Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ДОИШ-СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.08.2021
in Хабар
0
ДОИШ-СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ
0
SHARES
146
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Соли 2013 гурӯҳи террористию экстремистие ба ном «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва ДИИШ зикр мегардад, арзи ҳастӣ намуд. Ба андешаи коршиносони масоили ҳарбиву сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ, зуҳури ДОИШ «тасмими худсарона»-и давлатҳои абарқудрат дониста мешавад. Дар ин маврид, ҳатто борҳо намояндагони баландпояи давлатҳои абарқудрат ишора намуданд, ки ДОИШ маҳз бо дастгириву ташаббуси кишварҳои абарқудрат арзи ҳастӣ намудааст.

Таҳлили раванди ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки новобаста аз корҳои  анҷомдода, дар ҳама самтҳо, яке аз мушкилоти асосӣ дар он аст, ки сокинони кишвар, бахусус  ҷавонон, аз хавфу хатарҳои барнома ва амалҳои содиркардаи ташкилотҳои экстримистию террористӣ, ташвиқу таблиғи созмонҳои ифротӣ ва аз фатвоҳои гумроҳкунандаашон маълумоти кофӣ надоранд.

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза пайваста дар ҳолати тағйирёбӣ қарор дошта, ба амал омадани таркишу террорҳои пайдарҳам на танҳо дар Афғонистон, ки имрӯз ба назар мерсад, балки дар дигар кишварҳои осоиштаи ҷаҳон низ ба  вуқӯъ омаданашон аз эҳтимол дур нест ва инро касе кафолат дода наметавонад.

Роҳбарияти мақомоти дифои Афғонистон тағйирёбии вазъияти сиёсӣ ва ба  амал омадани куштору таркишҳоро аз ҷониби дастаҳои ҷангҷӯйи «Толибон» ва паноҳбарандагони дастаҳои “ДОИШ” дар кишварашон рад намекунанд ва бо онҳо мубориза бурда истодаанд.

Гузашта аз ин, аз ҷониби созмони ҷангҷӯйи ба ном “Давлати исломӣ”, ки маркази таъсису роҳбариаш аз Ироқу Сурия маншаъ мегирад, ҳанӯз соли 2018 як ҳазору 300 нафар одамон ба қатл расонида шуда, ба иқтисодиёти кишварҳо миллиардҳо доллар зарари моддию иқтисодӣ расонида шудааст. Аз рӯйи маълумоти тахминии расонавӣ дар кишварҳои дунё, танҳо дар соли 2018  шумораи 15 ҳазору 900 нафар одамон қурбони амали гурӯҳҳои террористӣ гардидаанд.

Ҳамлаи хунине, ки аз тарафи аъзоёни мусаллаҳи гурӯҳҳои тундрави ифротгаро дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар дидбонгоҳи марзии «Султонобод» шаби 6-уми ноябри соли 2019 рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон, расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ як амали хиёнаткоронаи даҳшатовар ва нопок аз тарафи дастаҳои ифротии шомилшуда ба сафи “ДОИШ” баҳогузорӣ намудаанд.

Фоҷиаи рӯйдода, то ба эълон гардиданаш, ки бо дастури роҳбарияти созмони ҷангҷӯйи ДОИШ таҳрезӣ гардида, аз хориҷ бо дастури пайравони ин гурӯҳ мавриди амал қарор дода шудааст, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дастаи ҳамлагарон ба дидбонгоҳ, аз 20 нафар иборат буд, 15 нафар дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд, аз ҷумлаи онҳо, 5 нафари дигар зинда дастгир гардиданд, ки се нафарашон зан будааст. Дар ин ҳамлаи ногаҳонии шабона, марзбонон  ва кормандони корҳои дохилӣ низ ба ҳалокат расиданд.

Албатта, занҳои тоҷике, ки бо оилаҳои худ барои пайвастан ба гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба Сурия рафта, пас аз ҳалок гардидани ҳамсаронашон бинобар сабаби даст ба ҷиноят задан дар зиндонҳои Сурия ҳабс гардида  буданд.

Тибқи иттилои расмӣ, то 30-юми апрели соли 2019, дар маҳбасҳои Ироқ 43 зан ва 95 тифли тоҷик нигаҳдорӣ мешуданд, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар соли 2019, 84 кӯдаки тоҷик аз Сурия баргардонида шуда,  дар муассисаҳои таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Бино ба маълумоти  UNICEF (Бунёди кӯдакони СММ), танҳо дар Сурия дар ҳоли ҳозир 29 ҳазор тифл, ки бештарашон то синни 12-сола ҳастанд, умр ба сар мебаранд ва аз ин миқдор, 20 ҳазор аҳли Ироқ буда, боқимонда , 9 ҳазор аз ҳудуди 60 кишвари дигар мебошанд.

Ба иттилои СММ, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз он кишварҳое буданд, ки нисбат ба кӯдакони дар Сурия қарордошта бетарафӣ зоҳир накарданд, балки сари вақт онҳоро ба Ватан баргардониданд.

Ахиран вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ин ниҳоди қудратӣ иброз дошт, ки давоми шашмоҳаи аввали соли 2021 беш аз 26 нафар аъзоёни ба ном “Давлати исломӣ” аз ҷониби сохторҳои қудратии кишвар боздошт гардиданд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки дар майдонҳои набарди Сурияву Ироқ 1900 шаҳрванди кишвар ширкат доранд. Аммо теъдоди онҳо пас аз шикастҳои ДОИШ  дар ин кишварҳо ба чанд нафар расидааст, маълум нест.

Мебояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое дар арсаи ҷаҳон аст, ки дар мавриди хавфи   терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду хатари он ба ҷаҳони муосирро дар созмонҳои бонузи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Азимҷон БАДАЛОВ,

капитан  

 

 

 

 

Previous Post

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМӢ ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

Next Post

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- НЕЪМАТИ БЕБАҲО        

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-  НЕЪМАТИ БЕБАҲО         

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- НЕЪМАТИ БЕБАҲО        

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj