29 январи соли равон вохӯрии намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо масъулини мақомоти иҷроия, комиссариати ҳарбӣ, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва сардорони муассисаҳои нозироти минтақавии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил»-и ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон маърӯза намуда, вобаста ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», омӯзиши даъватшавандагон ва омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.






