Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ДАЪВАТИ БАҲОРӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.06.2022
in Хабар
0
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
0
SHARES
150
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Чанде қабл дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад нахуст вобаста ба даъвату гусели шаҳрвандон ба хизматӣ ҳарбӣ, муваффақияту пешравиҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ, монеаву мушкилоти ҷойдошта, бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва дигар корҳои анҷомёфта дар фаъолити комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба масъалаҳои зикрёфта, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва масъулини чанде аз раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, маъруза карданд.

Дар ҷараёни ҷамъомад инчунин масоили вобаста ба аниқнамоӣ, омӯзиш ва мушаххас намудани шумораи қувваҳои эҳтиётӣ, ташкили машғулиятҳои соҳавӣ бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ, таъмини онҳо бо лавозимоти зарурӣ, ҳамаҷониба ва дар самти амалан татбиқ намудану тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, пуррагардонии воҳидҳои штатии комиссариатҳои ҳарбӣ бо мутахассисони варзидаи низомӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба бурду бохти мақомоти вобастаи давлатии даъват дар самти иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти ҷаласа доир ба дастуру супоришҳо ва талаби қотеонаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ба сухан баромада, таъкид намуд, ки вазъи ноустувору зудтағийрёбандаи ҷаҳони муосир имрӯз аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо мекунад. Тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад.

Роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат инчунин оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солгарди 29-уми Артиши миллӣ ва Паёми навбатии ӯ ба Маҷлисӣ олӣ ироа гардида буд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иштирокчиёни ҷаласаро ба таҳия, тарҳрезӣ ва ташкили нақша-чорабиниҳои соҳавӣ вобаста ба таҷлил аз ҷашни 30 солагии Қувваҳои Мусаллаҳ, 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ вазифадор намуд.

Илова бар ин, таъкид карда шуд, ки ҳайати шахсии комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар навбати аввал тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро пурра таҳлил ва бартараф намуда, ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам тақвият бахшанд.

Дар охир бо фармоиши роҳбарияти Вазорати мудофиа комиссарони ҳарбие, ки дар даъвати баҳории соли равон, нақшаи ба онҳо пешбинигардидаро дар доираи талабот ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидаанд бо Ифтихорномаву Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, масъулини комиссариатҳои ҳарбие, ки зимни ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ, баръакс ба саҳлангорӣ роҳ додаву хунукназарӣ зоҳир намуда буданд, ба ҷазоҳои интизомӣ кашида шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ 25-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Next Post

САЙҚАЛИ МАҲОРАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САЙҚАЛИ МАҲОРАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

САЙҚАЛИ МАҲОРАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj