Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ДАР ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН СОДИҚ БОШЕМ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.04.2024
in Хабар
0
ДАР ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН СОДИҚ БОШЕМ
0
SHARES
494
VIEWS
Share on Facebook

Хизмат дар сафи Артиш, ҳимоя аз марзу буми Ватан  ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди баору номус ва ватандӯст буду ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ хоҳад монад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи Артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб мешуданд ва ин анъана имрӯз ҳам тавре мебинем давом дорад.

Бо мақсади хидмат ба Модар-Ватан, ҷавонони бо ғайрату шуҷоъ ва ҳисси масъулиятшиносиашон баланд ба сафи артиш мепайванданд. Мо ҳам аз шуҷоату мардонагии ҷавонони Ватан умеди зиёд дорем. Маҳз дар натиҷаи фидокориҳо ва шабзиндадориҳои сарбозони шуҷои миллат, имрӯзҳо сарҳад ором аст, мудом мо ҳам ором мехобем. Чун амнияту субот дар кишвари мо вуҷуд дорад, нимашабӣ ҳар самте хоҳем равуо менамоем. Мутмаинем, ки ҷавонони бо нангу номуси кишвар қудрати ҷавонии худро истифода карда, Ватани азизамонро бо ҷону дил ҳимоят мекунанд.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ қайд карда буданд, “Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд”.

Тавре мебинем ва масъулин ҳам арз медоранд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ ба хусус, ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ ба он мусоидат намудааст. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулин ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо мушкилоти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, монеаҳо кам ба назар мерасад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад.

Шоҳиди ҳол ҳам ҳастем, ки иддае аз ҷавонон ба хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва бо тавсияи бузургон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Имсол ҳам монанди соли гузашта масъулин иттилоъ доданд, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар баъзе вилояту ноҳияҳо иҷро гардидааст.

Воқеан хизмат ба Ватан на танҳо қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бо ғайрати тоҷик аст, балки он нангу номус аст…

Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ шоири ширинбаёни мо ҳам дар ин бора ишораи хубе кардааст:

Пушти по зан тахти Кайковусро,

Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро.

Албатта инсон аз замони наврасӣ то охири ҳаёт эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ҷумлаи беҳтарин маконҳо барои тарбияи ҷавонон ин пайвастан ё хидмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азиз мо аст. Чун дар артиш ба инсон, аниқтар ба ҷавонон сабру таҳаммул, ҷавонмардию вафодорӣ ва хирадмандӣ меомӯзанд. Қавиирода будану дӯстдори ёру диёр будан меомӯзанд. Касбу ҳанару матонату мардонагӣ таълим медиҳанд.

Бояд дарк кард, ки вафодор будан, ин фидокорӣ ва садоқат ба Ватан аст. Вафодорӣ ба ормонҳои миллӣ, вафодорӣ ба азизону гузаштагон. Садоқат ба худу дигарон. Як ҷавон дар зиндагӣ ҷойгоҳи хосса тавассути фидокорӣ ба Ватан дошта бошад. Ин ҷойгоҳ ба таври ҷудонопазир бо ишқу муҳаббат ва тавоноиву муҳофизат аз Ватан, ҳатто ҷон фидо кардан дар роҳи Меҳан пайвандӣ дорад.

Дар сафи артиш барои ҷавонони мо муқаддас будани Ватанро меомӯзанд. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд, зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан моро парваридааст. Ватан ба сари мо дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳову беҳамтост. Гузашта аз ин, дӯстдории Ватан аз имон аст!

Бояд гуфт, ки моҳияти мавзуи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзуи калидии ватандорон буду ҳаст, чун бидуни Ватан башарият оромиш надорад.

Як андешаи ғалат дар зеҳни мардум ҷой гирифтааст, ки шароити хуб аз қабили хӯрокаву пӯшока ва дигар шароити майишӣ надоранд. Дар ҳоле ки ин андешаҳо чанд сол боз ҳалли худро ёфтааст. На танҳо мушкилоти хӯрду хӯрок ва пӯшока аз байн рафтааст, балки имрӯз артиши миллӣ рӯ ба таҷҳизоти комилан нави замонавӣ овардаанд.

Танҳо ақидаи дуруст метавонад андешаи ҷавононро дуруст намояд. Аз овони мактабхонӣ ҷавон бояд нисбати Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти дақиқ дошта бошад. Дар дарсҳои фаҳмондадиҳӣ нуктаҳои ҳифзи марзу бум, ватандӯстдорӣ ба наврасон ба роҳ монда шавад. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода кард. Ҷавонони моро мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд.

Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи кишвар ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.

Аз ин рӯ, ҷавонон бояд қарзи фарзандии худро дар назди Модар – Ватан иҷро намоянд, дар акси ҳол ин ҳама оромиш, осудагӣ, суботи сиёсӣ ва ҳимояи тамомияти арзӣ бар души кӣ хоҳад монд? Албатта бар души худи мо!

Бинобар ин ҳамаи ҷавононро  зарур аст, ки  барои дифоъ намудани марзу буми миллати куҳанбунёдамон ҳамеша омода бошанд,  чунки  оромиву осудагии мардуми сарбаланди моро каси дигар таъмин наменамояд.

Умед ПУДИНАЕВ,
корманди Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

НАҚШИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИКОРУПСИОНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР НИЗОМИ ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Next Post

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook