Рӯзҳои 22 ва 23 апрели соли равон, дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Алмаато миёни хизматчиёни ҳарбии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гӯштини самбо ва кураши қазоқӣ баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур дар доираи Спартакиадаи 17-уми кишварҳои дӯст доир шуда, ҳудуди 70-варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 11 дастпарвари Клуби марказии варзиш Артиши Вазорати мудофиаи мамлакат муаррифӣ намуда, ба дастовардҳои шоиста шарафёб гаштанд. Парчамбардорони меҳан бо нишон додани зӯру бозуи рустамона соҳиби 11- медал, аз ҷумла 1-тилло, 2-нуқра ва 8-биринҷӣ гаштанд ва аз натиҷаи даставӣ дар намуди гӯштини самбо мақоми сеюмро касб карданд. Аз ин ришта тими Руссия барандаи зинаи аввал шуд. Дастаи мизбон бошад, бо ба даст овардани ҷойи дуюм иктифо намуд.

Мусобиқаи мазкур бори дуюм аст, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Қазоқистон ташкил ва роҳандозӣ мегардад. Ҳадаф аз баргузории он таҳким бахшидани равобити дустӣ ва баланд бардоштани маҳорати варзишӣ миёни хизматчиёни низомии кишварҳои дӯст мебошад.

Баъди баромади бомуваффақона ва касби зинаҳои ифтихорӣ варзишгарони Клуби марказии варзиши Артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд. Ба ҳамин муносибат дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими истиқбол сурат гирифт. Парчамбардорони меҳанро намояндагони Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯстону пайвандон гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.

Бояд таъкид дошт, ки солиёни зиёд аст, дар назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Клуби марказии варзиши Артиш фаъолият мекунад, ки дар он афсарону сарбозон пайи машқу тамрин буда, дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ борҳо Парчами давлатиро боло бардоштаанд.

Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзиш ва оммавигардонии он дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ тавваҷӯҳи махсус равона менамоянд. Бояд қайд намуд, ки чанде пеш иқдоми навбатӣ дар ин самт роҳадозӣ гардид. Дар тобеияти Клуби марказии варзиши Артиш, ки феълан дар Лигаи олии мамлакат иштирок дорад се дастаи нави футбол, Клуби варзиши Артиши “Хатлон”, Клуби варзиши Артиши “Суғд” ва Клуби варзиши Артиши “Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ” таъсис дода шуд, ки дар онҳо на танҳо афсарону варзишгарон балки сарбозони қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат низ имконияти бозӣ карданро доранд.

Давлат ХАТИБОВ





