Тавре қаблан хабар дода будем, аз якуми апрел бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ ва рӯзи 10-уми апрел чаҳор навоҳии пойтахт нақшаи пешбинишударо сад фоиз иҷро намуданд.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аст, ки дар муддати 30 рӯз иҷрои нақша ба 99 фоиз баробар мебошад.
Дар давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ то имрӯз иҷрои нақша дар гарнизони Хатлон, 93 фоизро дар бар мегирад.
Чорабинии бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан дар давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд аллакай ба 81 фоиз баробар мебошад.
Умуман аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2021 иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 92 фоизро ташкил медиҳад.