Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ПАЙОМАДИ МАНФИИ ОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
05.12.2024
in Мақола
0
ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ПАЙОМАДИ МАНФИИ ОН
0
SHARES
35
VIEWS
Share on Facebook

Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароидошта мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаассифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарон гардидаанд. Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ, инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд.

Маълум аст, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар як кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамгун ва ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад.

Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии баъзе ҷавонон коста гаридааст. Онҳо дар бисёр маврид миёни оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин раванди номатлуб ҳастанд. Роҷеъ ба масъалаҳои хурофотпарастӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳои хеш ибрози ақида карда, онро сабаби аслии костагии маърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва вабои аср арзёбӣ намудаанд.

Албатта, ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Ҷой доштани чунин падидаи ногувор аз сатҳи пасти маърифати динию мазҳабии ҷавонони кишварамон ва аз суст ба роҳ мондани мубориза алайҳи ифротгароӣ шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки дини мубини ислом сулҳу субот ва оромиро ташвиқ намуда, рӯ овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад. Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Хулоса, масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад. Аз ин рӯ, он таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ намоянд.

М. МИРЗОҶОНОВА,

устоди ДДҲБСТ

 

Previous Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

МИЗИ МУДАВВАР: ТАЪМИНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МИЗИ МУДАВВАР: ТАЪМИНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МИЗИ МУДАВВАР: ТАЪМИНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook