- ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУН
- «ДАР БОРАИ ДАРОВАРДАНИ ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- «ДАР БОРАИ МУДОФИА»»
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи мудофиа» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, №14, моддаи 283) тағйироту иловаҳо дохил карда шаванд ва он дар таҳрири зерин ифода гардад:
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУН
«ДАР БОРАИ МУДОФИА»
БОБИ II. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР СОҲАИ МУДОФИА
БОБИ IV.ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР ВОҲИДҲОИ ҲАРБӢ
БОБИ V. ҲОЛАТИ ҶАНГ. ВАЗЪИЯТИ ҲАРБӢ. САФАРБАРКУНӢ
БОБИ VI. МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ВА ҲУДУДӢ
БОБИ VII. ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИ МУДОФИА
БОБИ VIII. ӮҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ IХ. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИДИ МУДОФИА
Қонуни мазкур асосҳо ва ташкили мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатхои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳалли, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиа муайян мекунад. (Қонун №147 аз 28.12.05.с.)
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Асосҳои мудофиа
Зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст.
Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад.
Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳурӣ барои пешгирии таҳдиди таҷовуз, инчунин зада гардонидани таҷовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад.
Мудофиа тибқи Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад. (Қонун №248 аз 12.05.07с.)
Барои мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд ва ӯҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлати иштирок карда метавонанд. (Қонун №248 аз 12.05.07с., Қонун №1098 аз 26.07.14с.)
Ба ғайр аз ин ба мудофиа Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои хоси аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунад, ҷалб карда мешавад. (Қонун №731 аз 13.11.98с., Қонун №871 аз 10.12.99с., Қонун №80 аз 1.03.05с., Қонун №147 аз 28.12.05с. Қонун №248 аз 12.05.07с., Қонун №642 аз 29.12.10с.)
Қисми ҳаштум хориҷ карда шуд. (Қонун №14 аз 22.04.03с.)
Мавҷудият ва ташкили дигар сохторҳои ғайриқонунии ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қонун таъкиб карда мешавад. (Қонун №14 аз 22.04.03с.)
Моддаи 2. Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи сиёсати дохили ва берунаи давлат буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қонун №23 аз 29.11.00с.)
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба ҳисоб гирифтани доктрина (таълимот)-и ҳарбӣ ва асосҳои мудофиа ташкил карда мешавад.
Моддаи 3. Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи усули басандагии мудофиа дар сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ амал карда, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҷанг ё истифодаи қувваи ҳарбиро чун воситаи ҳалли масъалаҳои байналмилалли эътироф намекунад;
давлати дорои силохи зарравӣ нест ва кӯшиши истеҳсол кардану ба даст овардани силоҳи зарравӣ ё истифодаи онро аз ҳудуди худ надорад;
ба ягон давлат даъвои арзӣ надорад ва дар симои ягон халқ душманро намебинад;
хеҷ гоҳ, аввалин шуда ба муқобили хеҷ мамлакате амалиёти ҷангиро сар намекунад, агар худи вай ҳадафи таҷовуз қарор нагирад;
муҳофизати сулҳ ва амнияти байналмилалиро чун кафолати пойдории аҳли башар эътироф менамояд.
Моддаи 4. Ташкили мудофиа
Ба ташкили мудофиа инҳо дохил мешаванд:
танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиа;
таҳия кардани сиёсати ҳарбӣ ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешгӯӣ ва баҳодиҳӣ ба таҳдиди ҳарбӣ;
сохтмон, тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба нақша гирифтани истифодаи онҳо;
таъмини ҳамкории ҳарбию сиёсӣ бо дигар давлатҳо ва мутобиқ намудани қувваҳо барои пешгирии таҷовуз;
ҳифзи сарҳади давлатӣ;
таҳия, истеҳсол ва такмили силоҳу техникаи ҳарбӣ, ба вуҷуд овардани захираи онҳо; (Қонун №987 аз 22.07.13с.)
омодагии сафарбаркунандаи мақомоти ҳокимияти давлати, корхонаву муассисаҳо, иқтисодиёт, ҳудуд, воситаҳои мухобирот ва аҳолии мамлакат;
тараққиёти илми ҳарбӣ, конверсия ва реконверсияи саноати мудофиавӣ;
ба вуҷуд овардани захираи сарватҳои моддӣ дар манбаъҳои давлатӣ ва сафарбаркунӣ;
ба нақша гирифтан ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ;
таъмини махфӣ доштани сирри давлатӣ; (Қонун №4 аз 28.02.04с.)
мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиа;
назорати иҷрои Қонунҳо дар соҳаи мудофиа ва сарфи воситаҳои буҷет барои мудофиа;
чорабиниҳои дигар дар соҳаи мудофиа.
Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (Қонун №1098 аз 26.07.14с.)
БОБИ II. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР СОҲАИ МУДОФИА(Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Моддаи 6. Салоҳияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа
Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:(Қонун №147 аз 28.12.05с.)
— паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои мудофиа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат мешунаванд;
— ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ризоият медиҳанд;
— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарби сарфароз мегардонанд; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
— фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ дар сурати ба вуҷудоӣ ё таҳдиди бавуҷудоии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба якпорчагӣ ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбаркунии умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи ҷавобшавӣ аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи ҷанг, қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд;
— масъалаҳое, ки бо сарҳади давлатӣ вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунанд. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:
— қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад;
— барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарбӣ ризоият медиҳад;
— судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад ва бозмехонад;
— масъалаи бекор кардани дахлнопазирии судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд.
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
— қонунҳоро дар соҳаи мудофиа қабул менамояд; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
— аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
— бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари ҳарбиро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, тасдиқ мекунад;
— доктринаи ҳарбӣ ва ҳаҷми маблағҷудокуниро аз буҷет барои мудофиа тасдиқ мекунад;
— шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳарбӣ тасдиқ ва бекор мекунад;
— рутбаҳои ҳарбиро муқаррар мекунад;
— матни Савганди ҳарбӣ, Оинномаҳои умумиҳарбӣ, байрақҳои ҷангӣ ва парҷамҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад. (Қонун № 23 аз 29.11.00с.)
Моддаи 7. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъмини қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро мебинад. (Қонун №1098 аз 26.07.14с.)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои доктринаҳои ҳарбӣ, таклифҳоро оиди хайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, ҳаҷми хароҷоти буҷет барои мудофиа пешниҳод мекунад; (Қонун № 23 аз 29.11.00с.)
фаъолияти ташкилотҳои давлатиро дар соҳаи мудофиа бо ҳам мутобиқ мегардонад;
самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ муайян мекунад; (Қонун № 23 аз 29.11.00с.)
Шӯрои амниятро ташкил намуда, ба он роҳбарӣ мекунад;
гуфтушунидҳо мегузаронад ва оиди масъалаҳои ҳарбӣ шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
барои гузаронидани озмоишҳои махсуси аслиҳаву техника рухсат медиҳад;
консепсия ва нақшаҳои сохтмони ҳарбӣ, нақшаҳои сафарбаркунӣ, стратегӣ ва ғайраро, ки бо амалкунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, тасдиқ мекунад;
бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои ҷобаҷогузории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, ҷобаҷокунии объектҳои ҳарбиро тасдиқ менамояд;
ҳолати ҷанг, сафарбаркунии умумӣ ва ҷузъӣ, ҳолати ҳарбиро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон карда, бетаъхир ба тасдиқи ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалиёти ҳарбӣ фармон медиҳад;
оиди истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ дар сурати ба вуҷудоӣ ё таҳдиди бавуҷудоии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба якпорчагӣ ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунад, фармонҳо медиҳад, ки баъдан ин қарорҳо дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешаванд; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
дар хусуси ташкил, аз дигар ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ дар ҳудуди шумораи муқарраркардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳад; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
дар бораи муваққатан ё доимӣ ба ихтиёри фаврии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани сохторҳои ҳарбӣ фармон медиҳад; (Қонун №147 аз 28.12.05с. Қонун №248 аз 12.05.07с.)
санадҳои меъёрии замони ҷангро дар амал ҷори мекунад ва амали онҳоро қатъ менамояд, онҳоро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (Қонун №248 аз 12.05.07с.)
оиди даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармонҳо мебарорад;
Низомномаро дар бораи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси ёд намудани Савганди ҳарбӣ оиди масъулияти моддии хизматчиёни ҳарбӣ барои зарари ба давлат расонида ва дигар масъалаҳое, ки дар қонунҳо мустақиман ишора шудаанд, тасдиқ мекунад номгӯи мансабҳоеро, ки ба онҳо ҳайати олии афсарӣ таъин мешаванд муқаррар мекунад; (Қонун №248 аз 12.05.07с.)
нақшаи мудофиаи гражданӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, фармонро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; (Қонун №147 аз 28.12.05с., Қонун №1098 аз 26.07.14с.)
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; (Қонун №248 аз 12.05.07с.)
рутбаҳои олии ҳарбиро медиҳад; (Қонун №642 аз 29.12.10с.)
барномаҳо ва нақшаҳои давлатии тараққиёти аслиҳа ва техникаи ҳарбиро дар ҳаҷми маблағҳои ҷудокардашуда тасдиқ мекунад;
сиёсати ҳарбии давлатиро муайян мекунад. (Қонун № 23 аз 29.11.00с.)
Моддаи 8. Ваколатхои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти роҳбарии дастҷамъона ба шумор меравад.
Ваколатҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ва Низомнома оиди Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунанд. смҳ «ҳуқуқ»
Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ:
барои ҳолати қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст;
ба фаъолияти мақомоти ба вай тобеъ оиди таъмини мудофиа, таҷҳизонидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддӣ роҳбарӣ мекунад;
ҳаҷми манбаъҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, амволу ашёи барои мудофиа, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳарбии дигар заруриро муайян мекунад;
таҳия ва иҷрои нақшаву супоришҳои сафарбаркунӣ, нақшаҳои захираи манбаъҳои сафарбаркунӣ ва давлатиро ташкил мекунад;
ташкили инфраструктураи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбиро таъмин менамояд;
ба мудофиаи гражданӣ, ҳудудӣ, омодагии сафарбаркунӣ, сафарбаркунии иқтисодиёт ва ба шароити замони ҷанг мувофиқ гардонидани он роҳбарӣ мекунад, доир ба масъалаҳои мазкур санадҳои меъёрии мувофиқ интишор мекунад;
дар соҳаи ҳарбӣ аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оиди масъалаҳое, ки бевосита ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, мебандад ва бекор мекунад;
дар ҳудудӣ ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои ӯҳдадориҳоеро ташкил мекунад, ки дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа дарҷ шудаанд;
оиди таъмини иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо кори ташкилотҳои тобеъро ташкил менамояд;
барои ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, инчунин барои коргарону хизматчиёни корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои мудофиавӣ вобаста аз шароити меҳнат имтиёзҳо муқаррар мекунад;
тартиби супурдан, ба ичора додан, фурӯхтан, барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарби, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ пешниҳод ва истифодаи заминҳо ва дигар манбаъҳои табиии барои мудофиа зарурро муқаррар мекунад; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
коркард ва истеҳсоли аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, конверсия, реконверсия ва тараққиёти саноати мудофиавиро ташкил мекунад;
содирот ва воридоти аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ашёи стратегӣ, технологияи пешқадам ва маҳсулоти таъминоти гуногундараҷаро назорат менамояд;
дар бораи ташкил, тағйири таъинот ва барҳам додани корхонаҳои давлатии мудофиа, ташкилотҳои тадқиқотӣ илмӣ ва озмоишии конструкторӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ қарор қабул мекунад, инчунин аз рӯи ихтисосҳои ҳарбӣ тартиби тайёр кардани кадрҳои афсариро муайян менамояд; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Низомномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, оид ба тартиби адои хизмати ҳарбӣ, дар хусуси баҳисобгирии низомиён, даъватшудагон ва манбаъҳои техника, дар бораи гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, оиди кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва дигар низомномаҳоеро, ки ҳаёту фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбиро танзим менамоянд, тасдиқ мекунад;
муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунад. (Қонун №642 аз 29.12.10с.)
Моддаи 10. Ваколатҳои ҳокимияти судӣ
Ҳокимияти судӣ дар ҳудуди ваколатҳои худ дар таъмини мудофиа иштирок мекунад.
Дар сохтори мақомоти ҳокимияти судӣ судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ки ваколатҳои онҳо бо Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян мегарданд. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Моддаи 11. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
барои ҳолати омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст;
мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати соҳаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ менамояд; (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
дар омода сохтани пешниҳодҳо дар соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд; (Қонун № 23 аз 29.11.00с., Қонун №147 аз 28.12.05с.)
пешниҳодҳоро оиди лоиҳаи буҷети ҳарбӣ омода месозад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, дар хусуси истифодаи маблағҳои барои мудофиа ҷудогардида ҳисобот медиҳад;
таъминоти молиявӣ, техникӣ ва ақибгоҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;
дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбиро ташкил мекунад ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони аз хизмати ҳарбӣ ҷавобшуда ва аъзои оилаи онҳоро таъмин менамояд;
тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ ва ҳарбии ватандустии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва таъмин менамояд;
ба ташкилотҳои мададгори мудофиа ва клубҳои ҳарбии ватандӯстӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои оинномавии онҳо ба манфиати мудофиа ҳамкорӣ менамояд;
дар асоси шартнома корҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоиши конструкториро дар соҳаи мудофиа, истеҳсол ва хариди аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, озуқа, пӯшока ва амволи дигар, манбаъҳои моддӣ ва ғайраҳо, инчунин корҳои пудратӣ ва хизматҳоро барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағи ба ин мақсадҳо ҷудошуда фармоиш медиҳад ва маблағгузорӣ мекунад;
бо муассисаҳои ҳарбии дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад;
ба илми ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад, тадқиқоти илмии ҳарбӣ ташкил мекунад ва мегузаронад;
иҷрои қонунгузориро дар соҳаи мудофиа дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти онҳо таъмин менамояд;
дар ҳудуди ваколати худ сиёсати кадриро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
муборизаро бар зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии амнияти худии зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба амал мебарорад; (Қонун № 23 аз 29.11.00с.)
дигар ваколатҳоро, ки дар асоси низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, иҷро мекунад. (Қонун №248 аз 12.05.07с.)
Моддаи 12. Ваколатҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тайёрии сафарбарӣ дар системаи вазоратҳо ва идораҳо роҳбарӣ менамоянд ва дар лоиҳаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии соҳа оиди истеҳсоли маҳсулот ва молҳои таъиноти ҳарбӣ, сохтмони объектҳои мудофиавӣ, тайёр намудан ва такмил додани дониши ҳарбии қувваҳои дар эҳтиёт буда, ҷудо намудани маблағҳои даркории моддию молиявӣ барои эҳтиёҷи мудофиа ва иҷрои вазифаҳои сафарбарӣ фармоишҳои дахлдор пешбинӣ менамоянд;
ташкил, тараққӣ ва нигоҳдории иқтидорҳои сафарбарӣ, ҷамъоварии резервҳои давлатӣ ва сафарбариро анҷом медиҳанд;
чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудиро ташкил намуда, мегузаронанд ва иҷрои онро аз тарафи сохторҳои идоракунӣ ва истеҳсолии тобеъашон назорат намуда, барои ин мақсадҳо маблағ ҷудо мекунанд;
иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиа дар соҳа ва харҷи маблағҳоеро, ки ба сохторҳои тобеъ барои мудофиа ҷудо карда мешаванд, назорат мекунанд.
Дигар ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд. смҳ «ҳуқуқ»
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуни маҳаллӣ (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракуни маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ барои ҳолати мудофиа, аз ҷумла мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ масъуланд ва таъмини чорабиниҳои зеринро ба ӯҳда доранд: (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
иҷрои ҳатмии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа аз тарафи ташкилоту муассисаҳои тобеъ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон; (Қонун №1098 аз 26.07.14с.)
таъмин кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ бо маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ, бо об, қувваи барқию гармӣ, воситаҳои алоқа, хизматрасонии коммуналию манзилӣ ва ғайра;
иҷрои чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, даъватшавандагон, шахсони ӯҳдадори ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ба тавре, ки қонун муайян намудааст;
қайди ҳарбӣ ва тайёрии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, даъвати онҳо ба хизматм ҳарбӣ, ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва сафарбарӣ;
иҷрои барномаи гузаронидани иқтисодиёт ба низоми кории ҳолати ҷангӣ, ҷиҳозонидани қаламрави кишвар ба манфиати мудофиа;
иҷрои нақшаю супоришҳои сафарбарӣ;
ҳифозати қабристонҳои ҳарбӣ ва дигар объектҳои ҳарбие, ки хотираи шахсони дар роҳи муҳофизати Ватан ҳалокшударо абадӣ мегардонанд.
ҷудо намудани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти мудофиа ва назорат ба истифодаи онҳо;
кӯмак расонидан ба ҷойгиронӣ ва манзилгирии қӯшун;
ҳамкорӣ бо мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва идоракунии қӯшун дар маҳалҳо оиди масьалаҳои мудофиа.
БОБИ III. ВАЗИФАҲОИ КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО, ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ МУДОФИА
Моддаи 14. Вазифаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи мудофиа
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияташон мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
фармоишҳои давлатӣ ва ӯҳдадориҳои шартномавиро оиди ташкил, истеҳсол, таъин ва таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, дигар амвол ва ресурсҳои ҳарбӣ, корҳои пудратӣ ва адои хизматҳо барои эҳтиёҷи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ иҷро мекунанд;
тадқиқоти илмӣ ва иктишофоти соҳаи мудофиаро анҷом медиҳанд;
тибқи барномаҳои сафарбарӣ иқтидори резервҳои лозимаи сафарбариро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ медоранд, вазифаҳои ҳарбии нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ва дигар супоришҳоро иҷро мекунанд;
дар чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ иштирок менамоянд;
ба коркунони худ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбиашон шароити мусоид фароҳам меоваранд;
барои эҳтиёҷи мудофиа, ки тибқи Қонуни мазкур муайян гардидааст, хароҷоти лозима мекунанд;
барои иҷрои нақшаи гузаронидани иқтисодиёт ба кори шароити давраи ҷанг чораҷӯӣ мекунанд;
шаҳрвандонеро, ки барои хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд ва ӯҳдадорони ҳарбиро ба қайди ҳарбӣ гирифта, кормандонро дар давраи ҷанг брон мекунанд.
Шахсони мансабдор тибқи мансаби ишғолкардаашон бояд вазифаҳои худро оиди масъалаҳои мудофиа, агар чунин вазифаҳо мутобиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошанд, донанд ва иҷро намоянд. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Моддаи 15. Вазифаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои мусоидати мудофиа
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои мусоидати мудофиа дар фаъолияти худ бояд қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба фошгардии сирри давлатӣ роҳ надиҳанд, дар мустаҳкам гардонидани қобилияти мудофиавии давлат ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон кӯмак расонанд аз имкониятҳои худ истифода бурда, дар иҷрои вазифаҳои сафарбарии замони ҷанг иштирок намоянд. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Ташкилотҳои мусоидати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон илова бар ин барои сифати тайер намудани мутахассисон аз рӯи талабномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ масъуланд ва вазифадоранд, ки:
навъҳои варзиши техникӣ, авиатсионӣ, ҳарбӣ-амалӣ ва эҷодиёти техникаи ҷавононро равнақ диҳанд;
дар асоси худмаблағгузорӣ тайёр намудани шахсони дорои ихтисосҳои оммавии техникаро, ки аҳамияти ҳарбӣ-амалӣ доранд, ба роҳ монанд;
дар вақти ҷанг дар таълими умумии ҳарбии аҳолӣ ва бо истифодаи имкониятҳои худ ҳал намудани вазифаҳои сафарбарӣ иштирок кунанд.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба хароб намудани Мудофиа ва тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар вазифаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, манъ аст.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи он вазифаи фахрӣ мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонун:
ӯҳдадории ҳарбиро иҷро мекунанд ё ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбии дохил мешаванд;(Қонун №29 аз 29.11.00с.)
дар чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ иштирок мекунанд;
метавонанд корхонаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки барои мустаҳкам намудани мудофиа равона гардидаанд, ташкил кунанд:
дар вақти ҷанг бо талаби мақомоти амалкунандаи ҳокимият биноҳо, иншоотҳо, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволеро, ки моликияти онҳост, бо роҳи минбаъд аз тарафи давлат ҷуброн кардани онҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа медиҳанд. смҳ «ҳуқуқ»
БОБИ IV.ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР ВОҲИДҲОИ ҲАРБӢ
Моддаи 17. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбии давлатӣ мебошад, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ аз таҷовуз таъин гаштааст.
Вазифа, тартиби пуррасозӣ ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ муайян мегардад.
Моддаи 18. Воҳидҳои дигари ҳарбӣ
Таъинот, вазифаҳо, тартиби пурра кардан ва идоракунии воҳидҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (Қонун №248 аз 12.05.07с., Қонун №642 аз 29.12.10с., Қонун №1098 аз 26.07.14с.)
Дар замони ҷанг воҳидҳои ҳарбии номбурда ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
БОБИ V. ҲОЛАТИ ҶАНГ. ВАЗЪИЯТИ ҲАРБӢ. САФАРБАРКУНӢ
Моддаи 19. Ҳолати ҷанг. Замони ҷанг
Ҳолати ҷанг дар сурати ба хатари воқеӣ дучор шудани амнияти давлат, ки дар шакли таҷовуз ё хатари таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, инчунин дар сурати зарурати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мегардан. Бо эълони ҳолати ҷанг ё оғози амалиёти ҳарбӣ замони ҷанг фаро мерасад. Оғози замони ҷанг рӯз ва соати эълони ҳолати ҷанг ё таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
Анҷоми замони ҷанг рӯз ва соати эълоншудаи ба охир расидани амалиёти ҳарбӣ ҳисоб меёбад.
Дар сурати таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳии ҳарбӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ эълони ҷангро интизор нашуда, вазифадоранд барои зада гардонидани таҷовуз тамоми чораҳоро андешанд. (Қонун №1098 аз 26.07.14с.)
Моддаи 20. Вазъияти ҳарбӣ
Вазъияти ҳарбӣ дар маҳалҳои ҷудогона ё дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар сурати эълони ҳолати ҷанг ё ҳангоми хатари воқеии амнияти давлат, ки дар хатари таҷовуз ё таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.
Бо ҷорй гардидани вазъияти ҳарбӣ ваколатҳои фармондеҳии ҳарбӣ васеъ мегардад, ба ӯ вазифаҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи мудофиаи тибқи тартиби муайяннамудаи қонун мегузарад.
Дар давоми вазъияти ҳарбӣ барои манфиати мудофиа фаъолияту ҳуқуқи корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, инчунин ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон маҳдуд гардида, ваколатҳои мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ васеъ мегардад.
Вазъияти ҳарбӣ баробари бартараф шудани хатари таҷовуз ё анҷоми ҳолати ҷанг бекор карда мешавад.
Низоми ҳолати ҳарбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 21. Сафарбарӣ
Бо эълони ҳолати ҷанг ё вазъияти ҳарбӣ сафарбарии умумӣ ё ҷузъӣ ба мақсади татбиқи чорабиниҳо барои гузаронидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз низоми кори замони осоишта ба низоми кори замони ҷанг, инчунин гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкил, ҳайат ва идоракунии қӯшунҳо, ки барои замони ҷанг пешбинӣ гардидааст, эълон карда мешавад. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Тартиби омода кардан ва гузаронидани сафарбарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VI. МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ВА ҲУДУДӢ
Моддаи 22. Мудофиаи гражданӣ
Мудофиаи гражданӣ ба мақсади ҳифзи аҳолӣ, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз харобшавӣ ва дигар хатарҳо, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ, инчунин дар ҳолати офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо, эпидемияҳо, муромурии ҳайвонот ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ба амал меоянд, ташкил мегардад.
Таъинот, вазифаҳо, ташкил ва идоракунии мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Моддаи 23. Мудофиаи ҳудудӣ
Мудофиаи ҳудуди ба максади бастан, мудофиа ва муҳофизат кардани сарҳади давлатӣ, объектҳои муҳим ва роҳҳои алоқа аз ҳуҷуми душман, мубориза бо десантҳои он ва гурӯҳҳои диверсионӣ-иктишофӣ нигоҳ доштани тартиботи ҳолати ҳарбӣ ташкил мегардад.
Вазифаҳо ва ташкили мудофиаи ҳудудӣ, тартиби ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VII. ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИ МУДОФИА
Моддаи 24. Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа
Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа ба ӯҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Барои омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа дар замони осоишта инҳо пешакӣ ташкил ва истифода мешаванд:
иқтидори илмӣ-техникӣ ва қудрати истеҳсолӣ барои гузаронидани таҳқиқот, коркард ва ташкили истеҳсоли маводи таъиноти ҳарбӣ ва мудофиавӣ;
системаҳои ғункунии захираҳои моддӣ, манбаъҳои молиявӣ ва моддӣ;
системаҳои нархгузорӣ, андозҳо, қарзҳо, мӯҷизоти иқтисодӣ, меъёрӣ ва иҷрои фармоишҳои давлатӣ ва шартномаҳои хусусияти мудофиавӣ дошта;
системаҳои чорабиниҳо дар бобати омодагии сафарбарии иқтисодиёт ва идоракунии он дар замони осоишта.
Моддаи 25. Таъмини кадрии мудофиа
Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи мудофиа омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои ҳарбӣ дар муассисаҳои ҳарбии таълимии таҳсилоти касбӣ ва дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ дар хориҷа сурат мегирад. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Барои иҷро намудани чорабиниҳо дар соҳаи мудофиа, аз ҷумла мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ дар назди вазоратҳо шуъбаҳои махсус ва намояндагии ҳарбӣ ташкил мегарданд, ки ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 26. Таъмини молиявӣ ва моддӣ-техникии мудофиа
Таъминоти молиявии эҳтиёҷоти мудофиа, сохтмон ва нигоҳдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳисоб ва дар ҳудуди маблағе, ки дар буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст ва таъминоти моддӣ-техникӣ ба таркиби ҳаққи аввалиятдорӣ сурат мегирад.
Моддаи 27. Истифодаи амвол ба манфиати мудофиа
Объектҳои ҳарбӣ, ҳамаи навъҳои силоҳ, техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар амволи ҳарбӣ-техникӣ моликияти ҷумҳуриявӣ ҳисоб меёбанд ва дар ихтиёри оперативии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ мебошанд. Зимнан объектҳои ҳарбие, ки аз тарафи сохторҳои номбурда дар замони осоишта истифода намегарданд, бояд консерватсия карда шаванд ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати барои истифодаи муваққатӣ (аз ҷумла ба иҷора) дода шаванд. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Дар ҳолате, ки истифодаи объектҳои мудофиавӣ нолозим мегардад, ин объектҳо метавонанд тибқи шарту тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, фурӯхта шаванд.
Моддаи 28. Додани замину иншоот, объектҳо ва амволи дигар барои эҳтиёҷоти мудофиа
Зимин, дигар манбаъҳои табиии барои эҳтиёҷоти мудофиа тибқи шарту тартибе, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, дода, зиёну талафи вобаста ба гирифта шудани замину манбаъҳои табиӣ барои эҳтиёҷи мудофиа ҷуброн карда мешаванд. (Қонун №147 аз 28.12.05с.)
Ба идораҳои ҳарбӣ додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар амвол ва баргардонидани онҳо ҳамчунин мутобиқи тартибе сурат мегирад, ки қонунгузорӣ муайян кардааст.
БОБИ VIII. ӮҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонун №23 аз 29.11.00с.)
Моддаи 29. Риояи меъёрҳои байналмилалли-ҳуқуқӣ(Қонун №23 аз 29.11.00с.)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амалӣ кардани мудофиа вазифадор аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи башар ва шартномаҳоеро, ки худ иштирокчии он аст, риоя намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амалӣ кардани мудофиа бартарии санадҳои байналмилалли ҳуқуқиро дар соҳаи мудофиа ва амният нисбати қонунгузории миллӣ дар ин соҳаҳо эътироф мекунад. (Қонун №23 аз 29.11.00с.)
Дар ҳолатҳои ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалли мувофиқат накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа санадҳои ҳуқуқии байналмилалли ба кор бурда мешаванд. (Қонун №23 аз 29.11.00с.)
Моддаи 30. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи мудофиа
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҳуқуқи мудофиаи инфиродӣ ва коллективӣ такя намуда, бо дигар кишварҳо дар соҳаи сохтмони ҳарбӣ ба мақсади таъмини мудофиаи якҷоя аз таҷовуз, нигоҳдории амният ва сулҳи байналмилалли ҳамкорӣ менамояд. (Қонун №23 аз 29.11.00с.)
БОБИ IХ. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИДИ МУДОФИА
Моддаи 31. Масъулият барои вайрон намудани қонунгузорӣ оиди мудофиа
Агар шахсони мансабдор ва шаҳрвандон қонуни мудофиаро иҷро накунанд ва ё ба таври бояду шояд иҷро накунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе, 4 ноябри соли 1995,
№ 208
смҳ «ҳуқуқ»