Аз 14 то 24 октябри соли 2025 дар машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки сулҳҷӯёнаи “Бародарии шикастнопазир — 2025” бо қувваҳои сулҳҷӯёнаи давлатҳо-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, машқҳои махсуси “Монеа-2025” бо ҷузъу томҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ, таъминоти тиббӣ ва машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Иттиҳоди зиддитеррористӣ — 2025” роҳандозӣ мегардад.

Баҳри иштирок дар тамринҳои мазкур имрӯз ҳайати шахсии иштирокчиёни машқҳо аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қирғизистон вориди кишвари мо гардидаанд. Тибқи нақша то санаи 19 октябри соли 2025 низомиён аз дигар кишварҳои узви СААД низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд ва марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки ҳарбӣ оғоз меёбад.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар ин машқҳои муштараки ҳарбӣ ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат меварзанд, ки дар марҳилаҳои мухталиф тамоми матлаби ба машқҳо пешбинигардидаро амалан коркарду тарҳрезӣ менамоянд.

Қобили қайд аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар сатҳи баланд ташкилу роҳандозӣ намудани размоишҳои навбатии ҳарбӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД аз ҷониби Вазорати мудофиаи мамлакат дар машқгоҳи Фахробод шароити зарурӣ ба афсарону сарбозони иштирокчии машқҳо фароҳам оварда шудааст.

Маркази матбуот ва иттилоти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





