Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.10.2024
in Мақола
0
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ
0
SHARES
263
VIEWS
Share on Facebook

Инсоният наметавонад, бе донистани забон, ки он яке аз дастовардҳои муҳими тамаддуни ҳар як халқу миллат ба шумор меравад, арзи вуҷуд дошта бошад. Забон инъикосгари таърих, оини давлатдорӣ ва сарнавишти инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳеҷ кас ба ин шак надорад, ки забон яке аз ҷузъҳои муҳими фарҳангу маданияти ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки забонро ҳамчун як рукни давлатдорӣ ном мебаранд ва эҳтиром мегузоранд. Нақши забон дар ташаккули миллат назаррас буда, ҳеҷ самти ҷомеа дар канор аз забон пеш намеравад. Маҳз забон аст, ки мо тавассути он дониш меомӯзем, маълумот мегирем, фикри худро баён мекунем ва миёни ҷомеа муошират барқарор мекунем. Забон аст, ки ба василаи он аз фарҳангу маданият ва таърихи инсоният бохабар мешавем. Аз қадим инсоният ба забон таваҷҷуҳ дошт, зеро он дар ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, чӣ дар сиёсат, чӣ дар иҷтимоиёт, чӣ дар соҳаи иқтисодиёт, чӣ дар соҳаи тиб, умуман, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки ба омӯзиш сару кор доранд, ҳамчун олоти муошират ба кор бурда мешавад. Ҳар як забоне, ки дар истеъмол аст, аз ҳастии миллате дарак медиҳад.

Забони тоҷикӣ, ки забони расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ мебошад. Бо ин забони шевою гуворо на танҳо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тоҷикони муқими дигар давлатҳо низ муошират мекунанд.

Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангӣ кулли сокинони Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, зеро василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик-Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ расида, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ-миллати тоҷик ва сокинони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар ҷаҳони муосир гардидааст.

Забони тоҷикӣ-ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории тоҷикон мебошад. Барои ниёгони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд, чунки дар ҳама давру замон забон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Яке аз моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон бахшида шудааст ва ин гувоҳи дар меҳвари сиёсати давлатии Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон қарор доштани ин арзиши волои милливу давлатӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”.

Дар шароити пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ масъул аст, ки дар гиромидошти забони модарии хеш ва таҳкиму густариши забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Татбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забони давлатӣ дар ҳаёт ва фаъолияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик тавонистааст, ки забонро ҳамчун ёдгории бемисли хеш дар радифи дигар ёдгориҳои маънавӣ ҳифз намояд ва онро ба шакли равону шево то имрӯз рушд диҳад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад, ки ин аз қудрату тавоноии он дарак медиҳад.

Рӯзгори файзбори замони Истиқлол, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Аз ин ҷиҳат, волотарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо, ин рукни меҳварии давлатсозу миллатофар мебошад.

О. ИСРОИЛ,

устоди  ДМТ

Previous Post

ДАР ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ОҒОЗ ЁФТ

Next Post

ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР, МО НАКУНЕМ, КИ МЕКУНАД?

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР, МО НАКУНЕМ, КИ МЕКУНАД?

ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР, МО НАКУНЕМ, КИ МЕКУНАД?

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook