Рӯзи 30-юми ноябри соли 2022 даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли 2022 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дошт, пурра ба анҷом расид.
Хотиррасон мекунем, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, дар нахустин рӯзи даъват Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, чаҳор навоҳии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Бояд тазаккур дод, ки агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар мӯҳлати муқарраргардида, яъне давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон ба итмом расида бошад ҳам, лекин тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ, онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар самти сифатан ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамоянд.
Мавриди ба зикр аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ
ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН