Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ДАР ФУРӮҒИ ВОЖАИ ВАТАН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.04.2022
in Хабар
0
ДАР ФУРӮҒИ ВОЖАИ ВАТАН
0
SHARES
273
VIEWS
Share on Facebook

Оё эҳсос ва мушоҳида кардаед, ки вожаи муқаддаси Ватан, солҳои охир дар Тоҷикистони азиз беш аз ҳарвақта вирди забони мардуми мо ва хусусан аҳли илму адабу қаламкашон аст? Чаро? Зеро масъулияти ватандорӣ дар даврони навини соҳибистиқлолӣ халқу миллати моро бештар фаро гирифтааст. Барои халқе, ки пас аз асрҳои вобастагиву гирифторӣ ба озодии сиёсӣ расидаву соҳиби Давлату Ҳукумати худ, соҳиби обу замини худ гардидааст, боло гирифтани қадрдонӣ аз Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ як зуҳуроти табиист. Хусусан, имрӯзҳо вожаи Ватан бо як оҳанги хосе ба забон гирифта мешавад, ки ҳам ифтихор дораду ҳам изтироб ва ҳам масъуляти баландро дар ниҳодамон бедор мекунад.

Аммо имрӯзҳо, чунон ки мебинем, ҳаводиси солҳои охир, бархӯрдҳои шадиди абарқудратон, ҳирси нозамон ва беамони ҷаҳонгирон, мушкилоти глобалии Сайёра, таҳдиди фоҷиаҳои табиат, хурӯҷи бемориҳои нобаҳангоми сироятӣ ва кушандаи инсон ва ғайраҳо назари моро ба Ватану маънову мафҳуми он рангу намои нав медиҳанд. Ба андешаи банда, имрӯз замоне фаро расидааст, ки вожаи Ватан барои аҳли башар, барои одамизод маънии фарогиртаре ба худ бигирад. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки ватанҳову ватандорон, яъне кишварҳову мамлакатҳо бо ҳам бошанду мутаккои ҳамдигар гарданд.

Барои миллати тоҷик, ки сиришташ аз азал башардӯстона буда, пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро шиори азалии ҳастиии худ интихоб намудааст, дӯстиву ягонагии аҳли башар ва одамизод айни муддаост.

Тамоми илму маърифати гузаштагони хирадманд, сухану адабиёти оламшумули бузургони мо, санъату ҳунар, фарҳангу маориф, таълимотҳои ҷавонмардонаи халқамон, ҳама ойинҳои башардӯстонаву инсонпарваронаи он, аз ҷашни Садаву Наврӯз то Меҳргону Тиргон ва садҳо ойину суннатҳои некаш созгору раҳнамои хушбахтии мардуми дунё ва пирӯзии аҳли башар мебошанд.

Барои мардуми тоҷик муҳаббат ба як инсон муҳаббат ба ҳама инсонҳо, садоқат ба Ватани худ садоқат ба сайёраи Замин маҳсуб меёбад. Мавриде даррасидааст, ки ба хотири ягонагӣ ва хушбахтии аҳли башар, мо нафақат Ватани худро, балки ҳама сайёраро Ватан ҳисобему ҳама одамизоди рӯйи заминро ҳамватан қабул намоем.

Манзумае, ки пешниҳоди Шумо мегардад, аз як ҷиҳат як шиносномаи миллии мо барои хонандагон бошад, аз ҷиҳати дигар, ҳамин ҳадафҳои волои ишорашуда дар болоро пайгирӣ менамояд.

ВАТАН “ШАҲНОМА”-И ПИРӮЗИИ МОСТ

Ватане ҳаст, дар андешаи мост,

Ватане ҳаст, ки дар решаи мост.

Ватани фазлу адаб, шеъру сухан,

Ватани бештар аз марзи Ватан.

Ватани поки забони модар,

Ҳама меҳру ҳама ҳусну ҳама фар.

Ватани фазлу хирад, нуру навост,

Ватани асли авастоии мост….

****

Ватан Симурғи мо дар осмон аст,

Ки паҳнои самояш бекарон аст.

“Ватан!” гуфтам, фари Зардушт омад,

Маро нерўи садҳо пушт омад.

Зи сад асрам Сада пайки ниё дод,

Ба дастам нур, бар чашмам зиё дод.

Паём омад зи Ҷамшеду зи Наврӯз,

Паём аз Кай, зи Афредуни пирӯз.

Зи “Менӯи хирад” омад паёме,

Зи Хоразму Саразм омад саломе.

Ватан гуфтам, ҳаво покизатар шуд,

Зи борони сиришкам даҳр тар шуд.

Барои миллати неку башардӯст,

Ки некӣ дар ҷаҳон парвардаи ӯст,

Ватан андарзу панд асту футувват,

Ватан одобу фазл асту нубувват.

Ватан як остони ростон аст,

Шукӯҳаш аз замин то осмон аст.

Ватан Қақнуси эҳёгаштаи мост,

Замонҳо мераванд, ӯ боз барҷост.

Чӣ гӯям, миллати ман худ ҳамон аст,

Ҳазоронсола пири навҷавон аст.

Ҳама ҷомасапеду сарбадоранд,

Алайҳи шар ҳама бо хайр ёранд.

Ҳама афрӯзаи шеъру суруданд,

Ҳама дар партави меҳру дуруданд.

Ҳамин миллат, ки пайки Офтоб аст,

Паёмаш бар ҷаҳон фазлу китоб аст.

“Ватан!” гуфтам, Ватан дар ҷисм ҷон шуд,

Дилам бо ҳар гиёҳаш ҳамзабон шуд.

Маро Меҳан тамоми Ориён аст,

Пари Симурғи ман боли Каён аст.

Ватан одобу фазли мо ба дӯш аст,

Ки сарқонуни дунё аз Куруш аст.

Ватан Деваштичи Меҳанпараст аст,

Бимирад, нангро кай бидҳад аз даст!?

Ватан Испитамони қаҳрамон аст,

К-амонии Ватанро посбон аст.

Ватан он ишқи олӣ, ҳикмату панд,

Ки шоирҳои волояш суруданд.

Барои мо Ватан ҷуз нанги мо нест,

Навои Борбад, Аржанги Монист.

Ватан он Панҷрӯдӣ пири некӯст,

Падарсолори шеъри порсӣ ӯст.

Чу нури Балъамӣ партавфишон шуд,

Фурӯғи маснади Сомониён шуд.

Ватан Мансури мо ҳасту “аналҳақ”,

Ки моро қиблагоҳе нест ҷуз Ҳақ.

Ватан “Шаҳнома”-и пирӯзии мост,

Ки ҳар рӯзи накӯяш рӯзии мост.

Ватан он Коваи парчамбадаст аст,

Ватан он Рустам асту бешикаст аст.

Ватан он “Мантиқ-ут-тайр” аст, оре,

Пари шаҳболи мо хайр аст, оре.

Ҷилои осмон дар соғари мост,

Ватан Хайёми мо, суру фари мост.

Ватан Мавлои Балх, он табъи озод,

Ки доди ишқу ирфону сухан дод.

“Баҳористон”-и мо ҳасту “Гулистон”,

Набошад ҷуз таманнои дилу ҷон.

Ватан Ҳофиз, Ватан Саъдиву Ҷомист,

Ватан он Носири Хусрав, Низомист.

Ватан, лутфи илоҳии Камол аст,

Аз ин рӯ безаволу бемисол аст.

Ватан он Бедили дунёмаонист,

Ҳунарро дар сухан ҳамтои ӯ кист!?

Ватан ҳаргиз ҷудо з-Иқболи мо нест,

Ки фазлу кору ораш ориёист.

Ҳазорони дигарро гар бигӯям,

Магар ҳар ҳарфро бо навҳа мӯям.

Ту аз шерии Шерак ёд дорӣ,

Зи маҳви лашкари душман ба хорӣ!?

Сиёвушҳо дар ин ҷо кам набуданд,

Ки бо ҷон хоки Меҳанро фузуданд.

Абӯмуслим сипар дар ҷони Меҳан,

Муқаннаъ ҷавшани армони Меҳан.

Ҳамон миллат, ки аз куштан намирад,

Зи кину макри Оҳарман намирад.

Ҳамон миллат, ки сӯзад, зинда монад,

Вуҷудашро фурӯзад, зинда монад.

Ватан, дар домани Боми ҷаҳон аст,

Ба домони муҳаббат бекарон аст!

Ватан, бо асли худ медор моро,

Ба Хӯқанду Самарқанду Бухоро.

“Ватан!” гуфтам, Бадахшонам “Ватан!” гуфт,

Ҳисору Суғду Хатлонам “Ватан!” гуфт .

Зарафшон зарфишон шуд бар сари ман,

Сафо омад зи Кайҳон бар дари ман.

Тамоми Ориён акси садо дод,

Ба мо тақдир пайғоми вафо дод.

Насим аз Марву аз Бағдод омад,

Дилам бар нолаву фарёд омад.

Ватан гуфтам, магир ин гуна осон,

Ки Эрон асту Синд асту Хуросон.

Садои ҳамватан аз қораи Ҳинд,

Биёяд аз паси ҳар бораи Ҳинд.

Зи Берунии мо, в-аз ал-Бухорӣ,

Ба мо мондаст танҳо ифтихоре!?

Худовандо, ман аз Сино чӣ гӯям,

Зи ҷабри гунбади мино чӣ гӯям!?

Чӣ гуна гӯям аз Фарғонаву Марв,

Ки бурдастандам аз ҳар боғ як сарв!?

Зи Хоразму зи Хоразмӣ чӣ гӯям!?

Зи тоби шамъи ҳар базме чӣ гӯям!?

Аё, эй офтоби Ховари ман,

Ба дунё бурдаӣ нуру фари ман.

Ба ҳар ҷойе, ки илму фазлу ор аст,

Зи мо дар он Ватан як ёдгор аст.

Ватан танҳо ҳамин хоки Ватан нест,

Ватан он ҷо, ки фарзанди Ватан зист.

Чу Мавло баҳрро дар кӯза ҷо кард,

Ҷаҳонро бо сиришташ ҳамнаво кард.

Чу ҳикматҳои Саъдӣ раҳнамо шуд,

Бани одам ҳамузву ҳамҳаво шуд.

Зи пирон бо ниёиш оварам ёд,

Дуо орам, ки бошад рӯҳашон шод.

Ватан армони ҷони рафтагон аст,

Ки дар таҳдиди шамшери замон аст,

Ватан ангезаи армонии мост,

Ватан тандеси мо, якҷонии мост.

Ватан подоши қисмат аз Худо бод!

Зи банди озу ҳирсу ғам раҳо бод!

Ватан имрӯз Истиқлоли мо шуд,

Пари симурғии шаҳболи мо шуд.

Бале, акнун Ватан Модар-Замин аст,

Замини аввалину охирин аст!

Ватан имрӯз мафҳуми ҷаҳонист,

Ватан имрӯз сулҳ асту амонист,

Кунун армони инсонӣ чунин аст,

Наҷоти Осмон асту Замин аст!!

Биё, Сайёра, бо ман ҳамчаман бош!

Башар, бо ман биёву ҳамватан бош!!!

—————

  1. Ангезае аз шеъри шоири эронӣ Мустафо Бодкӯбаӣ

“Бигӯ, ҷонам,ки маънои Ватан чист?”

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон

 

 

Previous Post

ПӮШАЙМОНӢ НАДОРАД ОҚИБАТ СУД…

Next Post

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА  ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook