Рўзи 27-уми сенябр дар майдони тамринии «Чебаркул» — и Федератсияи Русия маросими ифтитоҳи машқи фармондеҳӣ — ситодии «Ҳамкорӣ-2026» бо иштироки неруҳои вокуниши фаврии дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, инчунин машқҳои махсуси «Ҷустуҷӯ-2026» ва «Эшелон-2026» оғоз гардид.
Тамринҳои муштараки амалиётӣ ва ҷангӣ бо назардошти вазъи имрўзаи ҷаҳони муосир ва инчунин тақвияти иқтидори ҷангии неруҳои дастҷамъии СААД, бо силоҳу техникаи низомии муосир, аз ҷумла системаҳои бесарнишин, воситаҳои иктишофӣ ва таҷҳизоти ҷанги электронӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо ва такмили системаҳои дифои ҳавоӣ доир карда мешавад.
Машқҳои имрўза ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ миёни ҳайати низомии кишварҳои иштирокдор, баланд бардоштани сатҳи малака ва омодагии онҳо барои амалҳои муштарак ва пешбурди механизмҳои амнияти дастҷамъӣ мусоидат менамояд.
Дар машқҳо ҳайатҳои низомии Ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машҳҳо фаъолона ширкат намуда, вазифаҳои худро бо масъулият ва малакаи баланди касбӣ иҷро менамоянд.
Ба ин ҳайат ҳамзамон ҳайатҳои низомӣ ва воҳидҳои амалиёти махсус аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти амният ва хадамоти махсус, мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, инчунин гурӯҳҳои амалиётӣ аз Ситоди муттаҳида ва Котиботи СААД шомил мебошанд.
Ба ин машқҳо дар маҷмӯъ, тақрибан 2000 нафар ҳайати низомӣ ва 350 воҳиди силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти махсус ҷалб шудаанд.
Хусусиятҳои асосии машқҳо истифодаи васеи намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои бесарнишин ва системаҳои роботӣ, инчунин иҷрои машқҳои амалии қӯшунҳоро дар бар мегиранд.








