Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.06.2024
in Мақола
0
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
142
VIEWS
Share on Facebook

Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳои фарохро муҳайё сохт, ки нерӯйи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст. Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд. Аммо ин неъмати бузург ба халқи тоҷик бо роҳи саҳлу осон ба даст наомад. Садҳо нафар ҷон аз даст доданд, то ин ки мамониятҳои сангинро аз байн бардошта, мушкилоти гаронро паси сар кунанд.

Дар он давра талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳама самт равона карда шуд, то давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад. Хушбахтона, бо мардонагию матонати Пешвои миллат ба мақсади бузургу нотакрор ноил гаштем.

Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони нобасомониҳо хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва тақсим шудани сарзамини муқаддасу биҳиштосо пеш омад. Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллии фарзандони асили кишвар водор сохт, ки бо душманон бо роҳҳои музокироту гуфтушунид ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои баамаломада созиш намуда, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ, ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро интихоб намоянд.

Вобаста ба ин рӯзи фирӯзу таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон 27-уми июни соли 2005 ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид карданд: «Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем. Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро сари вақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд».

Бояд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ тавонистем, дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нуфузу эътибори забони давлатиро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем. Зеро забони тоҷикӣ яке аз олитарин муқаддасоти миллӣ ва нишонаи соҳибистиқлолии давлати тоҷикон мебошад.

Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат буда, ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он оғоз меёбад. Қобили зикр аст, ки агар ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини баҳамоии миллат бошад, пас забони тоҷикӣ шиносномаест, ки давлату миллатро ба воситаи он муаррифӣ менамоянд. Ин дастовардҳои бузург ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, давлату миллатро бе онҳо тасаввур кардан мумкин нест. То ҳол давлатҳое вуҷуд доранд, ки на мустақиланду на соҳиби забонанду на соҳиби ваҳдати миллӣ. Агар давлате, ки ин неъматҳоро надошта бошад, он вуҷуд надорад. Гуфтан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи давлатдорӣ буда, онро азизу гиромӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштан вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибдил ва бонангу номус мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки самтҳои гуногуни ҷомеаро бе забони тоҷикӣ наметавон тасаввур кард. Ин муқаддасоти олӣ дар ҳама соҳа рагу пайванд васеъ намуда, мавқеи умумимиллию давлатиро барои рушду камолоти минбаъда устувор намуд.

Хушбахтона, Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, барои густаришу инкишофи мақоми забони тоҷикӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд. Воқеан, забон аслан, ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист, аз ин рӯ, ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир андешида, фаъолиятро дар ин самт боз ҳам вусъат мебахшад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки ҳар як шахси ватандору соҳибзабон миллату забонро пуштибонӣ намояд ва ба он ҳамчун гавҳараки чашм муносибат кунад: «Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст. Фаромӯш накунем, ки забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст.», — таъкид доштанд Сарвари давлат.

 

Шаҳноза БУРИЕВА,
корманди Кумитаи забон ва истило
ҳоти

 назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Next Post

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook