Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – НЕРӮЙИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
31.08.2023
in Хабар
0
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – НЕРӮЙИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МИЛЛӢ
0
SHARES
50
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Забони тоҷикӣ аз забонҳои қадимии аҳли башар ба ҳисоб рафта, тавассути он ҳазорон асарҳои ҷаҳоншумул ба миён омадааст. Ин забон аз ҳастии миллате гувоҳӣ медиҳад, ки дар таърихи аҳли башар бо илму адаби худ дар пешрафти ҳаёти маънавӣ ҳиссагузор аст. Ҳар як фарди тоҷик хушбахт аз он аст, ки забони тоҷикии мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаву сарватҳои бебаҳоест. Забони модарии мо гузаштаҳои пур шебу фароз дорад ва бо умри чандҳазорсолаи худ тавонистааст, ки халқи тоҷикро дар ҳама ҳолатҳо муаррифгару ҳимоятгар бошад. Дар ин таърихи пурпечутобу мураккаб бо таъсиру фишори дигар забонҳо гоҳо унсурҳои ғайру бегонаро низ ба худ гирифтааст. Сарзамини Осиёи Миёна борҳо аз ҷониби ғосибони гуногун-мақдуниҳову арабҳо, муғулҳову туркҳо, англисҳову русҳо забт гардида, забонҳои бегона дар ин сарзамин ҳукмрон ҳам гардидаанд. Дар навбати аввал ҳирсу майли онҳо ҳамеша ба фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик иртибот гирифтааст ва онро аз худ кардан ҳам хостаанд.

Дар ҳақиқат тоҷик “Оҷ гум карду забонро гум накард”. Аз ӯ курсиву ҷойгоҳро гирифтанд ва аз ҳасодату душманӣ онро моли худ гуфтаанд. Дар ҳақикат “Тоҷ гум карду забонро гум накард”. Тоҷи каёниро аз ӯ рабудан хостанд, аммо бехабар аз он ки ин тоҷ дар хонаи қалбҳо боқӣ мемонад. Бехабар аз он ки тоҷи тоҷик забону фарҳанги ӯст. Аз тоҷик тахту рахтро гирифтанд ва хостанд, ки ба ҳастии ин миллат нуқта гузоранд. Аммо дар қуллаҳои баланд ин забон боқӣ монд ва тавонист собит намояд, ки тоҷик соҳиби тахту рахт аст. Дар солҳои ҳукумронияшон забони худашонро бо забони мо омехта ҳам карда тавонистанд. Онҳо наметавонистанд, ки забони моро пурра нест созанд ва роҳи ягонаи муборизаро дар ҳамин омил медиданд. Қатъи назар аз ҳама ногувориҳо ин забон мавҷудияту бақои худро нигоҳ дошта тавонист. Зеро, ин забон бо нафосату накҳати худ асолат дошт ва он дар давоми ҳазорсолаҳо ба сифати забони илму адаб боқӣ мондааст.

Забони тоҷикӣ дар ҳақиқат ширину гуворо мебошад ва ҳар як оддитарин калимаи он ба худ руҳу ҷони хоса дорад. Бо ин забон ганҷинаҳои бебаҳои мо дар намунаи осори олимону шоирону нависандагони бузурги форсу тоҷик ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайëм, Сино, Ҷомӣ, Ҳофиз, Айнӣ, Турсунзода, Улуғзода ва садҳо фарзонафарзанди дигар ҳар лаҳза ҷилваи тозатар пайдо менамоянд.  Онҳо бо забони ширину шевои тоҷикӣ шеър гуфтаанд, шоҳасарҳо эҷод намудаанд ва барои камолу бақои забони модарии худ бо ин васила саҳм гузоштаанд. Асарҳои оламшумули онҳо бо забонҳои дигар халқҳо тарҷума гардида, тоҷиконро чун як миллати куҳанбунёд нишон додаанд. Фарҳанги баланди халқи тоҷикро забони тоҷикӣ бо каломи фарзонафарзандони боистеъдодаш хеле ошкору амиқ нишон додаанд.

Тавре ишора гардид, забони тоҷикии мо дар масири таърих азиятҳову хориҳо дидааст. Баъд аз давлати бунёднамудаи Исмоили Сомонӣ дар давоми зиёда аз ҳазор сол  мо натавониста будем, ки мақоми забони худро боло нигоҳ дорем. Ин имкон баъд аз ҳазор сол фаро расид ва нахуст аз 22-юми июли соли 1989 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ-забони тоҷикӣ эълон гардид. Ин аввалин қадам дар роҳи худшиносии миллӣ дар замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ҳанӯз мукаммал набуд. Баъдан 5-уми октябри соли 2009 таҳти рақами 553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бори дигар қабул карда шуд, ки ин файзу баракати даврони истиқлолияти кишвари мо мебошад. Забони тоҷикӣ минбари бошукӯҳи худро соҳиб гардид. Акнун мувофиқи ин қарор ҳуҷҷатгузориву коргузории тамоми корхонаю муассисаҳо, мактаб ва ҳамаи соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат гирифтанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони модарии мо нерӯву тавони нав бахшиданд. Зимни як суханронияшон Пешвои муаззами миллат дар рӯзи бузургдошти забон чунин қайд намуда буданд: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то он даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».

Саодату хушнудии ҳар яки мост, ки дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин ҳам як ҷузъи муҳиме дар муттаҳидиву ягонагии халқи мо дар ақсои олам ба шумор меравад. Имрӯз дар дунë зиëда аз 50 миллион нафар бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва Тоҷикистон барои онҳо такягоҳу меҳвари умеду орзуҳо мебошад. Дар тамоми гӯшаву канори дунё махсусан, дар ҳамсоякишварҳои мо тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки нерӯйи муттаҳидкунандаи ҳамаи онҳо маҳз забони тоҷикӣ мебошад. Адабиёту фарҳанги пурғановати мо дар доираи забони тоҷикӣ барои ҳамаи онҳо василаи баёни меҳру муҳаббат аст. Онҳо ҳеҷ гоҳ забони модарии худро канор намегузоранд ва бо ин забон ифтихори миллӣ доранд. Зеро ин забон забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз ва садҳо орифону нобиғаҳои дигаре мебошад, ки барои аҳли башар каломи пурҳикмат гуфтаанд.

Дар радифи дигар муқаддасот забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик буда, рушду бақои он рушду бақои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Ҷаҳон имрӯз равандҳои мураккаб дорад ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани он вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷику тоҷикзабон аст. Бошад, ки ин забон сипари тавонои ҳифзи манфиатҳои миллии мо гардад ва бошад, ки мо дар ин роҳ сипари ин забони муқаддас гардем.

 Муҳибулло ҲОШИМЗОДА

Previous Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj