Бо ташаббуси Шӯрои занони Вазорати мудофиа ва дар асоси Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Миллали Мутатҳид доир ба «Пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, аз он ҷумла, зӯроварии шаҳвонӣ» ва «Баланд бардоштани нақши занон дар пешгирии терроризм ва экстремизм» дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиа Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба шомилшавии занон ба гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ:проблема ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид.
Дар конфронс, Ҳаёт Сафарзода-корманди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Нигорахон Ғаффорзода-муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ-муовини раиси шаҳри Душанбе, номзади илми таърих, Азизулло Мирзозода-муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Муллоев, ходими илмии Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситора Асоева, афсари калони қисми ҳарбии 01003-и Вазорати мудофиа дар мавзӯоти «Сабаб ва омилҳои шомилшавии занону кӯдакон ба гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва роҳҳои пешгирии он», «Занон-кафили сулҳу суботи ҷомеа ва муқобили терроризму экстремизм», «Либоси миллӣ-муаррифгари фарҳанги миллӣ», «Нақши шабакаҳои интернетӣ дар шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ», «Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа», «Василаҳои такмили пешгирӣ ва муқовимат ба ҷалби занону духтарон ба гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ», «Занон ва сабабҳои шомилшавии онҳо ба ташкилотҳои ифротгароию террористӣ, роҳҳои пешгирӣ ва тарбияи ватандӯстии занон» ва «Пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни занони Қувваҳои Мсаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт.
ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО
Пешвои миллат, борҳо дар суханрониҳояшон бо намояндагони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, амсоли Амрикову Аврупо ва дигар кишварҳои тараққикарда доир ба масъалаи терроризму экстемизм ва хатарҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ сухан намуда, баён доштанд, ки масъалаи терроризму экстремизм мушкилоти Тоҷикистон ва ё Осиёи Марказӣ набуда, балки он мушкилоти ҷаҳонист.
Пас аз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2001 Амрико пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди муқовимат бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддирро дастгирӣ намуда, ин пешниҳоди Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Мусаллам аст, ки дар масъалаи пешгирии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки доир ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ садо баланд кард. Дар воқеъ, тайи чанд соли охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар манзили зисташонро тарк намудаанд. Аммо, суоли посухталаб ин аст, ки кадом омилҳо занону бонувонро водор месозад, то ба ташкилоту созмонҳои террористӣ пайванданд?
НАЗАРИ МУТАХАССИСОН
Мутахассисони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабу омилҳои ба гурӯҳҳои террористиву эстремистӣ пайвастани занону духтаронро аз паст будани маърифати динии онҳо ва надоштани шароити иқтисодӣ медонанд. Ба гуфта онҳо, занҳои соҳибмаърифату донишманд баробари дучор шудани мушкилӣ барои пурсидани маслиҳат ба Кумитаи занон муроҷиат намуда, ба суолҳои беҷавоби хеш ҷавобҳои қонеъкунанда мегиранд.
Ҳамзамон, ҳуқуқшиносон ба созмону ҳаракатҳои динӣ пайвастани занону духтаронро аз надонистани ҳуқуқу манофеи сиёсӣ ва зудбоварии онҳо медонанд. Зеро, дар ҷомеаи суннатии мо, занон баъзан вақт ба таври иҷборӣ ба ин роҳ мераванд ва аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ карда наметавонад.
Гурӯҳи дигар, тақлиди кӯр-кӯронаи занонро ба фарҳанги бегона медонад. Бар ҳақ фармудаанд:
Парвозӣ ба боли дигарон
натавон кард,
Зебо ба ҷамоли дигарон
натвон шуд.
Суоли дигар ин аст, оё дар кишваре, ки ба сар мебарем, баробарии гендерӣ ба назар мерасад?
СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ
Албатта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи номувозинатии гендерӣ барои гирифтани маълумот аз ҷониби духтарону занон соли 1997 низоми квотаи президентӣ барои қабул кардани духтарони ноҳияҳои дурдастро пешбинӣ намуд. Давоми солҳои 1997-2005 беш аз 3900 нафар духтарон тариқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиеро муайян кардааст, ки ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробарии мардон ва занонро дар тамоми соҳа таъмин менамояд.
ЗАНОНУ КӮДАКОНИ ТОҶИК-ДАР ДОМИ ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ
Мутаассифона, пас аз соли 2013, созмоне ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ арзи ҳастӣ намуда, барои шомил шудани мардуми сайёра тариқи сомонаҳои интернетӣ даъват намуд. Аз Тоҷикистон низ даҳҳо нафар аз ҷавонон, ҳатто занҳову кӯдакон шомили ин созмони террористӣ шуданд. Боиси таасуф аст,ки пас аз ба ҳалокат расидани волидайни кӯдакон дар набардҳои мусаллаҳона ва ё зиндонӣ шудани онҳо, кӯдакони тоҷик дар Сурияву Ироқ бе сарпаноҳ монданд. Бо дастгирии ҳукумати мамлакат кӯдакон ба Ватан баргардонида шуда, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва имрӯз таҳти назорату ғамхориҳои давлат қарор доранд.
ЗАНОН-ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ-ТАРҒИБГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Хушбахтона, пас аз ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ, таваҷҷӯҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон бештар гардид. Маҳз ҳама он дастгириҳо буд, ки имрӯз занон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳимояи марзу буми кишвар камари ҳиммат бастаанд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз занон-хизматчиёни ҳарбӣ тарғибгари фарҳанги миллӣ буда, аз бегонапарастиву хурофотпарастӣ дурӣ меҷӯянд ва барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Азимҷон БАДАЛОВ,
капитан