ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-
КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ
Қувваҳои Мусаллаҳ кишвар, кафили сулҳу субот, озодиву Истиқлол, ваҳдату ҳамдилӣ ва ойинаи пурҷилои миллат тоҷик мебошад, ки 23-юми феврали соли равон аз таъсисёбии он 28 сол пур мегардад.
Дар замони муосир, ки бархўрди абарқудратҳо возеҳу равшан ба назар мерасад, дар навбати аввал, ҳимояи манофеи милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ дар мадди аввал истода, аз хизматчиёни ҳарбӣ масъулияти бештарро талаб менамояд.
ЭЪТИМОДУ БОВАРИИ САРФАРМОНДЕҲИ ОЛӢ
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш иброз доштанд: «Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд».
Воқеан, имрўз ҷомеаи Тоҷикистон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эътимоду боварӣ доранд. Зеро, медонанд,ки барои таъмин намудани суботу оромӣ нақши ин ниҳоди қудратӣ бағоят бузург аст.
ИТТИЛООТИ БАРДУРЎҒ-ВОСИТАИ НООРОМӢ
Ҳамагон воқифем, ки таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон боқӣ мемонад ва ҳар лаҳза метавонад, суботу оромии давлатҳои минтақа ва ҷаҳонро халалдор созад. Тавре мушоҳида мекунем, дар замони муосир аз ҷониби нерўҳои муайян дар минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои харобиовар, аз ҷумла, тавассути анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятпеша, ҳамзамон бо роҳи муборизаҳои иттилоотӣ кўшиши дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил идома дошта, соли сипаригардида фазои бархе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ бо ҳамин васила ноором карда шуданд. Аз ин рў, метавон зикр намуд, ки ба воситаи иттилооти бардурўғу иғвоангез метавон суботу оромии давлатҳоро ноором сохт.
ТАВАҶҶУҲИ САРВАРИ
ДАВЛАТ БА ТАЪМИНОТИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваста аз рўйи амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои суботу оромии ҷомеа талош меварзанд.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд,ки:«Вазъи имрўзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем».
ПЕШВОИ МИЛЛАТ:
ВАЗИФАИ АЗ ҲАМА МУҲИМ-ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ДАВЛАТ
Дар воқеъ, раванди то рафт вусъат гирифтани фаъолияти гурўҳҳои террористиву ифротгароро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафи чунин гурўҳу созмонҳо ташвишовар мебошад. Дар ин маврид, бояд мо-хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва маърифати сиёсию ҳуқуқиро боз ҳам тақвият бахшем. Ба гуфти Пешвои миллат:«Вазифаи аз ҳама муҳим-ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст».
ТАЪКИДҲОИ ПАЙВАСТАИ
САРВАРИ ДАВЛАТ: АЗ ДАСТ НАДОДАНИ ЗИРАКИИ СИЁСӢ
Албатта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ зимни боздиду мулоқотҳояшон бо хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии навтаъсисе, ки дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ воқеанд, афсарону сарбозон-муҳофизони Ватанро ба дўст доштани марзу буми аҷдодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу дастовардҳои бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят намуда, дар ин роҳ бо таъкид ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, изҳор мекарданд, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳифзу мудофиаи якпорчагии Тоҷикистони азизро вазифаи фарзандиву ҷавонмардӣ донанд.
ТАҚВИЯТИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВӢ
БО МУТАХАССИСОНИ КАСБӢ
Маврид ба зикр аст, Артиши миллӣ дар муддати кўтоҳи фаъолияташ тавонист,ки сафи ҷузъу томи худро бо кадрҳои афсарӣ таъмин намояд: “Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълимии низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан-Модар содиқона хизмат карда истодаанд”,-зикр карданд, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаашон.
ТАЙЁРИИ ҶАНГӢ
Яке аз самтҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳолати доимии омодагии ҷангӣ қарор доштани ҳайати шахсист. Ин аст, ки барои бештар намудани таваҷҷуҳи ҳайати шахсӣ аз ҷониби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа “Соли 2021-соли тайёрии ҷангӣ” эълон гардид. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш чунин баён доштанд:“Таъкид месозам, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад”.
Ҳамчунин, дар Паём зикр гардид, ки:“…Моро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрўза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем”.
ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ
САРВАРИ ДАВЛАТ
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш дар баробари ситоиш намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дастуру супоришҳо доданд: “…Аз ҷониби Вазорати мудофиа барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд”,-зикр гардид, дар Паёми имсола.
ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ ЗАХИРАҲОИ ЭҲТИЁТӢ
Воқеан ҳам, ҳамасола Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ омўзиши захираҳои эҳтиётиро ба роҳ монда, онҳоро бо ҷалб намудан ба машғулиятҳои тирпарронӣ сафарбар менамояд. Пас аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар дар ин самт кор ҷонноктар карда мешавад. Тавре Сарвари давлат дар Паёми имсола таъкидан баён доштанд:“Вазорати мудофиа, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омўзонидани онҳоро аз рўйи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монад ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълимӣ-саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад”.
ҲАМОҲАНГИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ
Фаъолияти асосии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томи онро омодагии баланди ҷангӣ ташкил медиҳад. Ин аст, ки аз нахустрўзҳои таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон низ Қувваҳои Мусаллаҳ зери таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар баробари муҷаҳҳазгардонии қисму воҳидҳо бо лавозимоти техникиву муҳиммоти ҳарбӣ, инчунин ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ бо мақсади баланд бардоштани қобилияти мудофиавии мамлакат аз рўзҳои аввали фаъолият то имрўз пайваста ба машқҳои гуногуни амалиётӣ-стратегӣ ҷалб карда мешаванд.
Хушбахтона, сол аз сол тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат дар ин самт бештар мегардад. Ҳамзамон ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ дар машқҳои муштараки низомӣ, барои паст намудани ҷинояткорӣ ва ғайра хуб ба роҳ монда шудааст. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкидан баён доштанд, ки:“Роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омўзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рўҳияи садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми хизматӣ, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан, кирдорҳои коррупсионӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд”.
РАВАНДИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ ДАР
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
Яке аз самтҳои асосие, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷиҳати омодагии баланди ҷангӣ аз афсарону сарбозон вобастагии муҳим дорад, таълиму тарбияи онҳо ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки дар Артиши миллӣ барои таҳкиму тақвият бахшидани самти зикргардида Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ амал мекунад. Албатта, таъкидҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари қонунҳои амалкунандаи соҳа, санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дастурҳои мушаххас, инчунин Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳро рўйи кор овард. Ин аст, ки Консепсияи мазкур бо таҳрири нав 20-уми феврали соли 2015 бо фармони Сарвари давлат ба тасвиб расонида шуд. Консепсияи зикргардида тартиб, моҳият ва мавқеи бахши корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати рўҳию ахлоқии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд.
Пайваста аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани рўҳияи ҳайати шахсӣ дар замони ҷанг, шомил нагардидани ҳайати шахсӣ ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, таъмини шароити хизмативу майишӣ дар ҷузъу томҳо таъкид мегардад.
Дар сафи Артиши миллӣ аз ҷониби масъулини корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ пайваста барои баланд бардоштани таълиму тарбия ва сайқал додани донишу малакаи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
ҲАМКОРИҲОИ ҲАРБӢ-БАЙНАЛХАЛҚӢ
Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, мо-тоҷикон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр тавонистем, ки равобити худро бо мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ривоҷу равнақ диҳем. Нақши Истиқлолият дар густаришу ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналхалқии Вазорати мудофиа бо мамлакатҳои хориҷа назаррас мебошад. Мусаллам аст, ки аз аввалин санади ҳуқуқии байналхалқӣ-Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастамҷамъист, ки соли 1992 дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба тасвиб расидааст, ки соли равон дар доираи ин созмони бонуфуз як қатор машқҳои муштараки низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мебояд гуфт, ки ҳуҷҷати зикргардида тартиби таъмини амнияти дастаҷамъонаи кишварҳои тозаистиқлолро ба танзим дароварда, пойдевори таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ гардидааст. Гузашта аз ин, Вазорати мудофиаи кишвар на танҳо бо СААД, балки бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шайнхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро хуб ба роҳ мондааст.
Мебояд гуфт, ки тўли 28 сол Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зиёда аз 100 созишномаву аҳднома, протоколҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ омода намуда, ба имзо расонидааст. Дар тўли 28 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 55 кишвари ҷаҳон робитаҳои ҳарбӣ барпо намуда, аъзои қариб 10 ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии низомиву сиёсӣ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷ сиёсати дарҳои кушодаро роҳандозӣ намудааст ва ин сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат боис гардидааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ низ ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ба татбиқи сиёсати хориҷии кишвар дар самти барпо намудани ҳамкориҳои судманди ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ оғоз намояд.
Дар воқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ ба татбиқи сиёсати хориҷии кишвар дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо кишварҳои дўсту ҳамҷавор талош варзидааст.
РУШДИ ВАРЗИШ ДАР АРТИШ
Бояд зикр намуд, ки насли ҷавони кишвар ҳамчун қувваи бузургу созанда ва муҳофизатгари марзу буми аҷдодӣ, ҳамеша дар партави таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вобаста ба сиёсати давлатии ҷавон дар самтҳои мухталифи Артиши миллӣ корҳои назаррасу судманд анҷом дода мешавад. Хушбахтона, таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар нисбат ба варзишгарон возеҳу равшан ба назар мерасад, зеро онҳо дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, парчами кишварро баланд мебардоранд. Зикр намудан ба маврид аст, ки рушди варзиш дар сафи Артиши миллӣ назаррас буда, афсарону сарбозони варзишгари Клуби марказии варзиши артиш, ки Клуби номбурда аз соли 2003 инҷониб дар назди Вазорати мудофиа фаъолият мекунад, дар омода намудани варзишгарон саҳми муҳим дорад. Воқеан ҳам, варзишгарони Клуби марказии варзиши артиш дар мусобиқоти дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуда, ҳамасола медалҳои тиллову нуқра ва биринҷиро дар хазинаи Клуби зикргардида ворид менамоянд.