15 октябри дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар ҷаласа вазирони мудофиаи Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, инчунин намояндагони Котиботи ИДМ иштирок карданд.
Роҳбарони ниҳодҳои дифоии кишварҳои узви ИДМ натиҷаҳои фаъолияти мақомоти кории Шӯрои вазирони дифои ИДМ-ро дар самти рушди ҳамкориҳои низомӣ бо ҳадафи таъмини амнияти авруосиёӣ ва суботи минтақавӣ, инчунин афзалиятҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори онҳоро барои соли 2026 баррасӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои мудофиавӣ ва амниятиро баррасӣ намуданд.
Рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиши ҳарбӣ, инчунин такмили ташкили мусобиқаҳо оид ба намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои узви Иттиҳод муҳим арзёбӣ шуд.
Пас аз ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа, барои фаъолияти густурда дар давоми солҳои 2026-2027 як қатор ҳуҷҷатҳои мувофиқашуда имзо гардид.






