20-уми октябр, дар шаҳри Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Дар оғози мулоқот иштирокчиён аз маҷмааи ёдгории «Модари мотамзада» боздид карданд ва раҳбарони ҳайатҳо якҷо дар пояи ёдгории «Суруди матонат» гулчанбар гузоштанд.

Пас аз ин, дар Маркази сайёҳии “Silk Road Samarkand” ҷаласаи васеи вазирони мудофиаи кишварҳои дӯсту бародар баргузор гардид.

Мулоқот бо қироати паёми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ба вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол гардида буд, оғоз ёфт. Дар паём таъкид гардид, ки риштаҳои сулҳу суботи байни халқҳои бародари мо боз бо як қадами ҷиддӣ тавассути ҳамбастагии мутақобила мустаҳкамтар мешаванд.

Дар нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ байни кишварҳо, инчунин бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар машқҳои муштараки минтақавии “Ваҳдат – 2025”, ки дар машқгоҳи “Каттақурғон”-и Округи ҳарбии марказии Узбекистон бо иштироки воҳидҳои вазоратҳои мудофиаи Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





