Дар доираи вохӯриҳои даври якуми мавсими нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон «Клуби Марказии Варзиши Артиш»-и Вазорати мудофиа бо дастаи «Амонатбонк» рақобат намуд. Дидори дастаҳо дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ баргузор шуда, артишиҳо бо натиҷаи 2 бар 1 ба ғалаба даст ёфтанд.

Дар бозии мазкур як қатор меҳмонони фахрӣ, аз он ҷумла, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ, муовини вазири мудофиа генерал-майор Абдуллозода Саидасрор, ҳамзамон фармондеҳони навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, сардорони раёсатҳо, шуъбаю хадамотҳои алоҳидаи Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиа ва сардорони кафедраҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.

Ҳузури роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар дар ин вохӯрии ҷолиб ба футзалбозони «Клуби Марказии Варзиши Артиш» рӯҳияи баланд ва иродаи қавӣ бахшид. Голҳои муҳиму ҳалкунандаи артишиҳоро Рамз Амрохонов дар дақиқаи 34-ум ва Насратшо Исмоилов дар дақиқаи 36-ум ба самар расонда, ғалабаи дастаашонро таъмин карданд.

Баъди ин пирӯзӣ «Клуби Марказии Варзиши Артиш»-и Вазорати мудофиа соҳиби се имтиёз гардида, то анҷоми кулли рақобатҳои даври якуми чемпионат муваққатан ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.

Ҷойи ёдоварист, ки ҷоизаи беҳтарин бозингари ин рақобат насиби футзалбози Клуби Маркази Варзиши Артиш Насратшо Исмоилов шуд.






