ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУН
«ДАР БОРАИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
БОБИ II. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ
БОБИ IV. НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБИ
Қонуни мазкур статус, асосҳои ҳуқуқии ташкили ва фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби назоратро ба фаъолияти он муайян менамояд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — разведкаи ҳарбӣ) қисми таркибии таъмини амнияти миллии Ҷyмҳypии Тоҷикистон буда, бояд амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз хатари беруна бо истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои муайянкардаи ҳамин Қонун муҳофизат намояд.
Моддаи 2. Фаъолияти разведкавӣ
Фаъолияти разведкавӣ — ин мачмуи чорабиниҳое мебошад, ки аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарбӣ тавассути инҳо амали гардонда мешавад:
— ба даст овардан, таҳлилу коркард ва ба роҳбарияти сиёсии кишвар ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани иттилоот дар бораи имкониятҳои воқеи ва неруги, амалиёт, нақшаҳои давлатҳои хориҷи, ташкилотҳо ва шахсон (минбаъд — ахбороти разведкавӣ), ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳл доранд;
— расонидани кӯмак дар татбиқи чорабиниҳое, ки давлат ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ефта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъерию ҳуқуқии Ҷyмҳypии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои баиналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти разведкавӣ
Фаъолияти разведкавӣ дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:
— тақсими ваколатҳои мақомоти давлати, ки ба ҳайати қувваҳои таъмини амнияти давлат дохил мешаванд;
— қонуният;
— эҳтироми ҳуқуқ ва риояи озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
— пинҳонкори;
— бо ҳам пайвастани усул ва воситаҳои аёни ва махфи.
Моддаи 5. Мақсади фаъолияти разведкавӣ
Мақсади фалъолияти разведкавии разведкаи ҳарбӣ аз инҳо иборат аст:
— таъмини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ахбороти разведкавӣ, ки ба онҳо барои қабули карорхо дар соҳаҳои сиёси, иқтисоди, мудофиа, илмию техники ва экологи зарур аст;
— таъмини шароитҳое, ки барои татбиқи бомуваффакияти сиёсати Ҷyмҳypии Тоҷикистон дар соҳаи амният мусоидат менамоянд;
— расонидани кӯмак ба инкишофи ҳарбию иқтисоди, пешрафти илмию техникии мамлакат тавассути аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба даст овардани ахбороти ҳарбӣ — иқтисоди ва илмию (техники, аз ҷумла дар шакли чассум пешниҳод намудани он ба мақомоти давлати, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Фаъолияти разведкавӣ наметавонад барои ноил шудан ба мақсадҳои зиддибашари ва инчунин расидан ба мақсаде, ки дар ҳамин Қонун пешбини нашудааст, анҷом дода шавад.
Моддаи 6. Ваколати мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Барои ба даст овардани мақсади фаъолияти разведкавӣ ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ваколатҳои зерин дода мешаванд:
— дар асоси махфи муқаррар кардани муносибатҳои ҳамкори бо шахсоне, ки хоҳиш изҳор намуда ба ин ихтиёрона розиги додаанд;
— ба амал баровардани чораҳо оиди рамзнависи кардани ҳайати кадрҳо ва ташкили фаъолияти он бо истифодаи мансубияти дигари идорави ба ин мақсадҳо;
— бо мақсади таъмини амнияти миллӣ амалӣ намудани чорабиниҳои махфӣ ва ғайримахфии разведкавӣ, ташкилӣ ва идоракунӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ; (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
— ба мақсади пинҳонкори истифода бурдани ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти кормандони ҳайати кадрҳо, мансубияти идоравии ҷузъу томҳо, ташкилотҳо, бинохо ва воситаҳои нақлиётии мақомоти разведкаи ҳарбиро размнависи шудаанд;
— ҳамкори бо мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти разведкавӣ ва зиддиразведкавиро анҷом медиҳанд;
— дар рафти анҷом додани фаъолияти разведкавӣ тибқи карордод ё розигии шифоҳи истифода бурдани биноҳои хизмати, амволи муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин биноҳои истиқомати ва ғайриистиқомати, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи шахсони алоҳида;
— бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани созишномаҳое, ки барои анҷом додани фаъолияти разведкавӣ заруранд;
— ҳамкори бо хадамоти разведкавӣ ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷи бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун;
— барпо кардани муассисаҳои махсуси таълими оиди баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо;
— ташкил ва истифодаи баҳисобгирии оперативи, системаи иттилоти ва боигониҳое, ки ҳалли вазифаҳои разведкавӣ ва ташкилиро таъмин менамоянд, чопи нашрияҳои махсус;
— таъмини амнияти худи;
— таъсиси фондҳои ғайрибуҷетӣ барои таъмини фаъолияти разведкавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
— роҳбарӣ намудан ба фаъолияти разведкавии сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ; (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
— барпо кардани сохторҳои ташкили (ҷузъу томҳо), ки барои амал кардани мақомоти разведкаи ҳарбӣ заруранд.
Моддаи 7. Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарбӣ аз ҳисоби буҷети давлати, ки барои мудофиа ҷудо карда мешавад, инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад. (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
Мақомоти разведкаи ҳарбӣ метавонанд фонди манзили хизмати, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, дошта бошанд.
Моддаи 8. Ҳифзи маълумот оид ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизмат ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ дохил мешаванд, инчунин шахсоне, ки ба маълумоти оиди мақомоти разведкаи ҳарбӣ рох дода мешаванд, аз тартиби ба расмиятдарории иҷозат ба маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, мегузаранд, агар қонун тартиби дигарро пешбини накарда бошад.
Ҳуҷҷатҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ, ки дар бораи ҳайати кадрҳои онҳо, шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ пинҳони кӯмак мерасонанд (расондаанд), инчунин дар бораи усул ва воситаҳое, ки ин мақомот истифода мебарад, маълумот доранд, танҳо дар боигониҳои разведкаи ҳарбӣ махфуз дошта мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои боигониҳои разведкаи ҳарбии кимати таърихи ва илми дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда мешаванд, барои маҳфуздории доими ба хадамоти давлатии бойгони супорида мешаванд.
Моддаи 9. Робитаи мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои огохии аҳли ҷомеа оид ба фаъолияти худ мақомоти разведкаи ҳарбӣ, кормандони он тавассути хадамоти даҳлдоре, ки дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин мақсад таъсис дода мешавад, бо созмонҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори умум ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон робита менамоянд.
Маводе, ки оид ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори умум пешниҳод мегардад, бояд дорои маълумоти марбут ба сирри давлати набошад.
Иттилооти ба зиндагии шахси, шаъну шараф ва шахсияти шаҳрвандон даҳл дошта, ки дар чараёни фаъолият ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ маълум шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд ифшо карда нашавад.
Нашр кардани мавод оид ба разведкаи ҳарбӣ аз тарафи воситаҳои ахбори умум, ки сирри давлатро ташкил мекунанд, боиси масъулияти пешбининамудаи қонунгузории ҷори мегардад.
БОБИ II. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБИ
Моддаи 10. Таъсиси мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Фаъолияти разведкавӣ ҳам аз ҷониби мақомоти мустақили разведкаи ҳарбӣ, ҳам мақомоти разведкаи ҳарбие, ки ба сохтори дигар вазорату идораҳо дохил мешавад, ба амал бароварда мешавад.
Таъсис, аз нав ташкилдихи ва барҳам додани мақомоти мустақили разведкаи ҳарбӣ ва мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар ҳайати вазорату идораҳоро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари вазорату идораҳои даҳлдор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
Низомномаро дар бораи мақомоти мустақили разведкаи ҳарбӣ, инчунин дар бораи вазорату идораҳое, ки ба ҳайати он мақомоти разведкаи ҳарбӣ дохил мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик мекунад.
Моддаи 11. Соҳаи фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Разведкаи ҳарбӣ дар доираи салоҳияти худ фаъолияти разведкавиро дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-сиёси, ҳарбӣ-техники, ҳарбӣ-иқтисоди, экологӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир амали мегардонад. (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
Моддаи 12. Роҳбари ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умуми мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— вазифаҳои стратегии фаъолияти разведкавиро муайян менамояд;
— фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбиро назорат ва мутобиқ мекунад;
— дар ҳолатҳои алоҳида мақомоти разведкаи ҳарбиро барои фаъолияти разведкавӣ дар дохили кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир ҷалб менамояд; (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
— оид ба масъалаҳои вобаста ба разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мувофиқи мақсад будани бастани шартномаҳои дорои хусусияти байниидоравии баини мақомоти разведкаи ҳарбии давлат ва хадамоти разведкавӣ ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷи карорхо қабул менамояд;
— роҳбари разведкаи ҳарбиро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад.
Моддаи 13. Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкавӣ
Дар раванди фаъолияти разведкавӣ мақомоти разведкаи ҳарбӣ усул ва воситаҳои аёни ва махфиро истифода бурда метавонад, ки хусусияти хоси онҳоро шароити фаъолияти мазкур муайян менамояд.
Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкавӣ набояд ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар расонанд.
Мақомоти разведкаи ҳарбӣ барои расидан ба мақсадҳои фаъолияти разведкавӣ ҳуқуқ доранд системаҳои иттилооти, сабти видео-аудио, суратгири, аз каналҳои техникии алоқа гирифтани ахборот, инчунин дигар усул ва воситаҳоеро, ки ба талаботи қисми дуюми ҳамин модда ҷавобгӯ мебошанд, истифода барад.
Тартиби истифода бурдани усул ва воситаҳои махфии фаъолияти разведкавиро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
Мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба масъалаҳои истифодаи усул ва воситаҳои фаъолияти разведкавӣ сирри давлатиро ташкил медиҳад. (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
Моддаи 14. Пешниход кардани иттилооти разведкавӣ
Иттилооти разведкавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба мақомоти давлатии муайянкардаи ӯ пешниҳод карда мешавад.
Роҳбарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаққони, объективона будани ахбороти разведкавӣ ва сари вақт пешниҳод шудани он масъулияти шахси доранд.
Роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоте, ки маълумоти разведкавии номбурдаро гирифтаанд, барои фош кардани маълумотҳои дар он мавҷудбуда, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд ё манбаъҳои ин ахборотро ошкор менамоянд, бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 14.1. Истифодаи мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир
Дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир мақомоти разведкаи ҳарбӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин истифода шавад:
— барои ба даст овардан ва коркарди маълумот оид ба ҳодиса, шахсон, зуҳуроте, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, инчунин оид ба шахсони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он қарордошта, ки ба тайёр ва содир кардани амалҳои террористӣ, экстремистӣ ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир алоқаманданд;
— барои иштирок дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва махсуси дигар.
Корманди мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин иштирок дар чорабиниҳои зиддитеррористӣ ва махсуси дигар ҳуқуқ дорад шахсан ё дар ҳайати воҳидҳо (гурӯҳҳо) силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва махсусро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд. (Қонун №1616 аз 20.06.19с.)
Моддаи 15. Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти разведкаи дигар давлатҳо
Ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои разведкаи ҳарбӣ ва дигар хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъерии дохилиидорави асос ефта, тибқи созишномаҳои дуҷонибаи баини вазорату идораҳои даҳлдори Ҷyмҳypии Тоҷикистон басташуда муайян мегардад.
Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо хадамоти разведкаи дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои баиналмилалии Ҷyмҳypии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар фаъолияти разведкавӣ ба тагиири самтҳои асосии фаъолияти онҳо алоқаманд набошад, ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмак менамоянд.
Тартиби ҳамкори бо вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мусоидат ҷиҳати анҷом додани фаъолиятҳои разведкавӣ бо ин мақомот дар асоси санадҳои меъерии баиниидорави сурат мегирад ва дар созишномаҳои дуҷониба, ки баини роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷyмҳypии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои даҳлдор баста мешавад, муайян мегардад.
БОБИ III. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ ВА ШАХСОНЕ, КИ БА ИН МАҚОМОТ КӮМАК МЕРАСОНАНД (РАСОНДААНД)
Моддаи 17. Кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ хизматчиени ҳарбӣ, хизматчиени ҳайати кадрҳо ва инчунин хизматчиени ҳарбӣ, хизматчиену коргарони ба ҳайати кадрҳо дохилнашаванда, ки ихтиери мутобиқан ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ ё ба кор ба ин мақомот даромаданд, дохил мешаванд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифатҳои маънавию рухи ва кори, синну сол, маълумот ва вазъи саломати барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда кобил аст, корманди мақомоти разведкаи ҳарбӣ буда метавонад.
Адои хизмати ҳарбӣ дар мақомоти разведкаи ҳарбӣ аз рӯи даъват ва ихтиёри сурат мегирад.
Ба хизматчиену коргарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва имтиёзҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пахн мегарданд.
Хизматчиени ҳайати кадрҳо ва хизматчиени ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарбӣ, хизматчиене, ки ба ҳайати кадрҳо дохил намешаванд ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ узви хизбҳои сиёси, иттиходяҳои ҷамъияти, ки мақсадҳои сиёси доранд, буда наметавонанд.
Моддаи 18. Ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ хизматчиени ҳарбии ба вазифаҳои даҳлдор таъиншуда ва хизматчиени мақомоти разведкаи ҳарбӣ, ки ӯҳдадориҳои вазифагии онҳо бевосита ба амали гардондани фаъолияти разведкавӣ алоқаманд аст, дохил мешаванд.
Маълумотхо дар бораи мансубияти шахсони мушаххас ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла кормандони аз ин мақомот озодшуда, сирри давлати мебошанд.
Кормандони ҳайати кадрҳо барои иҷрои вазифахояшон метавонанд мутобиқи талаботи ҳамин Қонун бидуни кушодани рамзи мансубияташон ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳоро ишғол намоянд.
Ба кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ иштироки махфи дар кори мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузори (намояндаги) ё суди, инчунин идтиҳодияҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои дини бо мақсади расонидани таъсир ба хусусияти фаъолияти онҳо манъ карда мешавад.
Кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, агар ба ин зарурати хизмати набошад, бо фаъолияти дигари музднок машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илми, муаллими ва эҷоди, ки бо розигии роҳбари мақомоти даҳлдори разведкаи ҳарбӣ сурат мегирад.
Моддаи 19. Шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ махфи кӯмак мерасонанд (расондаанд)
Барои ноил шудан ба мақсадҳои фаъолияти разведкавӣ мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар асоси беподош ё подошнок бо шахсони синнашон болиғ, қобили амал, ки барои расондани кӯмаки махфи ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ихтиери розиги додаанд, муносибатҳои ҳамкори муқаррар карда метавонанд. Тартиби муносибатҳои ҳамдигариро бо чунин шахсон санадҳои меъерии ин мақомот, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, муайян менамоянд.
Маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ махфи кӯмак мерасонанд (расондаанд), сирри давлатиро ташкил медиҳанд ва бинобар ба охир расидани мӯҳлати ҷоизи зиёдтарини махфи доштани маълумотҳое, ки сири давлатиро ташкил медиҳанд, набояд ошкор карда шаванд. Ба ин маълумотхо танҳо ба кормандони барои он ваколатдори мақоми дахлдори разведкаи ҳарбӣ ҳуқуқи иҷозат дода мешавад.
Барои таъмини амнияти шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд) ва аъзои оилаҳои онҳо метавонад чорабиниҳои муҳофизатие гузаронда шаванд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон накунанд.
Моддаи 20. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ вазифахояшонро иҷро менамоянд ва дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар қонун барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Хангоми ба хизмати ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарбӣ дохил шудани мутахассисони ихтисоси баланд дошта, ки ба онҳо мақомоти разведкаи ҳарбӣ мӯҳтоҷанд, ҳамчунин хизматчиени ҳарбии ин мақомот, ки то мавриди дар амал чори намудани Қонуни мазкур ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, собикаи меҳнатии онҳо ба мӯҳлати хизмати ҳарбие, ки барои таъин намудани нафақа ва иловапулии собиқаи хизмати лозим аст, ба андозаи ду соли собиқаи умумии меҳнати ба як соли хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад.
Ба хизматчиени ҳарбӣ ва хизматчиёни ғайринизомии мақомоти разведкаи ҳарбӣ маоши вазифави (ставкаи тарифи) барои хизмат (кор) дар мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба андозаи 25 фоиз баландтар муайян карда мешавад.
Хизматчиени ҳарбӣ, хизматчиен ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар ҳимояи давлат мебошанд. Ҳеҷ кас, ба ғайр аз мақомот ва шахсони мансабдоре, ки барои он қонун ваколатдор кардааст, ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти хизматии онҳо дахолат намояд.
Муҳофизати ҳаёт ва саломати, шараф ва шаъну эътибор, инчунин амволи кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо аз сӯиқасдҳо ва таҳдид бинобар амали кардани фаъолияти разведкавӣ аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Нисбат ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ муқаррароти даҳлдори санадҳои қонунгузори оид ба адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти истиснои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои аз ҷониби онҳo иҷро намудани вазифа (душвории кор, дарачаи тахассуси, махфият, донистани забонои хориҷи) татбиқ мегардад.
Моддаи 21. Ҷавобгарии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ барои ҳуқуқвайронкуни
Кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуни мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар душ масъулият доранд.
Мансубият ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва алоқаманди дар анҷом дидани фаъолияти разведкавӣ корманди мақомоти разведкаи ҳарбиро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулият озод намекунад.
Статуси корманди мақоми разведкаи ҳарбӣ ба мақсадҳое, ки ба ӯҳдадориҳои вазифагии ӯ мувофиқ нест, истифода шуда наметавонад.
Моддаи 22. Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо
Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар менамояд. (Қонун №886 аз 1.08.12с.)
Моддаи 23. Ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки ба мақоми разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд)
Шахсе, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфи мерасонад (расондааст) ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, мумкин аст бо дархости ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
Давраи ҳамкории шахси ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда бо мақоми разведкаи ҳарбӣ ба собикаи меҳнатии ӯ дохил карда мешавад. Ҳифзи иҷтимоии чунин шахсон мутобиқи моддаҳои 14—16, 21 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» амалӣ мегардад. (Қонун №1072 аз 14.03.14с.)
БОБИ IV. НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ
Моддаи 24. Назорат ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ
Назорати умумиро ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
Моддаи 25. Назорати прокурори
Назоратро аз рӯи иҷро намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарафи мақомоти разведкаи ҳарбӣ Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он ваколатдор ба амал мебароранд.
Маълумотхо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд), инчунин дар бораи ташкил, усул ва воситаҳои амали гардондани фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба соҳаи назорати прокурори дохил намешаванд.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе, 2 декабри соли 2002
№78