Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.01.2023
in Хабар
0
ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ
0
SHARES
28
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон ҳамчун нерӯйи созандаву бунёдкор ва муҳофизи халқу Ватан таваҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади рушду камоли шахсият ва солимии ҷомеа тадбирҳои гуногунро дар ин самт амалӣ мекунад. Маҳз дар доираи ин ҳадафҳо ва густариш додани навъҳои варзиш дар сафи Артиши миллӣ, 13-уми марти соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии Артиш ташкил карда шуд.

Агар ба солҳои аввали фаъолияти Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиа назар кунем, дар ин давра клуби мазкур фаъолияти худро дар заминаи дастаи мунтахаби футболбозонаш оғоз бахшида, сол ба сол навъҳои дигари варзишро роҳандозӣ намудааст. Акнун бошад, бо гузашти вақту имкониятҳои фароҳамгашта дар он сарбозони варзишгар аз руйи 10 навъи варзиш таълим гирифта, дар давоми хизмати ҳарбӣ маҳорати варзишии худро сайқал медиҳанд. Аз ин рӯ, вобаста ба сайқали маҳорати варзишии хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ қайд кардан ба маврид аст, ки дар пойгоҳи қисму воҳидҳои ҳарбӣ низ барои ҳайати шахсӣ ҷиҳати машқу тамрини ҷисмонӣ шароиту имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудааст.

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо толорҳои варзишӣ ва майдончаҳову шаҳрчаҳои варзишӣ муџаҳҳаз гардонида шудааст, ки сарбозон дар онҳо тамрин мекунанд ва дар мусобиқаҳои џумҳуриявӣ, ки байни ротаҳо, взводҳо ва баталёнҳову полкҳо гузаронида мешавад, дар сатҳи баланд иштирок мекунанд.

Айни ҳол дар Клуби марказии варзишии Артиш навъҳои варзиши гӯштини тарзи миллӣ, озод, самбо, дзюдо, дастхобонӣ, бокс, задухурди тан ба тан, футбол, волейбол ва ғайра фаъолият мекунад. Ҳар моҳ дар қисмҳои ҳарбӣ як ё ду маротиба аз рӯйи ин навъи варзишҳо мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд ва сарбозони џузъу томи артиш дар он фаъолона иштирок менамоянд

Ҳамасола масъулини ин Клуб мусобиқаҳои гуногуни варзиширо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мувофиқи нақша ва дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ миёни афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ доир менамоянд.

Соли гузашта барои варзишгарони Клуби мазкур бо иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ соли хотирмону фаромӯшнашаварда буд. Тибқи иттилои масъулин, соли сипаришуда варзишгарон дар 53 мусобиқа иштирок намуда, бо 141 медал сазовор гаштанд. Ин нишондод назар ба соли 2021 хело назаррас аст ва варзишгарон дар ин сол 75 медал зиёдтар нисбат ба соли қабл ба даст овардаанд.

Бояд гуфт, ки яке аз дастоварди назарраси Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиа дар соли сипаригардида ин иштирок дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ва мақоми сеюмро касб намудани дастаи футболбозони Клуби мазкур дар чемпионати Тоҷикистон мебошад. Дастаи футболбозони Клуби марказии варзишии Артиш аз замони ташкилшавӣ то имрӯз фаъолияти мунтазаму босамар дошта, бо иштирок дар Чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар байни дастаҳои футболи кишвар мақоми хосса доранд.

Тибқи иттилои Сардори Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиа, имрӯз ҷавонони варзишгар бо пешниҳоди унвонҳои варзишӣ метвонанд, ба сафи Артиши миллӣ омада, дар баробари хизмати ҳарбӣ дар клуби мазкур маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон, дар мусобиқаҳои гуногуни дохилу хориҷи мамлакат ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Тамринҳои пайваста, обутоби бадан, баланд бардоштани маҳорати ҷисмонӣ ва дар маҷмӯъ, беҳдошти солимии ҳайати шахсии Артиши миллӣ ин як самти асосии омодагии ҷангӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, масъулини Клуби мазкур пайваста миёни ҳайати шахсии Вазорати мудофиа мусобиқаҳои гуногуни варзиширо ташкилу роҳандозӣ менамоянд.

Масъулини ин Клуби варзишӣ дар соли равон нақша доранд, ки дар баробари ташкилу баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин ҷиҳати муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ дастаҳои варзиширо барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ, дар сатҳи баланд омода намоянд.

 

Боқӣ ШАРИФОВ

Previous Post

ҶАМЪОМАДИ СОҲАВӢ БО ҶАЛБИ АФСАРОНИ ҶУЗЪУ ТОМИ МУҲАНДИСӢ

Next Post

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj