ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонписарони аз 18 то 21-соларо барои таҳсил ба Донишкадаи ҳарбӣ даъват менамояд. Хоҳишмандон метавонанд, ҳуҷҷатҳои хешро тавассути комиссариати ҳарбии маҳалли зист барои дохил шудан ба Донишкадаи ҳарбӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ пешниҳод намоянд. Баъди гузаштан аз ташхису муоинаи тиббӣ ва солим баромадан, довталаб аз фанҳои матиматика, забонҳои тоҷикиву рӯсӣ, ба таври хаттӣ, аз фанни физика, тариқи шифоҳӣ ва аз тарбияи ҷисмонӣ, тибқи меъёрҳои муқарраргардида, имтиҳон супорида, сазовори номи донишҷӯ мегарданд.
Донишкадаи ҳарбӣ аз 3 факултет, 10 кафедра ва 5 сикл иборат буда, он аз рӯйи 18 ихтисос афсарони касбӣ омода мекунад. Таҳсил дар Донишкадаи ҳарбӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, имсол ба он, ҳудуди 400 нафар донишҷӯ қабул карда мешавад. Аз ин шумора, 250 нафар донишҷӯён дар Донишкадаи ҳарбӣ ва филиали донишкадаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд муддати 4 сол таҳсил менамоянд ва онро аз рӯйи равияи баколавр хатм карда, сазовори рутбаи ҳарбии лейтенант мегарданд. 150 нафари дигар бошад, барои фиристодан ба кишварҳои хориҷ қабул гардида, дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳоноти давлатӣ, онҳо низ барои таҳсил намудан ба муассисаҳои олии таълимии ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озорбойҷон равона карда мешаванд. Аз маҷмӯи умумии 400 нафар донишҷӯ, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимони кул, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат 20 фоиз квота пешбинӣ шудааст, ки ин гуна довталабон, бо гирифтани имтиёз ба таври суҳбат ба Донишкадаи ҳарбӣ қабул карда мешаванд.
Муҳассилин баъди хатми Донишкадаи ҳарбӣ ва муассисаи олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ ба ҳайси афсарони касбӣ аз рӯйи ихтисос бо диплом, рутбаи ҳарбии лейтинант ва дар ҳайати сохторҳои низомии кишвар ба вазифаҳо таъйин карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, шаҳрвандон метавонанд ба нишон ва телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи А. Ғулом 37/1.
Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Телефонҳо: Факс: (+992) 232-11-94
(+992) 237-93-08, (+992) 904-16-70-00
ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонписарони синни 15-16-соларо баъди хатми синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои таҳсил ба Литсейи ҳарбӣ даъват менамояд. Хоҳишмандон барои дохил шудан ба Литсейи ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои хешро метавонанд, тавассути комиссариати ҳарбии маҳалли зист пешниҳод намоянд. Баъди гузаштан аз ташхису муоинаи тиббӣ ва солим баромадан, аз 5 фан, матиматика, забони русӣ ба таври хаттӣ, аз фанни физика тариқи шифоҳӣ, аз забону адабиёт бо тарзи суҳбат ва аз тарбияи ҷисмонӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда имтиҳон месупоранд ва тарбиятгари Литсейи ҳарбӣ мегарданд.
Муҳлати таҳсил дар Литсейи ҳарбӣ 2 солро дар бар гирифта, тарбиятгирандагон аз рӯйи 16 фан ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, ки дар як рӯз ба онҳо 6 соати дарсӣ пешбинӣ шудааст. Шакли таълим дар Литсейи ҳарбӣ рӯзона ба роҳ монда шуда, хароҷоти таҳсили тарбиятгирандагон ба таври ройгон ва аз ҳисоби давлат пурра таъмин мегардад. Ҳамасола ба Литсейи ҳарбӣ ҳудуди 150 нафар тарбитгиранда қабул шуда, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ин теъдод, 20 фоизи квота барои ятимони кул, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст, ки ин гуна довталабон, бидуни супоридани имтиҳон ва ба таври суҳбат ба Литсейи мазкур қабул карда мешаванд.
Тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбӣ, баъди хатм ба муассисаҳои олии таълимии ҳарбии дохилу хориҷ, аз ҷумла, ба донишгоҳу донишкадаиҳои ҳарбӣ ва омӯзишгоҳҳои олии таълимии ҳарбии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, барои идомаи таҳсил фиристода мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, шаҳрвандон метавонанд
ба нишон ва телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Восеъ 123.
Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Телефонҳо: Факс: (+992) 226-60-34
(+992) 93-403-05-93
Почтаи электронӣ:
Litseyiharbivmjt@mail.ru