23 июл вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- полковник Собирзода Эмомалӣ аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Исфара дидан намуд.

Боздиди вазир аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа оғоз гардида, сипас дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ идома ёфт.

Роҳбарияти вазорат аз шароити хобгоҳу ошхонаҳои сарбозон, ҷараёни таъминоти ақибгоҳӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, иншоотҳои ёрирасон ва техникаҳои низомӣ шиносоӣ пайдо намуда, бо ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ сӯҳбати самимӣ доир намуд.

Ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, омодабошии баланди ҷангӣ ва хизмати содиқона ба Ватан аз мавзӯъҳои муҳиме буданд, ки дар ҳар як сӯҳбат бо сарбозон аз онҳо махсус ёдоварӣ карда шуд.






