Варзиш дар Артиш яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ маҳсуб меёбад. Зеро, он воситаи асососии таъминкунандаи сатҳи баланди омодабошии ҳайати шахсӣ мебошад. Дар ин баробар, барои ҳар як афсару сарбоз беҳдошти вазъи саломатӣ ва ҳамеша омода будан ба иҷрои вазифаҳои масъулиятноку заҳматталаби хизматӣ басо ҳам муҳиму зарурӣ мебошад. Бо дарназардошти ин муҳиммият, яъне нигоҳдории саломатии комил ва таъмини сатҳи баланди омодагии ҷангӣ хизматчиёни ҳарбӣ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба дар раванди хизмату фаъолияти рӯзмарраи хеш пайваста ба варзиш ва тайёрии ҷисмонӣ машғул мешаванд.
Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа сохтори танзимкунандаи фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ дар ин самт ба ҳисоб рафта, аз соли 2003-юм инҷониб дар тарбияи мутахассисони соҳаи варзиш аз ҳисоби сарбозони варзишгар, ки тибқи даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд ва муҳлати пешбинигардидаи хизмати худро дар ҳайати ин клуб пеш мебаранд, саҳми назаррас дорад. Варзишгарони ин клуб низ ҳамчун қисми фаъоли соҳаи варзиши ҷумҳурӣ иштирокчии фаъоли чорабиниву мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи баланд мебошанд ва бо муваффақияту музаффариятҳои арзандаи касбиашон борҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толору майдонҳои бузурги варзишии дохил ва хориҷи кишвар баланд парафшон гардидаву садои Суруди миллӣ аз қалбҳо танинандоз гардидааст. Аз ҷумлаи ин варзишгарони муваффақ, устодони варзиш дар риштаи Самбо полковник Фарҳод Раҳматуллозода ва Мустафо Ҳасанов мебошанд, ки новобаста аз пуркориву масъулияти баруҳдадошта дар хизмати ҳарбӣ, соли ҷорӣ дар Чемпионати ҷаҳонии Самбо миёни устодон, собиқадорони ин намуди варзиш, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ширкат варзида, сазовори медали тилло гаштанд.
Албатта, ин барои мо хизматчиёни ҳарбӣ натанҳо дастовард аст, балки пос доштани номи баланд ва шарафу ифтихори афсарӣ мебошад, изҳор дошт зимни суҳбат полковник Фарҳод Раҳматуллозода. “Бо чунин дарку фаҳми амиқ ва масъулияти баланд варзишагрони ҳарбӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ иштирок менамоянд. Зеро, паси номи ҳар яки онҳо шаъну шарафи афсару сарбози тоҷик ва пеш аз ҳама номуси ватандорӣ истодааст”.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин корномаи варзишии полковник Раҳматуллоев нест. Ӯ дар ин риштаи варзиши дӯстдоштаи худ борҳо муваффақ гардидаву ба дастовардҳои арзанда ноил гардидааст. Ҳамеша барои муаррифии давлату миллат ва самбои тоҷик омода аст, корномаҳои нав ба нав офарад.
Дар ин сол сарбози қатории қисми ҳарбии 01215-и Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа Ҷаҳонгир Маҷидов низ нишондоду дастовардҳои назаррас дошт. Ин варзишгари умедбахш дар мусобиқаи “Гран Слам Абу-Даби” оид ба ҷудо иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ва дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини ҷудо, ки байни 150 давлат дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, бо 520 хол ҷойи ҳафтумро ба даст овард.
Умуман, бо заҳмату талошҳои варзишгарони муваффақи Артиши миллӣ соли 2024-ум барои варзишгарони Вазорати мудофиа, хоса Клуби марказии варзиши артиш ба мисли солҳои қаблӣ соли бобарор ва пур аз дастоварду комёбиҳои арзандаи варзишӣ арзёбӣ мегардад. Зеро, варзишгарони артиш давоми соли сипаригардида дар 13-мусобиқаи шаҳрӣ, 35-мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1-Ҷоми Осиё, 2-Чемпионати Ҷаҳон ва 4-мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 62-медали тилло, 48-медали нуқра ва 57-медали биринҷӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии медалҳои ба даст овардаи варзишгарон дар соли 2024 ба 167 адад баробар мебошад, ки албатта, ин аз рушди бемайлони варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ дарак медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат ва бо мақсади густариш додани навъҳои варзиш дар артиш, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ инфрасохтори соҳаи варзиш дар пойгоҳи тамоми ҷузъу том, новобаста аз самти фаъолияташон мутобиқ ба талаботи давру замон фароҳам оварда шуда, афсарону сарбозон бо иншооти муосири соҳавӣ, толору майдончаҳо ва шаҳракҳои варзишӣ таъмин мебошанд.
Ин аст, ки дар заминаи чунин шароити мусоид масъулини Клуби марказии варзиши артиш бо ибтикороти муҳими рӯйи даст гирифта, татбиқи амалии барномаҳои дар ин самт қабулгардида ва дигар нақшаҳои корӣ чорабиниву мусобиқаҳои гуногуни варзиширо дар қисму воҳидҳои низомии ҳудуди ҳамаи гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун дар давоми сол мунтазам ташкилу роҳандозӣ намудаанд.
Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник