Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чорабиниҳои санҷиши омодагии захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ бо қабули ишора ва тасдиқи он аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани омодагии захираҳои эҳтиётии кишвар ва дар ин замина таҳкими иқтидори мудофиавии Артиши миллӣ сухан рафт.
Масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо иштирокчиёни ҷамъомаду машғулиятҳои таълимии мазкур аз наздик суҳбат намуда, вобаста ба ҳадафи баргузории ҷамъомад, ки пеш аз ҳама омодабошии ситоди мудофиаи ҳудудии ноҳия, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, инчунин захираҳои сафарбарии таъйингардида ба қисмҳои ҳарбӣ мебошад, махсус таъкид намуданд.
Ҳамзамон ҳолати омодагии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар қувваву восиатҳои ба ҷамъомад пешбинигардида мавриди санҷиш ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Зимни суҳбатҳои инфиродӣ бо ҳайати шахсии ротаву баталионҳои таълимии сафороста таъкид карда шуд, ки ҷиҳати ҳимоя аз марзи муқаддаси Ватан, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дастоварду музаффариатҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини ҳаёти орому осуда дар ин сарзамини аҷдодӣ, шаҳрвандонро низ зарур аст дар баробари афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамешагӣ дошта бошанд.
Зимни ҷамъомад як қатор падарону модароне, ки фарзандонашон дар сафи Артиши миллӣ хизмати намунавӣ карда истодаанд, бо сипосномаи Вазорати мудофиаи мамлакат сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз ба чанд нафар афсари эҳтиётии дар қайди комиссариати ҳарбии ноҳия қарор дошта, рутбаи навбатии афсарӣ дода шуд.
Илҳом АЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитан