Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ДАР ПЕШБУРДИ ХИЗМАТ БО ТАКМИЛИ МАҲОРАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.01.2025
in Мақола
0
ДАР ПЕШБУРДИ ХИЗМАТ БО ТАКМИЛИ МАҲОРАТ
0
SHARES
102
VIEWS
Share on Facebook

Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ амал мекунад, ки даври якуми таҳсил барои хизматчиёни ҳарбӣ аз аввали моҳи январ то охири моҳи майро дар бар гирифта, даври дуюми он бошад аз моҳи июл то ноябр ҷараён мегирад. Моҳҳои июн ва декабр давраи таътили низомиён ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра барномаҳои таълимӣ ба анҷом расида, афсарону сарбозон асосан ба ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ва дигар машғулиятҳои соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳайати шахсии сарбозони қисми ҳарбии 07033-и Қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иштирок дар ин гуна ҷамъомадҳо ва дар баробари пешбурди хизмати рӯзмарраву такмили маҳорати оинномавии хизмат, инчунин вақтҳои холигии хешро бо ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, варзишӣ ва корҳои ободониву созандагӣ сипарӣ менамоянд. Бо истифода аз муҳити созгору шароити фароҳам дар маҳалли пешбурди хизмати ҳарбӣ бошад, гурӯҳи дигари сарбозон хондани китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳоро аз машғулиятҳои ҳамешагии худ медонанд.

Китобдориву китобхонӣ яке аз одатҳои ҳамида ва амали басо ҳам шоистаи мардуми мо ба ҳисоб рафта, боис бар он гардидааст, ки дар саросари ҷаҳон мо ҳамчун миллати фарҳангдӯсту тамаддунофар муаррифӣ гардем. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз пешрафти илму технология ва навовариҳо дар ин самт, халқи тоҷик ҳамоно ин анъанаи муҳим ва рисолати бузургро идома дода, дар заминаи донишу фарҳанги волои инсонӣ насли худро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, дӯст доштани халқу Ватан, эҳтиром ба ҳама арзишҳои милливу давлатӣ ва ҳифзи суботу оромии кишвар тарбия менамояд.

Артиши миллӣ, ки дар мактаби мардонагиву садоқатофаринии он ҷавонони сарбози Ватан дарси ҳимоя аз марзу буми аҷдодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро меомӯзанд, имрӯз дар ҳамаи ҷузъу томи он вобаста ба китобдориву китобхонӣ иқдомҳои наҷибу саривақтӣ амалӣ карда мешавад.

Сарбоз Фаромарз Илёсов беш аз се моҳ аст, ки дар ин қисми ҳарбӣ хизматро пеш мебарад. Ӯ дорои маълумоти олӣ буда, аз замони хизматро оѓоз намудан дар ин қисми ҳарбӣ аз рӯйи завқу хоҳиш ва донишу таълимоти волояш ба ҳайси китобдор таъйин гардидааст. Номбурда дар баробари иҷрои дигар вазифаҳои хизматӣ ва омӯзиши машѓулиятҳои пешбинигардидаи низомӣ, ҳамзамон бо иҷрои ин рисолат дар таъмини ҳолати равонӣ, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва ахлоқии ҳамхизматонаш саҳмгузор мебошад.

Албатта, шахси масъули китобхона сараввал бояд худ соҳибхираду соҳибзаковат бошад ва дар баробари ин нисбат ба китоб ѓамхорӣ карда тавонад. Барои мусоидат дар таъмини талаботи маънавии хонандагон аз тамоми имкониятҳои мусоид истифода намояд, таъкид кард зимни сӯҳбат бо мо сарбози қаторӣ Фаромарз Илёсов.

Қобили зикр аст, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани китобҳо ва дарёфту ба хонанда саривақт пешниҳод намудани онҳо саҳми китобдор ё худ китобхоначӣ хеле назаррас аст.

Воқеан, китоб барои ҳар як шахс муҳитарин ва асоситарин сарчамшмаи донишу маърифат ва василаи худогоҳиву хештаншиносӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули шахсият ва рушди тафаккури инсонӣ нақши бориз дорад. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба масоили таъминоти ахлоқиву рӯҳияи хизматии афсарону сарбозон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар ин росто бобати бедор намудани эҳсоси ватандорӣ ва худогоҳиву хештаншионсии хизматчиёни ҳарбӣ дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои низомӣ дар баробари дигар бинову иншооти муҳими хизматрасонӣ,  китобхонаҳо бо толори хониш, осорхонаҳои ҳарбӣ ва дигар иншоотҳои фароѓативу маишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки аз ҷониби ҳайати шахсӣ ба таври васеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Умуман, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дар заминаи таваҷҷуҳи доимии  Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ, барои ҳар як афсару сарбози Ватан шароиту имконоти хуби хизматӣ ва таълимиву таҷрибавӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳомиёни далеру матиниродаи меҳан бо имконоти дар даст дошта тамоми нозукиву махсусиятҳои хизмати пурмасъули ҳарбиро аз худ намуда, минбаъд вазифаҳои бар уҳдадоштаро муваффақонаву сарбаландона иҷро менамоянд.

Боқӣ ШАРИФӢ

Previous Post

ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ

Next Post

ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook