем, ки фаъолияти Комиссияи мазкур дар татбиқи тадбирҳои амалӣ ба мақсади рушди ҷанбаҳои зикргардида ва дигар самтҳои робитаҳои ду кишвар мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд.

Мо ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ҳамчун унсури муҳими тақвияти анъанаҳои дӯстиву ҳусни тафоҳум миёни мардумони кишварҳоямон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем.

Вобаста ба ин, фаъол кардани робитаҳоро дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш мавриди истиқбол қарор додем.

Қобили таъкид аст, ки дар доираи сафари муҳтарам ҷаноби Сарвазир маросими ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи адабиёти классикии Гурҷистон Шота Руставелӣ дар кӯчаи бо номи ӯ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Мо ин рӯйдоди фарҳангиро иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни ду кишвар медонем.

Дар рафти музокирот мо аз муколама ва робитаҳои созандаи кишварҳоямон дар доираи ниҳодҳои бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ намудем.

Дар ин замина идомаи таҷрибаи хуби ду кишварро дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ҷавобгӯи манфиатҳои  ду кишвар донистем.

Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Гурҷистон оид ба масъалаҳои рӯзмарраи  байналмилалӣ, аз ҷумла дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба об ва иқлим изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Мо ба зарурати саъю талошҳои муштарак ҷиҳати коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист таъкид кардем.

Дар заминаи баррасии мавзӯи амниятӣ масоили муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои муосир дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт.

Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки мувофиқаҳои дар рафти мулоқотҳои имрӯз бадастомада, бо таъкид ба рушди босамари онҳо, дурнамои муносибатҳои кишварҳои моро дар маҷмӯъ мушаххас месозанд.

Тоҷикистон натиҷаҳои музокироти анҷомёфтаро, ки дар фазои созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, омили таконбахши муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо медонад.

Итминон дорам, ки иқдомҳои имрӯз матраҳгардида асоси стратегияи рушди минбаъдаи робитаҳои ду кишварро ташкил хоҳанд дод.

Ба Шумо барои даъват ҷиҳати боздид аз сарзамини Гурҷистон изҳори сипос менамоям ва дар фурсати муносиб ҳатман аз он истифода хоҳам кард.

president.tj

Previous Post

ҶАЛАСАИ КУМИТАИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Next Post

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУЛОҚОТ  БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

14.07.2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.07.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

10.07.2026
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

09.07.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook