Давоми 5 рӯз, дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия байни хизматчиёни ҳарбӣ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини самбо баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи бонуфуз намояндагони зиёда аз 20 кишвар ба ҳам омода, дар вазнҳои мухталиф барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам нерусанҷӣ намуданд.
Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар дастпарвари Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа муаррифӣ намуда, ба гирифтани ду нишони биринҷӣ шарафёб гаштанд. Варзишгари шинохтаи меҳан ва барандаи медали чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз намуди самбо Субҳиддин Халилзода дар рақобатҳои вазни 79 килограмм ҷилои ҳунар намуд ва бо шикаст додани се рақиби хеш сазовори мақоми сеюм гардид. Ҳамзамон, Махсум Муҳаббатов зери вазни 58 килограмм баромад карда, ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Маврид ба зикр аст, ки дастоварди ин варзишгарон дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи сазовори ҳомиёни Ватан ба давлату миллат арзёбӣ мешавад.
Парчамбардони меҳанро баъди бозгашт ба Ватан дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Клуби марказии варзиши артиш, сарбозон ва дӯстону пайвандон бо самимият ва тантанавор пешвоз гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки қабл аз сафарбар шудан ба макони баргузории чорабинӣ, варзишгарони дастаи Вазорати мудофиа марҳилаи омодагиро дар сатҳи баланд роҳандозӣ намуда буданд.
Бояд иброз дошт, ки дар давоми соли ҷорӣ варзишгарони Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа танҳо аз намуди самбо дар чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии меҳан 13-медал ворид намудаанд. Дар пеш варзишгарони саодатманди кишварро мусобиқаи Қаҳрамони Ҷаҳон ва Осиё аз ин ришта интизор аст. Ҳайъати мураббиён ва варзишгарони Клуби марказии варзиши артиш таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва масъулини Вазорати мудофиаро ба хубӣ эҳсос намуда, дар идома машқу тамринҳои худро боз ҳам беҳтар мекунанд, то бо комёбиҳои худ нуфузу мартабаи варзиши тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд.





