Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст.Эмомалӣ РаҳмонЯке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризм мебошад. Истилоҳи терроризм аз вожаи лотинии “terror” гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Феълан дар дунё якчанд намудҳои он: терроризми сиёсӣ (яъне марбут ба давлат), идеологӣ (динӣ), маҳалгароӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ-гуногунандешӣ арзи вуҷуд доранд.Раванди ҳодисоти чанд даҳсолаи охир собит намудааст, ки аксар ҳодисаҳои марбут ба терроризм ё ба истилоҳ, даҳшатафканиро таҳиягарони гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд дар миёни ҷавонон татбиқ намуда, аз неруи бузурги онҳо ҳадафмандона суиистифода намоянд.Ҳамагон шоҳидем, ки дар ҷаҳони пуртазод баҳсу талошҳои идеологӣ марҳила ба марҳила вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлатро мебояд нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош варзад. Дар ин замина, Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, барои ҳар инсон шароити зиндагии мусоиду арзандаро фароҳам овардааст. Ин матлаб дар оғози матни Конститутсияи кишвар дарҷ гардида, асоси идеологияи давлати моро ташкил медиҳад ва яке аз бахшҳои муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад.Мавриди зикр аст, ки кулли арзишҳои моддӣ ва маънавии мо дар асоси ин матн бояд ташаккул ёфта, манфиатҳои он ба таври қатъӣ аз тарафи шаҳрвандон, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта шаванд.Дар асри XXI терроризм ва экстремизм (даҳшатафканиву ифротгароӣ) ҳамчун балои муаллақ болои сари инсоният қарор гирифта, ба мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Мутаассифона, тайи солҳои охир зуҳури гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳониро хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон, истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода, мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.Надоштани саводи кофӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рӯ овардан ба хурофотро ба бор оварда, сабабгори зуҳур намудани экстремизм ва терроризм мегарданд. Чунин масъалаҳоро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба хубӣ дарк намуда, онро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои худ қайҳо боз истифода мебаранд. Мисоли равшани онро метавонем дар ҳодисаҳои кишварҳои Ховари миёна, Шарқи Наздик ва Аврупои Шарқӣ мушоҳида намоем.Дар чунин вазъият, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти комили Тоҷикистони азизамонро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро вазъи ҷаҳони муосир ниҳоят мураккаб буда, вай ба ҷаҳони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши ахлоқиву маънавии ҷомеа ва зуҳуроти дигари номатлуб табдил ёфтааст.Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии фаъолияти террористиву экстремистӣ мо- устодон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди ин зуҳурот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла, тарбия намудани ҷомеаи солим, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва худшиносии миллӣ самаранок истифода намуда, дар баробари мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши босазои худро гузорем.Террор кардан ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.
Дар ҷаҳони муосир Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.Санаи 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас месозад ва яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.Имрӯз бархе аз ҷавонон, ки саводи динии хуб надоранд, ҷиҳодро нодуруст фаҳмида, мазмуни онро дар тарконидану нобуд кардани худ мебинанд. Барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз гароиш ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, моро зарур аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем. Танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриву мулоқотҳо аз як гиребон сар бароварда, тамоми қишру табақаи ҷомеа бахусус, аҳли маориф ва ходимони дин садди роҳи ин вабои аср шуда метавонанд.Иқдомҳои созандаи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, рушди бемайлони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардум сутуданист.Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷойи муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздак ва Ховари Миёна ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик мисли каждумҳои таги бӯрё бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор созанд Аз хориҷа истода, тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар собит намуданд, ки терроризм ва экстремизм як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд.Дар назди ҳар фарди худогоҳу дилсӯзи миллату меҳан вазифа меистад, ки ба мардум фаҳмонем, ки ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархаридоне ҳастенд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ, фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд ва ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд.
Пӯшида нест, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.Бо назардошти ҳамин тамоюл ва гаравишу каҷравиҳои насли наврас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштаанд: «Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».Дар радифи гуфтаҳои Сарвари давлат имрӯз ҷавонону наврасони бонангу номус, ватандору дурандеши моро зарур аст, ки ба ҳар гуна корҳои ношоям, аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дурӣ ҷӯянд, фирефтаи суханони дурӯғини ин тоифа зархаридони беимон нашаванд ва алайҳи ин тамоюлҳои хатарзо мубориза баранд.Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар ин давраи ҳассос хеле ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Дар зеҳни ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул бояд дод.Ҷавонон бояд бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб карда шаванд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд.Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.Бешак, мо-зиёиён ва насли ояндасози миллату меҳан таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем. Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Президенти кишвар ифодагари он аст, ки Пешвои миллат ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.Бо назардошти дарки моҳияти зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва ҳимояи арзишҳои волои ниёгонамон моро мебояд барои аз ҷониби гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мағзшӯӣ нашудан дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакатамон эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. сабру таҳаммул ва омӯзиши касбу ҳунарҳои муосиру риояи волоияти қонунро ҷой намоем, то онҳо дар оянда низ ҳамчун фарзандони шоистаи Ватани азизамон ба камол расанд.
Бобоҷон САТТОРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии
молия ва иқтисоди Тоҷикистон





