Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ – МАНБАИ АСОСИИ ОМОДА КАРДАНИ АФСАРОНИ КАСБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.06.2023
in Хабар
0
ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ – МАНБАИ АСОСИИ ОМОДА КАРДАНИ АФСАРОНИ КАСБӢ
0
SHARES
125
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ягона муассисаи олии низомӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад, ки давоми 30 сол аст ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии кишварро бо афсарони касбӣ таъмин менамояд. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раёсат, 5 шӯъба, 7 хадамот, 3 факултет, 10 кафедра, 6 сикл, маркази таълимии “Тоҷмаҳал”, 1 филиали Донишкадаи ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд ва 1 маркази курси такмили ихтисоси бозомӯзии афсарон иборат мебошад. Курсантон дар ин муассисаи олии ҳарбӣ дар 3 факулта-факултаҳои умумиқӯшунӣ, ҳавопаймоии ҳарбӣ ва мусиқачиёни ҳарбӣ таҳсил намуда, аз рӯйи 18 ихтисос мутахассисони касбӣ омода карда мешаванд. Ба  таълиму тарбияи ҳарбии курсантон зиёда аз 60 нафар омӯзгорон машғул мебошанд, ки аксарияти онҳо соҳиби унвонҳои илмӣ ва хатмкардагони Академияҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи давлатҳои шарику ҳампаймон мебошанд.

Имрӯзҳо дар Донишкадаи ҳарбӣ барои донишҷӯён тамоми шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шуда, он дорои биноҳои махсуси таълимӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерию лингафонӣ, оркестри мусиқачиёни ҳарбӣ, маҷлисгоҳ, дармонгоҳи тиббӣ, майдони варзишию тактикӣ, истгоҳҳои автомобилӣ, хонаи дидорбинии волидайн ва шаҳракҳои тактикиву оташфишонӣ  буда,  ҳамаи онҳо мавриди истифодаи афсарону устодон ва курсантон қарор доранд. Раванди таълиму тадрис дар Донишкадаи ҳарбӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, борҳо аз шароитҳои майишиву хизматӣ дар ин муасисаи таълимии ҳарбӣ дидан намудаанд. Бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол баҳри ободу зебо ва бо воситаҳои техникӣ таъмин гардидани ин муассисаи ягонаи таълимоти ҳарбӣ корҳои назаррас анҷом дода мешавад.

Ҳайати устодони Донишкадаи ҳарбӣ пайваста ба донишандӯзии донишҷӯён, камолоти ҷисмонӣ ва такмили донишҳои ҳарбӣ-сиёсии онҳо диққати махсус дода, бо истифода аз имкониятҳои васеи хониш талош доранд, то ҳарчи бештар сафи афсарони касбиро дар қисму воҳидҳои низомии кишвар зиёд намуда, раванди хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи касбӣ ба роҳ монанд.

Маҳз, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 12 нафар дастпарварони ин мактабии олии ҳарбӣ аз ҷониби Роҳбарияти Олии мамлакат бо рутбаҳои олии генералӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Албатта, дар рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа саҳми асосӣ дошта, бо донишгоҳҳои ҳарбии Федератсияи Руссия, Чумҳуриҳои Белорусия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Масъулини Донишкадаи ҳарбӣ, пешбурди корҳои илмӣ, ҷустӯҷӯӣ ва навовариро низ ба роҳ мемонанд, ки мақсади асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар донишкадаи мазкур ин пеш аз ҳама ноил гардидан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ ва ҷабҳаҳои гуногуни илми ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Инчунин, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дорои маркази таълимии саҳроӣ буда, барои омӯзонидани ҳайати шахсӣ аз фанҳои тайёрии ҷангӣ, ноил шудан ба малакаи баланди саҳроӣ ва обутоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар шароитҳои мураккаб (наздик ба шароити ҷангӣ) шароити заруриро фароҳам овардааст. Дар ин маркази таълимӣ барои гузаронидани машѓулиятҳои саҳроӣ якчанд иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додашудааст, ки ҳамаи онҳо барои таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои тайёрии ҷангӣ мувофиқи талаботи барномаҳои тайёрии ҷангӣ ва барои ташаккул додани ҳолати рӯҳию равонии ҳайати шахсӣ зарур мебошад.

Имрӯзҳо дар баробари дигар муассисаҳои олии кишвар дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа низ раванди омодагиҳо ба соли нави таҳсил ва қабули довталабон идома дорад. Тибқи иттилои масъулини донишкадаи мазкур имтиҳонҳои қабул аз фанҳои матиматика, забонҳои тоҷикиву русӣ ба таври хаттӣ, аз фанни физика тариқи шифоҳӣ ва аз тарбияи ҷисмонӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида сурат гирифта, пас аз бо муваффақият супоридани он ва гузаштан аз муйоинаи тиббӣ, довталабон имкон доранд ба Донишкадаи ҳарбӣ шомил гарданд..

Теъдоди умумии шумораи қабули довталабон ба Донишкадаи ҳарбӣ ва муассисаҳои олии ҳарбии хориҷи кишвар аз тарафи Вазорати мудофиа тибқи эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ  муайян карда мешавад.

Ҳамасола, дар доираи дастуру супориш ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули ятимону бепарасторон ва шаҳрвандони камбизоат баҳри таҳсил дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ имтиёзҳо пебинӣ карда мешавад.

Дар воқеъ, масъулини Донишкадаи ҳарбӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва обрӯюу эътибори тамоми соҳаҳои хизматӣ, пеш аз ҳама ба раванди таълим, сатҳи тайёрии касбиву ҷангӣ ва рушди илми ҳарбӣ бо вазорату идораҳо, академияву донишкадаҳо, кумитаҳо ва муассисаҳои олии ҳарбии дохилу хориҷи кишвар ҳамкории зичро ба роҳ монда, аз тамоми ташаббусҳои оқилона ва роҳу усулҳои замони муосир дар роҳи омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ самаранок истифода менамоянд. Аз ин ҷост, ки то ин дам донишкадаи мазкурро ҳудуди чор ҳазор нафар донишҷӯён хатм карда, ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гардидаанд.

Б. ШАРИФОВ

Previous Post

ВАТАНДӮСТӢ РУКНИ МУҲИМИ ИНСОНИЯТ

Next Post

ФАСОД-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАСОД-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

ФАСОД-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj