ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУН
«ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ»
БОБИ III. ӮҲДАДОРИ ВА МАСЪУЛИЯТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ
Қонуни мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо, масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарби, инчунин асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳоро муайян менамояд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ
- Вазъи ҳуқуқии (статуси) хизматчиёни ҳарбӣ маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои кафолатдории давлат, ҳамчунин масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Хизматчиёни ҳарбӣ дорои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо маҳдудкунии муайяне мебошад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар намудаанд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
Ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи омодагии ҷанги барои ҳимояи мусаллаҳона ва ҳимояи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки он бо зарурати иҷрои бечунучарои ин вазифа дар ҳар шароит, аз ҷумла бо таҳдиди хатар барои ҳаёт вобаста мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои махсуси вазифаҳое, ки ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ гузошта шудаанд, ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд.
Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар замони ҷанг, дар давраи сафарбари, дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ дар вазъияти фавқуллода ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона адо мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
- Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шаҳрванди ва вазъи ҳуқуқии онҳо дода мешаванд.
Тартиби ба хизматчиёни ҳарбӣ додани ҳуҷҷатҳои номбурда ва маблағ гузории чорабиниҳои вобаста ба додани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Хизматчиёни ҳарбӣ барои нигоҳдори, гирифта гаштан ва истифода бурдани силоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар доираи ваколатҳои худ ба хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳрвандон) ва аъзои оилаи онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловаги муқаррар намоянд.
Моддаи 2. Шаҳрвандоне, ки дорои вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ мебошанд
- Хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарби» хизмати ҳарбиро адо менамоянд.
Ба ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ инҳо мансубанд:
афсарон, прапоршикҳо, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, сержантҳо ва аскарон (минбаъд — хизматчиёни ҳарби).
- Шаҳрвандон вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбиро аз ибтидои хизмати ҳарбӣ соҳиб шуда, баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ аз он маҳрум мегарданд.
- Барои шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
- Барои шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯрави (минбаъд — ИҶШС), дигар сохторҳои ҳарбии ИҶШС ва давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то таҳти салоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани сохторҳои ҳарбии номбурда адо намудаанд ва ба хизмати ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, имтиёзу, кафолат ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани шартномаҳои дахлдори байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нигоҳ дошта мешаванд.
- Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар ҳудуди давлатҳое, ки дар қисми чоруми моддаи мазкур зикр нашудаанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбие, ки ба қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои номбурда бо тартиби ҳамкории ҳарбӣ фиристода шудаанд, мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини менамоянд, ба инҳо муқаррар карда мешаванд:
— ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо;
— ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, сохторҳои ҳарбии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рухсат шудаанд ва ба аъзои оилаи онҳо;
— ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШС, қӯшунҳои сарҳади, дохили ва роҳи оҳан, қӯшунҳои мудофиаи граждани, мақомот ва қӯшунҳои мақомоти бехатарии давлат, дигар сохторҳои ҳарбии ИҶШС рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳо.
- Ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанду ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд, агар дар Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, инҳо мансубанд:
— ҳамсар;
— фарзандони ба балоғ ат нарасида;
— фарзандони аз 18-сола боло, ки то расидан ба синни 18 солаги маъюб шудаанд;
— фарзандони то 23-сола, ки аз рӯи шакли таҳсили рӯзона дар муассисаҳои таълимии рӯзона таҳсил мекунанд;
— шахсоне, ки дар таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ қарор доранд.
- Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани ва иштирокчиёни амалиётҳои ҷанги дар ҳудуди дигар давлатҳо, собиқадорони хизмати ҳарби, ҳамчунин собиқадороне, ки ӯҳдадории хизмати ҳарбиро дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро намудаанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловаги муқаррар карда шаванд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандони ноболиғ е, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии миёнае (пурра) таҳсил мекунанд, ки барномаҳои иловагии таълимиашон дорои мақсади омодагии ҳарбӣ мебошанд, бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
- Барои хизматчиёни ҳарбие, ки асир афтодаанд ё гаравгон гирифта шудаанд, ҳамчунин дар мамлакатҳои бетараф боздошт шудаанд, вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлати ва фармондеҳии ҳарбӣ ӯҳдадоранд барои озод намудани хизматчиёни ҳарбии номбурда мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали тадбирҳо андешанд.
Ба хизматчиёни ҳарбии номбурда маош, таъминоти модди ва дигар навъҳои таъминот, ки ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пурра муайян шудани ҳолати асир афтодан ё гаравгон гирифтан, боздошти хизматчиёни ҳарбӣ ё озодшавии онҳо дода мешаванд.
- Хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсати шуда ва аъзои оилаи онҳо, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба имтиёз, кафолат ва ҷубронҳо ҳуқуқ доранд, аз имтиёз, кафолат ва ҷубронҳои мувофиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати барои шаҳрвандон муқаррарнамуда истифода мебаранд. Агар шахсони номбурда дар як вақт ҳуқуқи гирифтани ин ё он имтиёз, кафолат ва ҷубронҳоро мувофиқи якчанд асосҳо дошта бошанд, ба онҳо мувофиқи интихобашон дар як асос, бо истиснои ҳолатҳои махсуси пешбининамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз, кафолат ва ҷубронҳо дода мешаванд.
Моддаи 3. Кафолати ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳо
- Қонуни мазкур барои хизматчиёни ҳарбӣ системаи ягонаи ҳифзи ҳуқуқию иҷтимои, ҳамчунин таъминоти модди ва дигар навъҳои таъминотро бо назардошти вазифаҳои ҳарбии ишғ олкарда, рутбаҳои ҳарбии додашуда, мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии имтиёзнок, иҷрои вазифаҳо, шароит ва тартиби адои хизмати ҳарбии онҳоро муқаррар менамояд.
- Ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда ва аъзои оилаи онҳо вазифаи давлати буда, дар қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи ифода ёфтани ҳуқуқу имтиёз, кафолат ва ҷубронпулиҳои шахсони номбурда ва дигар чораҳо оид ба ҳифзи иҷтимои ва ҳамчунин тартиби ҳуқуқии амали намудани онҳоро пешбини менамояд.
- Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда ва аъзои оилаи онҳо вазифаи давлати буда, инҳоро пешбини менамояд:
— амали намудани ҳуқуқу имтиёзҳо, кафолат ва ҷубронпулиҳои онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати;
— мукаммалгардонии тартиб ва қоидаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони номбурда;
— ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, ҳамчунин дигар чораҳое, ки ба ташкили шароити ҳаёту фаъолияти ба хусусиятҳои хизмати ҳарбӣ дахлдор ва нақши он дар ҷамъият равона шудаанд.
- Амали намудани чораҳои ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколатҳои онҳо гузошта шуда, ҳамчунин вазифаи командирон (сардорон) (минбаъд — командирон) мебошад. Ба амали намудани ҳуқуқи хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо ҳамчунин метавонанд мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъияти мусоидат намоянд.
- Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ҳуқуқу озодиҳои ба хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо кафолатдодаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкурро маҳдуд созад. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва ташкилотҳо, ҳамчунин командироне, ки барои иҷро накардани вазифаҳо доир ба амали намудани ҳуқуқи хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо гунаҳкоранд, мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
Ҳангоми амали намудани даъват ба хизмати ҳарби, ҳамчунин ҳангоми рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ давлат иҷрои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кафолат медиҳад.
Моддаи 4. Асосҳои ҳуқуқии вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ
Асосҳои ҳуқуқии вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошанд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
БОБИ II. ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ, ШАҲРВАНДОНИ АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБИ РУХСАТШУДА ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО
Моддаи 5. Ҳифзи озоди, шараф ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ
- Хизматчиёни ҳарбӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти хизматии хизматчиёни ҳарби, ба истиснои шахсоне, ки тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — оинномаҳои умумиҳарби) ваколатдоранд, дахолат кунад.
- Таҳқири хизматчиёни ҳарби, зӯровари ва таҳдиди истифода бурдани зӯри, суиқасд ба ҳаёту саломати, шаъну шараф, манзилу молу мулки онҳо, ҳамчунин дигар амалиёте (беамалие), ки ҳуқуқи онҳоро бинобар иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ вайрон мекунад ва паст мезанад, мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгари мебошанд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумла ба сифати ҷазои интизоми бо нигоҳ доштан дар гауптвахта, танҳо мувофиқи асосҳо ва бо тартибе, ки қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои умумиҳарбӣ пешбини намудаанд, метавонанд боздошт гарданд ва ё ба ҳабс гирифта шаванд.
Дар ҳолатҳои боздошти хизматчиёни ҳарбӣ берун аз ҷойгиршавии қисми ҳарбие, ки дар он хизмати ҳарбиро адо мекунанд, мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва мақомоти прокуратураи ҳарбӣ таъҷилан огоҳ карда мешаванд. Дар мавриди оғ ози кори ҷинояти ва ба ҳабс гирифтани хизматчии ҳарбӣ таъҷилан волидайнаш огоҳ карда мешаванд.
Моддаи 6. Озодии сухан, виҷдон ва мазҳаб
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқҳои худро ба озодии сухан, изҳори афкору ақида, имконияти дастрас ва паҳн кардани иттилоот амали намуда, ҳуқуқ надоранд, ки сирри давлатиро ифшо карда, фармони командирро муҳокима ва танқид намоянд.
- Иштироки хизматчиёни ҳарбӣ дар корпартоиҳо, пикетҳо, нофармониҳои оммавии зиддидавлати ва дигар амалиёти эътирози ё ташкили онҳо, инчунин дигар намуди қатъкунии иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ ҳамчун воситаи ҳаллу фасли масъалаҳои ба хизмати ҳарбӣ алоқаманд, манъ аст.
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намоянд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон ҳар гуна динро пайрави намоянд ва ё пайрави накунанд.
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд аз рӯи эътиқоди динии худ аз иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ даст кашанд ва ваколатҳои хизматии худро барои таблиғ оти ин ё он дин истифода намоянд.
- Хизматчиёни ҳарбӣ дар вақтҳои озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд ҳамчун шахси алоҳида ба ибодат машғ ул шуда, дар маросимҳои дини иштирок намоянд.
- Ташкили иттиҳодияҳои дини ва ҳизбҳои сиёси дар қисми ҳарбӣ манъ аст.
Моддаи 7. Ҳуқуқи гаштугузори озодона ва дигар кардани маҳалли хизмати ҳарбӣ
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи гаштугузори озодона карданашонро бо назардошти аз тарафи онҳо нигоҳ доштани омодагии ҷангии қисмҳои ҳарбӣ ва саривақт ҳозир шудан ба маҳалли хизмати ҳарбӣ амали мегардонанд.
Ҳуқуқи гаштугузор кардан дар ҳудуди қисми ҳарби, берун баромадан аз ҳудуди гарнизоне, ки дар ҳудуди он хизмати ҳарбиро адо менамоянд, бо оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян карда мешавад. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро ба тарзи ихтиёри адо менамоянд, ҳуқуқ доранд маҳалли хизмати ҳарбиашонро дигар кунанд, аз он ҷумла ба маҳалли дигар бо назардошти шартҳои адои хизмати ҳарби, аҳволи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо (дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарби) ва дигар асосҳои муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ барои адои хизмати ҳарбӣ гузаранд.
Моддаи 8. Ҳуқуқи иштирок дар идоракунии корҳои давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти маҳалли ҳокимияти давлати интихоб намоянд ва интихоб шаванд, дар райъпурси, ҳамчунин дигар шаклҳои амали гардонидани худидораи маҳалли иштирок намоянд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки ба мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати интихоб шудаанд, мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
- Дохил шудани хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳизбҳои сиёси ё ташкилотҳои ҷамъяти, ки мақсади сиёси доранд, манъ аст, инчунин узвият ба онҳо дар давраи адои хизмати ҳарбӣ боздошта мешавад.
Моддаи 9. Ҳуқуқ ба меҳнат
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи меҳнатро вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ амали мегардонанд.
- Тартиби баҳисобгирии мӯҳлати умумии хизмати ҳарби, ҳамчунин мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии имтиёзнокро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Мӯҳлати қарор доштани шаҳрвандон дар хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёри ба собиқаи умумии кори ва ба собиқаи кор аз рӯи ихтисоси онҳо аз ҳисоби як рӯзи хизмати ҳарбӣ баробар ба як рӯзи кори ҳисобида мешавад, мӯҳлати қарор доштани шаҳрвандон дар хизмати ҳарбӣ мувофиқи даъват (аз ҷумла афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд) бошад — як рӯзи хизмати ҳарбӣ баробар ба ду рӯзи кори ҳисоб карда мешавад.
- Мӯҳлати адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳарбие, ки бо афзоиши хатар барои ҳаёту саломати вобастаанд, ҳангоми муқаррар намудани нафақаи пиронсоли вобаста бо шароитҳои махсуси меҳнат ё нафақаи мӯҳлати хизмат, мутобиқи феҳристи дахлдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи махсус ҳисоб карда мешавад.
Қисми 5 моддаи 9 хориҷ карда шуд. (Қонун №391 аз 18.06.08с.)
- Ба собиқаи умумии меҳнатии ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии бо тартиби ихтиёри хизмати ҳарбиро адокунанда, ки барои муқаррар намудани нафақа зарур аст, ҳамаи давраи истиқомат бо ҳамсар то соли 1997 новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарби, аз соли 1998 дар маҳалҳое, ки онҳо натавонистаанд бинобар набудани имкониятҳои бо кор таъминкуни мувофиқи ихтисос меҳнат кунанд ва бо тартиби муқарраршуда бекор дониста шудаанд, ҳамчунин давраҳое, ки ҳамсари хизматчиёни ҳарби-шаҳрвандон маҷбур буданд мувофиқи вазъи саломатии фарзандон, вобаста бо шароити истиқомат дар маҳалли хизмати ҳарбии ҳамсарон кор карда натавонистанд, агар мувофиқи хулосаи муассисаи ҳифзи саломати фарзандони онҳо ба нигоҳубини доими эҳтиёҷ доштаанд, ҳисоб карда мешаванд. Давраҳои зикршуда фосилаи собиқаи меҳнатиро, ки барои гирифтани мададмаош аз рӯи суғ уртаи иҷтимои зарур аст, қатъ намекунад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар маҳалҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлими ё экологи, ё берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар вазифаҳои ҳарбие, ки бо таҳдиди хатар барои ҳаёту саломати вобастаанд, адо мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловаги муқаррар карда мешаванд.
Феҳристи ин ноҳияву маҳалҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи вазифаҳои ҳарбии мазкурро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд:
— ба дигар фаъолияти музднок машғ ул шаванд, ба ғ айр аз фаъолияти омӯзгори, илми ва эҷоди, бе расонидани зарар ба иҷрои ӯҳдадории асосии хизмати бо иҷозати роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст;
— шахсан ё тавассути шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкори машғ ул шаванд, аз ҷумла дар идоракунии ташкилотҳои тиҷорати иштирок кунанд, ҳамчунин ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар амали гардонидани фаъолияти соҳибкори бо истифода аз вазъи хизматии худ мусоидат намоянд;
— воситаҳои молиявию молу мулки қисми ҳарби, ҳамчунин дигар амволи давлатиро ба ғ айр аз ҳолатҳои мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ба мақсадҳои новобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ истифода баранд; (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
— аз шахсони воқеи ва ҳуқуқи подош (тӯҳфаҳо, хизматона, қарз, хизматрасони, хароҷоти вақтхуши, истироҳат, нақлиёт ва дигар подошҳо) гирад, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ вобастаанд, ба истиснои тӯҳфаҳои қимматнок (аз ҷумла хоса) ва маблағ е, ки мутобиқи оинномаҳои умумиҳарбӣ ба тариқи ҳавасмандгардони хизматчиёни ҳарбӣ қадр карда мешаванд;
— бе иҷозати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст), мукофотҳои давлатҳои хориҷи, ташкилотҳои хориҷию байналмилалиро қабул намоянд;
— аз ҳисоби шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ба ғ айр аз сафари хизмати тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои мақомоти ҳокимияти давлати бо мақомоти ҳокимияти дахлдори давлатии давлатҳои хориҷи ё ташкилотҳои байналмилали ба хориҷа ба сафари хизмати раванд;
— вазъи хизматиашонро ба манфиати ҳизбҳои сиёси ва ташкилотҳои ҷамъияти, аз ҷумла иттиҳодияҳои дини, ҳамчунин барои таблиғ оти ақидаҳои онҳо истифода намоянд.
- Ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои корҳое, ки ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ вобаста нестанд, танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад. Дар ин сурат меъёрҳои ҳуқуқие, ки барои дигар шаҳрвандони баҷооварандаи ин корҳо пешбини шудаанд, ба хизматчиёни ҳарбӣ дахл мекунанд.
- Занон — хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбие, ки фарзандони бе падар (модарро) тарбия мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи оила, модарон ва кӯдакон аз имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо истифода менамоянд.
Моддаи 10. Вақти хизмати ва ҳуқуқ барои истироҳат
- Давомнокии умумии ҳафтаи хизмати хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёри хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми сеюми моддаи мазкур баёнгардида, набояд аз мӯҳлати маъмулии ҳафтаи вақти кори, ки қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, зиёд бошад. Ҷалби хизматчиёни ҳарбии номбурда ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбии зиёда аз мӯҳлати муқарраршудаи ҳафтаи хизмати дар дигар ҳолатҳо бо мӯҳлати дахлдори истироҳат дар дигар рӯзҳои ҳафта ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ғ айриимкон будани ҷуброни номбурда, мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбии изофавии бо мӯҳлати хизмати ҳафтаина муқарраршуда ҷамъбаст карда шуда, ба хизматчиёни ҳарбӣ дар шакли истироҳати иловагии шабонарӯзи дода мешавад, ки ин рӯзҳоро бо хоҳиши хизматчиёни ҳарбии зикршуда ба рухсатии асосиашон ҳамроҳ кардан мумкин аст. Тартиби баҳисобгирии вақти хизмати ва додани рӯзҳои истироҳати иловагиро Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.
- Давомнокии вақти хизматии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ бо тартиби реҷаи рӯзи қисми ҳарбӣ муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, ба хизматчиёни ҳарбии номбурда, ба ғ айр аз ҳолатҳои муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ ҳамарӯза на камтар аз ҳашт соат барои хоб ва ду соат барои эҳтиёҷоти шахси дода мешавад.
- Навбатдории ҷанги (хизмати ҷанги), машқ ва дигар чорабиниҳое, ки номгӯи онҳоро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) муайян менамояд, ҳангоми зарурат бе маҳдуд намудани мӯҳлати умумии ҳафтаи хизмати гузаронида мешаванд. Тартиб ва шартҳои додани истироҳат ба хизматчиёни ҳарби, ки иштироки онҳоро дар чунин чорабиниҳо ҷуброн мекунад, бо Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян карда мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, на камтар аз як шабонарӯз дар як ҳафта истироҳат дода мешавад. Ба дигар хизматчиёни ҳарбӣ на камтар аз як шабонарӯз дар як ҳафта, вале на камтар аз 4 шабонарӯз дар як моҳ истироҳат дода мешавад.
Рӯзҳои истироҳат ба хизматчиёни ҳарбӣ дар рӯзҳои истироҳат ва ид дода мешавад, ҳангоми ҷалби онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ дар ин рӯзҳо бошад, дар рӯзҳои дигари ҳафта ба онҳо истироҳат дода мешавад.
- Ба афсарон, прапоршикҳо ва дар мавридҳои пешбининамудаи штат ба сержанту старшинаҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ — занон ҳамасола рухсатии асоси дода мешавад.
Давомнокии рухсатии асоси чунин муқаррар карда мешавад:
ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон камтар аз 10 солро ташкил мекунад — 30 шабонарӯз;
ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон аз 10 то 15 солро ташкил мекунад — 35 шабонарӯз;
ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон аз 15 то 20 солро ташкил мекунад — 40 шабонарӯз;
ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон 20 сол ва зиёда аз инро ташкил мекунад — 45 шабонарӯз.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар маҳалҳои баландкӯҳ, маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологи, ҳамчунин дар вазифаҳои ҳарбие, ки иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбии онҳо бо афзоиши хатар барои ҳаёт ва саломати вобаста аст, адо менамоянд, давомнокии рухсатии асоси ба мӯҳлати 10 шабонарӯз зиёд карда мешавад.
- Тибқи хоҳиши хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёри хизмати ҳарбиро адо менамоянд, мумкин аст рухсатии асоси ба онҳо қисм ба қисм дода шавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбӣ — иштирокчиёни амалиётҳои ҷанги доир ба ҳифзи сохти конститутсиони, иштирокчиёни амалиётҳои ҷанги дар ҳудуди дигар давлатҳо тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии рухсатии асоси ба мӯҳлати 5 шабонарӯз зиёд карда мешавад. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, як рухсатии асоси ба мӯҳлати зайл дода мешавад:
дар вазифаҳои ҳарбие, ки барои онҳо аз рӯи штат рутбаи ҳарбии аскари қатори пешбини шудааст — 20 шабонарӯз;
дар вазифаҳои ҳарбие, ки барои онҳо аз рӯи штат рутбаи ҳарбии сержант ва старшина пешбини шудааст — 30 шабонарӯз.
Давомнокии рухсатии асосии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, мумкин аст дар шакли ҳавасмандкуни ё ҷазо ба мӯҳлати то 5 шабонарӯз бо тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ зиёд ё кам карда шавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбиро хатм намудаанд, рухсатии асоси пас аз хатми муассисаи таълимии номбурда ба мӯҳлати 30 шабонарӯз дода мешавад. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, рухсатии асосӣ тибқи тартиби муқарраргардида қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Давомнокии рухсатии асосии хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдори шабонарӯзҳое, ки барои ҳамлу нақл ба маҳалли истифодабарии рухсати ва бозгашт заруранд, вале на камтар аз як шабонарӯз барои як тараф зиёд карда мешавад. Агар рухсатии асосии хизматчиёни ҳарбӣ қисм ба қисм дода шуда бошад, вақти зарури барои ҳамлу нақл ба маҳалли истифодабарии рухсати ва бозгашт як маротиба дода мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, барои омодаги ва супоридани имтиҳонҳои дохилшави дар адъюнктура ва докторантураи ҳарби, ҳамчунин барои омодаги ва супоридани имтиҳонҳои дохилшави ба муассисаи таълимии таҳсилоти касби ва имтиҳонҳо дар давраи таҳсил дар онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии таълими дода мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ҳамчунин ба курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимии номбурда дар давраи танаффуси машғ улиятҳои таълими ба мӯҳлати муайяннамудаи Қонуни мазкур ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ рухсатии таътили дода мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо карда, барои гирифтани унвони номзад ё доктори илм кӯшиш доранд, рухсатии эҷоди бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ рухсатии бемори дода мешавад.
- Рухсати бо сабабҳои шахси ба хизматчиёни ҳарбӣ ба мӯҳлати то 10 шабонарӯз, агар рухсатии асосиро онҳо истифода бурда бошанд, дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:
— ҳолати вазнини саломати ва вафоти (ҳалоки) хеши наздики хизматчии ҳарбӣ (ҳамсар, падар, модар, падару модари ҳамсар, писар, духтар, бародар, (хоҳар) ё шахсе, ки хизматчии ҳарбӣ дар тарбия ё таъминоти ӯ мебошад;
— сӯхтор ё дигар офати табиие, ки ба сари оила ё хеши наздики хизматчии ҳарбӣ омадааст;
— дар дигар ҳолатҳои истисноие, ки будани хизматчии ҳарбӣ бо оила зарур бошад, — мувофиқи қарори командири қисми ҳарби.
Давомнокии рухсатии бо сабабҳои шахси ва дигар сабабҳои узрнок ба хизматчии ҳарбӣ додашуда ба миқдори шабонарӯзҳои барои ҳамлу нақл бо нақлиёти замини (ҳавои) ба маҳалли истифодабарии рухсати ва бозгашт зарурбуда зиёд карда мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати умумии хизмати ҳарбиашон бо ҳисоби тақвими 20 сол ва аз ин зиёдаро ташкил мекунад, дар яке аз се соли то расидан ба синни ниҳоии хизмати ҳарбӣ ё дар соли рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ ба сабаби саломати ва ё бинобар чорабиниҳои ташкилии штати, ба ғ айр аз рухсатии асоси, мувофиқи хоҳиши онҳо ба мӯҳлати 30 шабонарӯз рухсатии бо сабабҳои шахси дода мешавад. Рухсатии номбурда барои ҳамаи давраи хизмати ҳарбӣ як маротиба дода мешавад.
- Ба ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ рухсати мувофиқи хоҳиши онҳо дар як вақт бо рухсатии хизматчиёни ҳарбӣ дода мешавад. Дар ин сурат мӯҳлати рухсатии ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ мумкин аст мувофиқи хоҳиши онҳо ба мӯҳлати рухсатии хизматчиёни ҳарбӣ баробар бошад. Барои қисми рухсатии ҳамсарони хизматчиёни ҳарби, ки аз мӯҳлати рухсатии ҳамасолаи ҷои кори асосии онҳо зиёд аст, маош дода намешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарби-занон рухсати барои ҳомиладори, ҳамчунин рухсати барои парастории кӯдак тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар айни ҳол нисбати онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагии муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегарданд.
Моддаи 11. Таъминоти пули
- Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз маоши мувофиқи вазифаи ишғ олкарда (минбаъд-маош аз рӯи вазифаи ҳарби) ва маоши мувофиқи рутбаи ҳарбии додашуда (минбаъд — маош аз рӯи рутбаи ҳарби), ки маоши (таъминоти пулии) хизматчиёни ҳарбӣ (минбаъд — маоши таъминоти пули), иловапулиҳо барои собиқаи хизмати ташкил мекунанд, иборат мебошад. (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Хусусияти таъминоти пулии гурӯҳи алоҳидаи хизматчиёни ҳарбӣ бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, маош (таъминоти пули) тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Тартиби пардохти маоши (таъминоти пулии) хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст), муайян карда мешавад.
Моддаи 12. Пардохтҳои иловаги
қисми 1 хориҷ карда шуд; (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
қисми 2 хориҷ карда шуд; (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби ҳангоми рафтан ба рухсатии асоси, ҳамчунин ба рухсатии бемори (дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарби) ба андозаи на камтар аз як маош (таъминоти пули) пардохта мешавад.
- Ҳангоми рафтани хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёри хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ба маҳалли нави хизмати ҳарбии дигар маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла ба ҳудуд ё аз ҳудуди давлати хориҷи, вобаста ба таъин шудан ба вазифаи ҳарби, дохил шудан ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, ки мӯҳлати таҳсилаш зиёда аз як солро ташкил мекунад ё ки вобаста бо тағ йири ҷои қисми ҳарбӣ ба онҳо чунин намуди иловапулиҳо пардохта мешаванд: (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
— мададмаош ба андозаи як маош (таъминоти пули) ба хизматчии ҳарби, як маош (таъминоти пули) ба ҳамсари ӯ ва нисфи маош (таъминоти пули) ба ҳар як аъзои оилаи хизматчии ҳарбие, ки ба маҳалли нави хизмати ҳарбии хизматчии ҳарбӣ ё ба маҳалли аҳолинишини ба ҷои номбурда наздик ё ки (аз набудани хонаи истиқомати) ба дигар маҳалҳои аҳолинишин мераванд. Мададмаоши номбурда ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар маҳалҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологи адо мекунанду ба таъминоти пулии онҳо коэффисиенти минтақави (барои адои хизмати ҳарбӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ) муқаррар гардидааст, бо назардошти ин коэффисиент пардохта мешавад; (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— ба андозаи меъёри устувори маоше (пули харҷи рӯзмаррае), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ба сафари хизмати раванда барои ҳар рӯзи дар роҳ будани хизматчии ҳарбӣ ва ҳар як аъзои оилаи хизматчии ҳарбие, ки бо ӯ ҳамроҳ меравад, муқаррар карда шудааст.
қисми 5 хориҷ карда шуд; (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
қисми 6 хориҷ карда шуд; (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Қисми 3 моддаи 12 хориҷ карда шуд. (Қонун №391 аз 18.06.08с.)
- Қисми 4 моддаи 12 хориҷ карда шуд. (Қонун №391 аз 18.06.08с.)
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ғ айр аз курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, ҳуқуқи гирифтани қарзҳои бефоизро ба андозаи то 12 маош (таъминоти пули) ба мӯҳлати то се сол барои харидани асбобу анҷоми ниёзи аввалин аз ҳисоби маблағ и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) дар яке аз ҳолатҳои зерин доранд:
— дар давоми се моҳи баъди таъин шудан ба вазифаи ҳарбӣ пас аз хатми муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касби ва вобаста ба ин гирифтани рутбаи ҳарбии афсари;
— дар давоми се моҳи баъди ба вазифаи ҳарбӣ таъин шудани хизматчиёни ҳарбӣ ё шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанду хоҳиши адои хизмати ҳарбиро ба мӯҳлати 5 сол ва аз ин зиёда изҳор менамоянд;
— дар давоми се моҳи баъди бастани ақди никоҳи аввалин.
Ҳангоми аз рӯи якчанд асосҳо ба гирифтани қарзи номбурда ҳуқуқ пайдо кардани хизматчии ҳарбӣ ба вай қарз танҳо аз рӯи як асос ва як маротиба дар давраи адои хизмати ҳарбӣ дода мешавад.
- Ба афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, пардохтпулиҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур дода намешаванд.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба сафари хизмати фиристода мешаванд, хароҷоти сафари хизмати бо тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
- Ба ғ айр аз пардохтҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ иловапули ва дигар навъи пардохтҳо метавонад муқаррар карда шавад. Иловапули ва пардохтҳои номбурда вобаста ба мураккаби, меъёр ва аҳамияти иҷрои вазифа аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ мутаносибан муқаррар карда мешаванд. (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Ба ғ айр аз пардохтҳои иловагие, ки дар моддаи мазкур пешбини шудаанд, дигар пардохтҳои иловагие, ки қаблан тибқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда буданд, нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 13. Таъминоти озуқа ва молу мулки шайъи, хизматрасонии маишию савдоии хизматчиёни ҳарбӣ (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Таъминоти озуқаи хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи меъёрҳо ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) муайян кардааст, дар яке аз шаклҳои зерин амали карда мешавад:
— ташкили хӯрок дар маҳалли адои хизмати ҳарбӣ — барои хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи даъват хизмати ҳарбиро адо мекунанд ва категорияи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанду номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
— додани озуқаи муқарраршуда;
— пардохти ҷубронпули бар ивази озуқаи (хӯроки) муқарраршуда танҳо ҳангоми қарор доштан дар маҳалли истифодабарии рухсати ба андозаи барои соли молиявии дахлдори муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба хизмати ҳарбӣ ба вазифаи афсари ва прапоршики даъват шудаанд;
— пардохти ҷубронпули бар ивази озуқаи (хӯроки) муқарраршуда ба андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли молиявии дахлдор ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба хизмати ҳарбӣ ба вазифаи афсари ва прапоршики даъват шудаанд ва ба курсантҳо бошад, танҳо дар вақти истифодабарии рухсати; (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Хизматчиёни ҳарбӣ бо молу мулки шайъи вобаста ба шароити адои хизмати ҳарбӣ мувофиқи меъёрҳо ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Низомномаи таъминоти амволи шайъии хизматчиёни ҳарби, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, таъмин карда мешаванд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ба гирифтани ҷубронпули бар ивази молу мулки шайъии муқарраршуда ба андозаи нархи сару либоси номбурда ҳуқуқ доранд. Тартиби пардохти ҷубронпулии номбурдаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. (Қонун №391 аз 18.06.08с., Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамом таъмин мешаванд ва сарулибосашон шуста мешавад.
- Хизматрасонии маишию савдоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
- Хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи харидории маҳсулоти саноати ва хӯроквориро мувофиқи нархҳои имтиёзнок бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи шабакаи савдои ҳарбӣ доранд.
Ҳуқуқи пешбининамудаи моддаи мазкур ҳамчунин ба шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад.
- Таъминоти озуқаю молу мулки шайъии хизматчиёни ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбии берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
Моддаи 14. Ҳуқуқ ба манзил
- Давлат бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбиро кафолат медиҳад.
Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ зиндагикунанда на дертар аз се моҳи баъди ба маҳалли нави адои хизмати ҳарбӣ омадан мувофиқи меъёрҳо ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳуқуқ ба масоҳати иловагии манзил аз ҳисоби давлат ё захираи манзилии коммунали хонаи истиқоматии хизмати дода мешавад.
Дар ҳамаи мӯҳлати адои хизмати ҳарбӣ инҳо бо манзили истиқоматии хизмати таъмин карда мешаванд:
— хизматчиёни ҳарбие, ки ба вазифаи ҳарбӣ пас аз хатми муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касби таъин шудаанду вобаста ба ин рутбаи ҳарбии афсари (аз соли 1993 cap карда) гирифтаанд ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ зиндагикунанда;
— афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ҳамчунин афсарону прапоршикҳои пас аз 1 январи соли 1993 ба хизмати ҳарбӣ омада ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда;
— аскарону сержантҳои ҷинси зан, ки пас аз 1 январи соли 1993 ба хизмати ҳарбӣ омадаанд ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда.
Манзили истиқоматии хизмати дар ҳамаи давраи хизмати ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарби-шаҳрвандони хизмати ҳарбиро адокунанда, аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳ бо онҳо зиндаги мекунанд, дар шаҳрчаҳои ҳарбии пӯшида дода мешавад.
Ба шаҳрчаҳои ҳарбии пӯшида шаҳрчаҳои ҳарбии қисмҳои ҳарбии дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиршуда, ки дорои тартиби рухсатномави мебошанд, ҳамчунин шаҳрчаҳои ҳарбии алоҳидаи махсуси қисмҳои ҳарби, ки берун аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир шудаанд, тааллуқ доранд. Феҳристи шаҳрчаҳои ҳарбии пӯшида бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Ба хизматчиёни ҳарби-шаҳрвандоне, ки дар ҳамаи давраи адои хизмати ҳарбӣ бо манзили истиқоматии хизмати таъмин мешаванд, бо расидан ба мӯҳлати умумии собиқаи хизмати ҳарбии 20- сола ва зиёда аз он ва ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати дар сурати доштани собиқаи хизмати ҳарбии 10- сола ва зиёда аз он манзили истиқомати аз маҳали зисти доимии интихобшуда бо тартиби муайяннамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешавад, ба истиснои хонаҳои истиқоматии хизматии дар шаҳрчаҳои пӯшида буда.
Хизматчиёни ҳарбие, ки бо манзили истиқоматии хизмати таъмин карда мешаванд, бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбини шудааст) қарордоди манзили мебанданд. Дар қарордоди номбурда тартиби додани хонаи истиқоматии хизмати, нигоҳдори ва холи кардани он муайян карда мешавад. Шарту тартиби бастани қарордоди манзили аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба беҳтар намудани шароити манзили бо назардошти меъёрҳо, навбат ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Ба хизматчиёни ҳарбӣ барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба мӯҳлати 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қонун №391 аз 18.06.08с.)
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва аъзои оилаи онҳо, ки ба маҳалли нави адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ омадаанд, то гирифтани хонаи истиқомати мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомат, аз ҷумла мувофиқи хоҳиши онҳо аз рӯи нишонии қисмҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ба хизматчиёни ҳарбии номбурда ва аъзои оилаи онҳо то гирифтани манзили истиқомати манзили истиқомати ё хобгоҳ, ки барои муваққатан истиқомат намудан қобили истифода бошанд, дода мешавад.
Дар ҳолати набудани чунин манзили истиқомати қисмҳои ҳарбӣ барои таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда бинои истиқоматиро ба иҷора мегиранд ё тибқи хоҳиши хизматчиёни ҳарбӣ ба онҳо ҷубронпулии ҳармоҳа барои иҷораи хонаи истиқомати бо тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағ ҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) пардохт менамоянд.
- Мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва ташкилотҳо ба қисмҳои ҳарбӣ барои ба иҷора додани хонаҳои истиқоматии қобили зисти муваққатии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо кӯмак менамоянд.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанду соҳиби хонаи истиқоматии алоҳидаи шахси ё аъзои ширкатҳои сохтмони манзили мебошанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбие, ки барои онҳо мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи истиқомати нигоҳ дошта мешавад, ҳангоми гузаштан ба маҳалли нави хизмат ба онҳо ва аъзои оилаи бо онҳо якҷоя зиндагикунанда дар давраи адои хизмати ҳарбӣ дар маҳалли номбурда бинои истиқоматии хизмати ё хобгоҳ дода мешавад.
- Дар ҳолати аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматкунанда холи кардани хонаҳои истиқомати, ғ айр аз хонаҳои шахси, хонаҳои номбурда ба дигар хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо дода мешаванд.
- Барои бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва барои зисти доими хонаи истиқомати надоранд ё ба беҳтаргардонии шароити манзил эҳтиёҷ доранд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо мувофиқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) метавонанд дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти маблағ и дар соли дахлдор дар сметаи хароҷот пешбинигардида манзили истиқомати харидори намоянд.
- Афсарони дорои рутбаи ҳарбии полковник, баробар ва баланд аз он, ки хизмати ҳарбиро ихтиёри адо менамоянд, ё ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд, ҳамчунин командирони қисмҳои ҳарби, хизматчиёне, ки дорои унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, хизматчиёни ҳарби-омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касби, хизматчиёни ҳарбӣ — кормандони илмии дорои дараҷаю унвонҳои илми ба васеъ намудани сатҳи умумии иловагии манзил ба андозаи на камтар аз 18 метри квадрати ҳуқуқ доранд.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматкунанда, ҳамчунин шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати рухсатшуда, ки мӯҳлати умумии хизмати ҳарбиашон 20 сол ва зиёдаро ташкил мекунад, ба андозаи 50 фоиз пардохт менамоянд:
— барои майдони умумии манзили ишғ олкардаи онҳо дар хонаҳои давлати ё манзилҳои коммунали;
— барои хизмати коммунали (таъминоти об, баровардани партовҳои маиши, нерӯи гармдиҳи ва ғ айра) новобаста ба навъи фонди манзили, ба ғ айр аз пардохти музди барқ ва газ.
Дар хонаҳое, ки дорои гармидиҳии мутамарказ нестанд, шахсони номбурда ба андозаи 50 фоиз маблағ и пардохти сӯзишвориеро, ки аз тарафи мақомоти масъули давлати харидори мешавад, дар доираи меъёрҳое, ки барои фурӯш ва расонидани он ба аҳоли муқаррар шудааст, мепардозанд.
- Ба хизматчёни ҳарби, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар моддаи мазкур зикр шудаанд, имтиёзҳо доир ба пардохти 50 фоизи маблағ и гузаронидани телефонҳои хонаги ва пардохти музди истифодабарии онҳо дода мешавад. Хароҷоте, ки бо додани чунин имтиёзҳо вобаста аст, аз ҳисоби маблағ и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) пардохт мешавад.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ҷойгир мешаванд.
- Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанду мӯҳлати умумии собиқаи хизмати онҳо 10 ва зиёда соли тақвимиро ташкил мекунад, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳалҳои баландкӯҳ, ҳамчунин маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологи адо мекунанд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ӯҳдадоранд ба онҳо дар навбати аввал ҳуқуқи аъзои ширкатҳои сохтмони манзили шуданро диҳанд ё барои сохтмони хонаҳои истиқоматии алоҳида қитъаҳои замин ҷудо намоянд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, дар мӯҳлати на зиёда аз се сол то рухсатшави аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан ё дар давоми як соли аз хизмати ҳарбӣ бинобар вазъи саломати рухсат шудан, вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати бо дархости командирони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳалли зисти доимии интихобнамуда ба рӯйхати шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ба гирифтани хонаҳои истиқомати эҳтиёҷ доранд ё ба рӯйхати аъзоёни ширкатҳои сохтмони манзили дохил карда мешаванд. Дар бораи қабул гардидани қарор раиси шаҳр ва ноҳия ба командирони дахлдори қисмҳои ҳарбӣ дар мӯҳлати се моҳ хатти хабар медиҳанд. Маълумот дар бораи ба қайд гузоштан дар парвандаи шахсии хизматчиёни ҳарбӣ сабт мегардад.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки собиқаи умумии хизмати ҳарбии 10-сола ва зиёда доранд, ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё чорабиниҳои ташкилию штати ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми иваз намудани маҳалли зист на дертар аз се моҳ аз рӯзи расидан ба маҳалли зисти интихобшуда аз ҷониби ҳукуматҳои шаҳрию ноҳияви мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда бо манзили хизмати таъмин мегарданд. Ҳуҷҷатҳо дар бораи супоридани манзил ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) ва баровардан аз қайди маҳалли зисти пешина ба шаҳрвандони номбурда ва аъзои оилаи бо онҳо якҷоя истиқоматкунанда ҳангоми гирифтани манзили истиқомати аз маҳалли зисти интихобшуда дода мешаванд.
Ҳангоми дар мӯҳлати се моҳ мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо дода натавонистани манзили хизмати бошад, онҳо то додани манзил доир ба ҷойгиркунонидани шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо дар дигар хонаҳои истиқомати чораҳо меандешанд.
- Тартиби бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбие, ки дар шаҳрчаҳои ҳарбии пӯшида истиқомат мекунанд, ҳангоми рухсат шудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Тартиби додани имтиёзҳо ва ҷуброни хароҷоте, ки бо додани имтиёзҳои дар моддаи мазкур зикршуда вобастаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 15. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломати ва ёрии тибби
- Ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ бо ташкил намудани шароити мусоиди хизмати ҳарби, маиши ва низоми чораҳо доир ба маҳдудсозии омилҳои хатарноки хизмати ҳарби, ки аз ҷониби командирон дар якҷояги бо мақомоти ҳокимияти давлати гузаронида мешаванд, таъмин карда мешавад.
Ғ амхори оид ба нигоҳдори ва солимии хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи командирон мебошад. Ба зиммаи онҳо таъмини талаботи бехатари ҳангоми гузаронидани машқҳо, дигар чорабиниҳои омодагии ҷанги, ҳангоми истифодабарии аслиҳа ва техникаи ҳарби, ҳангоми корҳои истеҳсоли, иҷрои дигар ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ гузошта мешавад.
- Хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, ба кӯмаки тиббии ройгон, аз ҷумла ба тайёр ва таъмири дандонҳои сунъи (ба ғ айр аз дандонҳои сунъии аз металлҳои қиматноку дигар маводҳои қиматнок), таъмини ройгони дорувори, дигар молу мулки тибби мувофиқи таъиноти духтурон дар воҳидҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳо (минбаъд — муассисаҳои тиббии ҳарби) ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ё шӯъбаҳои дахлдори онҳо ё таҷҳизоти махсуси тибби дар маҳалли адои хизмати ҳарбӣ ё маҳалли зисти хизматчиёни ҳарби, ҳамчунин дар ҳолатҳои зарури ёрии тибби дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурусти расонида мешавад. Хароҷоти муассисаҳои номбурда аз рӯи кӯмаки тиббии ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) ҷуброн карда мешавад. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
Хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои барои дигар шаҳрвандон умуми бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳамасола ташхиси тиббиро гузашта, бо онҳо чорабиниҳои табобатию беҳдошти гузаронида мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки дорои нишонаҳои нуқси рӯҳи мебошанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии равонпизишки» ба ташхис ва муоинаи стасионари фиристода мешаванд.
- Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи ёрии тиббии ройгонро дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти доранд ва дар асосҳои умумии барои дигар шаҳрвандон бо суғ уртаи тибби фаро гирифта мешаванд.
Аъзои оилаи афсарон (ҳамсар, фарзандони ноболиғ , фарзандони аз 18-сола боло, ки маъюб гаштаанд, фарзандони то 23-сола, ки дар муассисаҳои таълимии рӯзона таҳсил мекунанд), ҳамчунин шахсоне, ки дар таъминоти онҳо мебошанд ва ҳамроҳи афсарон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ба ёрии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд. Ҳангоми табобати амбулатори ба онҳо дорувории пулаки, ба ғ айр аз ҳолатҳое, ки мутобиқи дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо пул гирифта намешавад, бо нархи чакана дода мешавад.
Тайёр кардан ва таъмири дандонҳои сунъии аъзои оилаи афсарон дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ бо шартҳое амали мегардад, ки ба дигар шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти иҷро мегардад, агар дар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нагардида бошад.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд (ба ғ айр аз курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби) ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми рухсати, вале на зиёда аз як маротиба дар як сол, бо табобати санаторию фароғ ати ва истироҳати муташаккилона дар фароғ атгоҳҳо, хонаҳои истироҳати, пансионатҳо, лагерҳои беҳдошти кӯдакон, базаҳои туристии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) таъмин карда мешаванд. Хизматчиёни ҳарбии номбурда 25 фоиз, аъзои оилаи онҳо бошанд, 50 фоизи нархи роҳхатро, ба ғ айр аз ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шартҳои пардохт муайян нагардида бошад, мепардозанд. Ба хизматчиёни ҳарбии номбурда ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми фиристодан ба осоишгоҳҳо барои идомаи табобати госпитали мутобиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ роҳхати ройгон аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) дода мешавад. (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
- Хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ маъюб (захмдор, зарбхӯрда, контузия) ё бемор шудаанд, пас аз табобати госпитали ба гирифтани роҳхати ғ айринавбати ба муассисаҳои санаторию фароғ ати ва беҳдоштии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) ҳуқуқ доранд.
- Ҳуқуқу имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қисмҳои дуюм-чоруми моддаи мазкур зикр шудаанд, ба афсарони аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсатшуда, ки мӯҳлати умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон 20-сол ва зиёда аз инро ташкил мекунад, дар сурати доштани мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии 25-сола ва аз ин зиёда бошад, новобаста ба асосҳои рухсатшави ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин ба прапоршикҳо ва дар мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати старшина ва сержантҳо пешбини намудааст, аз хизмати ҳарбӣ бо расидани онҳо ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати рухсатшуда, ки мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо 20-сол ва аз ин зиёдро ташкил мекунад, дахл доранд.
Хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд, инчунин иштирокчиёни амалиётҳои ҷанги оид ба ҳифзи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ёрии тибби ва табобати санатори-фароғ ати ҳуқуқи имтиёзнок доранд.
Шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, ба ёрии тибби дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти ҳуқуқ доранд ва мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман суғ уртаи тибби карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи маъюби (ярадори, зарбхӯри, контузия) ё ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ беморшуда, аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки бинобар бемориҳои алоҳидаи давраи адои хизмати ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, метавонанд дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) бе расонидани зарар ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббиро истифода мебаранд, муоина шаванд ва табобат ёбанд.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи даъват хизмати ҳарбиро адо менамоянд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ бо табобати санаторию фароғ ати бепул таъмин карда мешаванд.
Курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи (пурраи) таҳсилоти умуми бо барномаи таълимии иловаги, ки мақсади омодагии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғ ро доранд, на зиёда аз 30 фоизи нархи роҳхатро ба базаҳои туристии ҳарбӣ мепардозанд.
- Тартиби маблағ гузории хароҷоти бо шартҳои имтиёзнок расонидани ёрии тибби, таъмини табобати санаторию фароғ ати ва истироҳат, пардохти нархи роҳхатҳо ва пардохти ҷубронпули ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандони дар қисмҳои дуюм-ҳафтуми моддаи мазкур номбаршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 16. Кафолати суғ уртаи хизматчиёни ҳарби. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар
- Хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда ҳатман аз ҳисоби маблағ и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст), суғ уртаи ҳатмии шахсии давлати карда мешаванд. Асос, шароит ва тартиби суғ уртаи ҳатмии шахсии давлатии хизматчиёни ҳарбию шаҳрвандони номбурдаро қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
- Дар сурати ҳалок гардидани (вафот кардани) хизматчиёни ҳарбӣ ё шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбии онҳо (дар ҷамъомадҳои ҳарби), ё вафоти онҳо дар натиҷаи маъюб (ярадор, зарбхӯри, контузия) шудан ё касалии вазнини дигар, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ то ба анҷомрасии як соли рухсатшави аз хизмати ҳарбӣ (анҷоми ҷамъомадҳои ҳарби) ба амал омадааст, ҳиссаҳои баробари кӯмакпулии яквақта ба андозаи зерин пардохта мешавад:
— ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда (вафоткарда), ки хизмати ҳарбиро ба таври ихтиёри адо менамуданд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба сифати афсарон, прапоршикҳо даъват шудаанд — 8 маоши таъминоти пулии дар рӯзи пардохти кӯмакпули муқарраршуда; (Қонун №391 аз 18.06.08с., Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда (вафоткарда), ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамуданд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба сифати аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо даъват шудаанд, 8 маоши ҳадди ақалли моҳона аз рӯи вазифаи ҳарбӣ мувофиқи дараҷаи якуми тарифии барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри дар вазифаҳои сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпули муқаррар шудааст. (Қонун №391 аз 18.06.08с. Қонун №885 аз 1.08.12с.)
Аъзои оилаи дорои ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулии яквақта барои хизматчии ҳарбии (шаҳрванди ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшудаи) ҳалокшуда (вафоткарда) инҳо ҳисоб мешаванд:
— ҳамсаре, ки дар рӯзи ҳалок (вафот кардан) шудан дар ақди никоҳи хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрванди ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда меистад;
— волидайни хизматчии ҳарби;
— фарзандони ба синни 18-солаги нарасида ё аз ин калон, агар онҳо то расидан ба синни 18-солаги маъюб шуда бошанд, ҳамчунин фарзандони дар муассисаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзона таҳсилкунанда то баанҷомрасии таҳсил, вале на зиёда аз расидан то ба синни 23-солаги;
— дигар шахсоне (аъзои оилае), ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори шахсони тарбияткунанда ё таъминкунандаи ҳалокшуда (вафоткарда) дониста шудаанд, ё ки дар таъминоти ҳалокшуда (вафоткарда) қарор доштанд.
- Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ (шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда) аз хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) вобаста бо ношоям донистани онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи маъюбӣ (ярадорӣ, зарбхурӣ, контузия) ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ пайдонамудаи онҳо кӯмакпулии яквақта ба андозаи зерин ба онҳо пардохта мешавад:
— ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд — 6 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шудааст; (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, шахрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд. — 6 маоши ҳадди ақал аз рӯи вазифаи ҳарбии мувофиқи дараҷаи якуми барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст. (Қонун №391 аз 18.06.08с. Қонун №885 аз 1.08.12с.)
- Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ (шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда) аз хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) вобаста бо ношоям донистани онҳо барои хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи беморӣ, ки дар рафти иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ пайдонамуда, ба онҳо кӯмакпулии яквақта ба андозаи зерин пардохта мешавад; (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд — 5 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ мукаррар шудааст; (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд — 5 маоши ҳадди ақал аз рӯи вазифаи ҳарбӣ мувофиқи дараҷаи якуми барои хизмачиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст. (Қонун №391 аз 18.06.08с., Қонун №883 аз 1.08.12с.)
- Ӯҳдадори оид ба муайян ва асоснок кардани далелҳои маъюбшави ё бемории бо иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарби) вобастабуда ба зиммаи комиссияҳои тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст), гузошта мешавад. Аз рӯи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
- Зарари ба хизматчиёни ҳарбӣ дар мавриди иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ расонидашуда мутобиқи қонун, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) ҷуброн карда мешавад.
- Ҷуброни зарар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ки дар натиҷаи садамаи ИБА Чернобил, дар натиҷаи озмоиши силоҳи ядрои, истифодабарии дастгоҳҳои ядрои ва барҳамдиҳии садама дар онҳо, ҳамчунин тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳудуди гирифтори олудагии радиоактиви зарар дидаанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Кафолати дафни хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда ва шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсатшудаи ҳалокгардида (вафоткарда) бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Тартиби риояи эҳтиром ҳангоми дафн бо оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 17. Ҳуқуқ ба таҳсил ва ҳуқуқ дар соҳаи маданият
- Хизматчиёни ҳарбӣ ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби (аз ҷумла ба гирифтани таҳсилоти пас аз мактаби оли) ва дар курсҳои (факултаҳои) омодаги, азнавомодасози ва баландбардории ихтисоси касбии хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.
Тартиби қабули хизматчиёни ҳарбӣ ба муассисаҳои номбурдаи таълими ва таҳсил дар онҳо бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти оли ва миёнаи касби барномаҳои таълимиро доир ба омодагии мутахассисон ба соҳаҳои ба ҳам наздики граждани амали намуда, ба хатмкунандаҳо ҳуҷҷатҳои дахлдорро доир ба таҳсилот медиҳанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти оли ва миёнаи касби таҳсил мекунанд, ба иҷрои вазифаҳои бо амалигардонии барномаҳои таълимии касби вобастанабуда танҳо бо қарори Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) ҷалб карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд ва ба кор ба сифати омӯзгор дар муассисаҳои таълими қабул шудаанд, мувофиқи таҳсилот ва пардохти музди меҳнат ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии омӯзгориро хатм намудаанд, баробаранд.
- Афсароне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии граждани таҳсилоти олию миёнаи касби ва дар шӯъбаҳои (курсҳои) тайёрии муассисаҳои таълимии номбурда барои азхудкунии барномаи таълими аз рӯи шаклҳои ғ оибонаи (шабонаи) таҳсил ҳуқуқ доранд.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, таҳсил дар муассисаҳои таълимии гражданин таҳсилоти олию миёнаи касби иҷозат дода намешавад.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо панҷ сол ва зиёдаро (вақти таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти оли ва миёнаи касби ба ҳисоб гирифта намешавад) ташкил мекунад, дар соли рухсатшави аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, баанҷомрасии мӯҳлати хизмати ҳарбӣ ё вазъи саломати ҳуқуқ доранд, ки азнавомодагардии касбиро аз рӯи яке аз ихтисосҳои граждани бе ситонидани маблағ барои таҳсил ва бо нигоҳдории ҳамаи таъминот бо тартиб ва шартҳое, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини шудааст) муайян карда мешавад, ба мӯҳлати то се моҳ ҳангоми рухсатшави вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати аз хизмати ҳарбӣ бошад, — то шаш моҳ гузаранд. Дар ҳолати рухсатшавии хизматчиёни ҳарбии номбурда аз хизмати ҳарбӣ дар давраи таҳсил онҳо ҳуқуқ доранд давраи таҳсилро ба таври ройгон ба анҷом расонанд.
Хароҷоти азнавомодагардии касбии хизматчиёни ҳарбии номбурда аз рӯи яке аз ихтисосҳои граждани вобастбуда, аз ҳисоби вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбиро адо менамоянд, пардохт мегарданд.
- Шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекарданд ва аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд, ҳуқуқ доранд:
— ба таври ройгон гузаштани омодагии ғ айринавбати, азнавтайёршави ва баландбардории ихтисос дар асоси роҳхат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷори, агар дорои ҳуқуқи нафақагири бошанд;
— ба гирифтани таҳсилоти касби дар асоси роҳхат аз ҳисоби маблағ ҳои ташкилоте, ки онҳо ба кор қабул шудаанд, бо пардохти музди миёнаи маош ҳангоми таҳсил;
— дохилшавии ғ айриозмуни ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касби ва ба курсҳои таълимии ихтисосҳои дахлдор;
— дохилшави ба муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти касби бе имтиҳони дохилшави;
— ба курси якум ва курсҳои минбаъдаи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касби — хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи ҳарби;
— ба курси якуми муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касби — бо таҳсилоти на пасттар аз таҳсилоти асосии умуми;
— ба курси якум ва курсҳои минбаъдаи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касби — онҳое, ки дорои таҳсилоти нопурраи оли ё олии ҳарбии таҳсилоти касби мебошанд;
— ба шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касби — онҳое, ки муассисаҳои таълимоти ҳамагонии таҳсилоти умумии миёна (пурра) ё таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд.
Қабули шаҳрвандони мазкур ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти касби дар давоми соли хониш идома ёфта, аз он ҷумла илова ба нақшаи муайяннамудаи қабули муассисаи мазкур амали мегардад.
Шаҳрвандони дорои таҳсилоти миёна ва олии ҳарбӣ дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касби бо таври ройгон таҳсил менамоянд.
- Шаҳрвандоне, ки дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касби ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ҳангоми рухсат шуданашон аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқи давом додани таҳсилро дар он муассисаи таълимие, ки то даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ таҳсил мекарданд, доранд.
Хизматчиёни ҳарбии дорои таҳсилоти оли ё миёнаи касбии граждани, ки таҳсилоти ба ихтисоси омодагии ҳарбӣ наздик дорад, мувофиқ мебошад, ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи ин таҳсилот онҳо ба хизматчиёни ҳарбие, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти оли ё миёнаи касбии ҳарбии дахлдорро хатм намудаанд, баробаранд.
- Ҳангоми тағ йири маҳали хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, инчунин ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати аъзои оилаи онҳо, ки дар муассисаҳои таълимии давлати таҳсил мекунанд (тарбия мегиранд), ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои таълимии ба маҳали нави хизмати ҳарбӣ ё маҳали зист наздик буда гузаранд (қабул шаванд).
Ба фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ дар маҳали истиқомати оилаи онҳо дар навбати аввал дар муассисаҳои таҳсилоти умуми ва томактабию истироҳатгоҳҳои тобистонаи беҳдошти новобаста аз шакли моликият, ҷой дода мешавад.
Фарзандони хизматчиёни ҳарби, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии 20-сола ва зиёда доранд, фарзандони шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд ва мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо 20-сол ва зиёдаро ташкил мекунад, фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё дар натиҷаи маъюби (ярадори, зарбхӯри, контузия) ё бемории аснои иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ гирифташуда ҳалок шудаанд, аз ҳуқуқи ғ айриконкурси дохил шудан ба литсеи ҳарби, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти оли ва миёнаи касби бошад, — аз ҳуқуқи имтиёз дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо ва мувофиқи дигар талаботҳои барои дохилшавандагон муқарраршуда истифода менамоянд.
- Хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари дигар шаҳрвандон дар соҳаи фарҳанг дорои ҳуқуқ ва озодиҳоанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи (пурраи) умуми бо барномаи таълимии иловаги, ки мақсадаш омодагии ҳарбии шаҳрвандони ба балоғ ат нарасида мебошад, ҳангоми иштирок кардан дар чорабиниҳои пулакии аз ҷониби муассисаҳои фарҳанги ва варзиши ташкилнамуда аз имтиёзҳо истифода мебаранд. Имтиёзҳои номбурда аз тарафи ҳукуматҳои шаҳри ва ноҳияви муқаррар карда мешаванд.
- Дар дохили қисмҳои ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ аз хизматрасонии китобхона ва толорҳои хониш, молу мулки таъиноти мадани — равшаннамои, асбобҳои варзиши ва ҷиҳозҳо ба тариқи ройгон истифода намуда, кино ва филмҳои видеои тамошо мекунанд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Командирон ӯҳдадоранд системаи чорабиниҳоро доир ба тарбияи ватандӯсти, ахлоқи ва зебоипарастии хизматчиёни ҳарбӣ таҳия ва амали намоянд, эҳтиромоти анъанаҳои ҳарбиро ба онҳо омӯзанд, барои инкишофи фаъолияти эҷоди шароит фароҳам оваранд.
Моддаи 18. Рафту омад дар нақлиёт. Муросилоти почтави
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи рафту омади ройгон доранд:
— дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ва автомобили (ба ғ айр аз такси) ҳангоми сафари хизмати, вобаста бо гузаштан ба маҳали нави хизмати ҳарби, ба маҳали истифодабарии рухсатии асоси (таътили), рухсатии иловаги (як маротиба дар давоми сол) танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат ва бозгашт ба маҳали истиқоматии интихобшуда ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарби; (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
— дар ҳамаи навъҳои нақлиёти ҷамъияти: нақлиёти шаҳри, наздишаҳри, ва маҳалли новобаста аз шакли моликият (ба ғ айр аз такси). Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ҳангоми гузаштан ба маҳали нави хизмати ҳарбӣ ва рухсат шудан аз хизмати ҳарби, инчунин ҳуқуқи ба тариқи ройгон бурдани то 20 тонна молу мулки шахсиро дар контейнерҳо аз маҳали зисти пешина ба маҳали нав бо нақлиёти роҳи оҳан, дар ҷое, ки нақлиёти роҳи оҳан мавҷуд нест — бо дигар навъҳои нақлиёт (ба ғ айр аз нақлиёти ҳавои) доранд. Дар ҳолати бурдани молу мулки шахси дар вагонҳои алоҳида, бағ оҷ ва фиристодани майдачуйда ба онҳо хароҷотҳо амалан пардохта мешаванд, вале на бештар аз қимати ҳамлу нақл дар контейнерҳо дар ҳаҷми 20 тонна; (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
— дар мошинҳои боркаш ва автобусҳои мусофиркаши қисмҳои ҳарбие, ки барои таъмини ҳамлу нақли муташаккилонаи хизматчиёни ҳарбӣ ба маҳали хизмати ҳарбӣ ва бозгашт ҷудо шудаанд.
- Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва дар қисми ҳафтуми моддаи 2 Қонуни мазкур зикр ёфтаанд, тибқи асосҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ муқарраршуда ҳуқуқи ҳамлу нақли ройгонро доранд:
— аз маҳали истиқомат ба маҳали хизмати ҳарбии хизматчии ҳарбӣ вобаста бо гузаштани ӯ ба маҳали нави хизмати ҳарби;
— ба маҳали истифодабарии рухсати ва бозгашт танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
Сархати сеюми қисми 2 моддаи 18 хориҷ карда шуд. (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
— ҳангоми рухсат шудани хизматчии ҳарбӣ аз хизмати ҳарби, инчунин дар вақти ҳалок (вафот кардани) шудани хизматчии ҳарбӣ — ба маҳали истиқомати интихобшуда.
Аъзои оилаи хизматчии ҳарбӣ ҳангоми рафтан ба маҳали зисти интихобшуда вобаста бо ҳалок шудани (вафот кардани) хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқи ба таври ройгон бурдани то 20 тонна молу мулки шахсиро дар контейнерҳо бо нақлиёти роҳи оҳан, дар ҷое, ки нақлиёти роҳи оҳан нест — бо дигар навъҳои нақлиёт (ба ғ айр аз нақлиёти ҳавои) доранд. Дар вақти бурдани амволи шахси дар вагони алоҳида, бағ оҷ ва фиристодани майдачуйдаҳо ба онҳо амалан хароҷотҳои пардохт мегарданд, вале на зиёда аз қимати ҳамлу нақл дар контейнер дар ҳаҷми 20 тонна. Дар ҳолати ҳалок шудани (вафот кардани) хизматчии ҳарбӣ аъзои оилаи он (вале на зиёда аз се нафар) ба ҳамлу нақли ройгон ба маҳали дафн ва бозгашт ҳуқуқ доранд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Шахси ҳамроҳикунандаи хизматчии ҳарби, ки бо он ба муассисаи тибби ё табобати — фароғ ати, дар рухсатии бемори ба маҳали зисти интихобшуда ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ меравад, ё ки аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адокунанда, ки ба муассисаҳои тибби ё табобати — фароғ ати мераванд, агар ҳамроҳикуни бо хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ зарур дониста шуда бошад, ба ҳамлу нақли ройгон ба маҳали табобат (истифодабарии рухсати), маҳали зисти интихобшуда ва бозгашт ҳуқуқ дорад.
- Дар ҳолати бемории вазнини хизматчии ҳарбӣ ду узви оила ё ду хешованди наздики он ҳуқуқи рафту омади ройгонро аз маҳали истиқомати худ то маҳали қарор доштани бемор ва бозгашт тибқи асосҳое, ки барои хизматчии ҳарбӣ муқаррар шудааст, як маротиба ҳангоми бемори танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Афсароне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд ва мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо бо ҳисоби имтиёзнок 20-сол ва зиёд аз онро ташкил мекунад, ҳангоми мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии 25-сола ва зиёда бошад, новобаста аз асосҳои рухсатшави ҳуқуқи рафту омади ройгонро бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ва автомобили (ба ғ айр аз такси) ба табобати статсионари тибқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ ё ба муассисаҳои санаторию фароғ ати ва беҳдошти (як маротиба дар давоми сол) доранд. Чунин ҳуқуқро прапоршикҳои аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати рухсатшуда, ки мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо 20 сол ва зиёдаро ташкил мекунад, низ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Хизматчиёни ҳарбӣ ба харидани чиптаҳо барои худ ва аъзои оилаи худ барои ҳамаи нақлиёт бе навбат ҳангоми рафтан ба сафари хизмати, ба маҳали нави хизмат, ҳамчунин ба маҳали истифодабарии рухсати ва бозгашт ҳуқуқ доранд. Ҳамин тариқ, хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва ба сафари хизмати фиристода мешаванд, аз ҳуқуқи бе навбат брон кардан ва гирифтани ҷой дар меҳмонхона мувофиқи гувоҳномаи сафари истифода менамоянд.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, ҳуқуқи ба таври ройгон фиристонидани мактубҳои аз қисми ҳарбӣ ирсолшавандаро доранд. Сару либоси шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба воситаи почта ба таври ройгон фиристонида мешавад.
- Хароҷоте, ки ба ҳамлу нақли хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, аъзои оилаи онҳо ва бо бурдани молу мулки шахси бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ва автомобили (ба ғ айр аз такси), ҷудо кардани ҷой дар меҳмонхонаҳо ҳангоми фиристонидани хизматчиёни ҳарбӣ ба сафари хизмати вобастаанд, аз ҳисоби маблағ ҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ, инчунин имтиёзҳои хизматрасонии почтавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбии дар қисми 7 моддаи мазкур муқарраршуда аз ҳисоби маблағ ҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.(Қонун №1737 аз 17.12.20с.)
Моддаи 19. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ба шикоят аз рӯи амали ғ айриқонуни
- Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои худро бо роҳи муроҷиат ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
- Қарор ва фаъолияти (бефаъолиятии) ғ айриқонунии мақомоти идораи ҳарбӣ ва командирон метавонад аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои умумиҳарбӣ боиси шикоят гардад.
Моддаи 20. Мурофиаи суди нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳуқуқи онҳо барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқи. Иҷрои амалиёти нотариали бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо
- Мурофиаи суди бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ оид ба парвандаи онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо мекунанд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ғ айр аз тартиботи умумии муқарраргардида меъёри ҳуқуқи байналмилали ва шартномаҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонида мешаванд. (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
- Ҳуқуқи ҳимояи хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
- Кӯмаки ҳуқуқии ройгон расонида мешавад:
— аз ҷониби мақомоти ҳарбии идоракуни ва мақомоти ҳарбии адлия дар ҳудуди ӯҳдадориҳои хизматиашон ба ҳамаи хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба гузаштани хизмати ҳарби;
— аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешаки, прокурорҳо, судҳое, ки дар ихтиёрашон парвандаҳои ҷинои доранд.
Идораҳои машварати ҳуқуқи ва коллегияи адвокатҳо ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамоянд, оид ба масъалаҳои адои хизмати ҳарби, инчунин дигар асосҳои муқарраркардаи қонунҳо кӯмаки ҳуқуқии ройгон мерасонанд.
- Командирони қисмҳои ҳарбӣ ҳамчун шахсони мансабдори ҳокимияти иҷроия амалиёти нотариалиро бо иштироки хизматчиёни ҳарби, шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешаванд, аъзои оилаи онҳо дар ҳолату тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.
Моддаи 21. Рухсатшавии шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ ва ҳуқуқи таъминшави бо кор
- Хизматчиёни ҳарбӣ — шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо менамоянд ва ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан нарасидаанд, аз хизмати ҳарбӣ бе розигии онҳо то пайдо кардани ҳуқуқи гирифтани нафақа аз рӯи собиқаи кор озод карда намешаванд, ба истиснои ҳолатҳои рухсатии пеш аз мӯҳлат, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарби» муқаррар намудааст.
- Агар хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо менамояд, аз хизмати ҳарбӣ беасос рухсат шавад, зиёни ба ин муносибат дидаи ӯ бояд пурра ҷуброн карда шавад. Товони зиёни маънавие, ки аз ин рухсатшави ба ӯ расидааст, низ бояд дар асоси изҳори хоҳиши хизматчии ҳарбӣ бо қарори суд дода шавад. Ин қабил хизматчиёни ҳарбӣ ба вазифаи пештараи хизмати ҳарбӣ (бо хоҳиши худаш ба вазифаи баробар, ё вазифаи поёнтар) барқарор намуда, бо ҳама намуди музд ва таъминоте, ки баъди беасос ҷавоб шуданашон нагирифтаанд, таъмин карда мешаванд. Ин давра ба мӯҳлати умумии хизмати ҳарбӣ ва ба мӯҳлате, ки барои додани унвони навбатии ҳарбӣ муайян шудааст, ҳисоб карда мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсатшуда кӯмакпулии яквақта бо ҳисоби тақвими пардохта мешавад: (Қонун №155 аз 3.03.06с.)
— то 5 сол ба андозаи 1 маоши таъминоти пулӣ; (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— аз 5 то 10 сол ба андозаи 2 маоши таъминоти пулӣ; (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— аз 10 то 20 сол ба андозаи 3 маоши таъминоти пулӣ; (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
— зиёда аз 20 сол ба андозаи 4 маоши таъминоти пулӣ. (Қонун №885 аз 1.08.12с.)
Андоза ва тартиби ба шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ бо дигар асосҳо рухсатшуда пардохти кӯмакпулии яквақтаи дар ҳамин банди модда номбурдаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ба хизматчиёни ҳарби-шаҳрвандон, ки дар давоми хизмати ҳарбӣ бо орден ё унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шудаанд андозаи кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми ду маоши таъминоти пули зиёд карда мешавад.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ кӯмакпулии яквақта баробар ба ду андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба шахсони, аз ҷумлаи кӯдакони ятиммонда ва кӯдакони бепарастормонда бошад, ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохта мешавад. (Қонун №418 аз 6.10.08с.)
- Барои хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, пурра расидани собиқаи хизмати ҳарби, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд, баҳисобгирии андозаи нафақа аз рӯи маоши пурраи таъминоти пули сурат мегирад. Ҳама гуна маҳдудият оид ба пардохти нафақа манъ аст.
- Андозаи нафақаи хизматчиёни ҳарбии рухсатшуда ва шахсони тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди хизматчиёни ҳарбӣ нафақа таъиншаванда, ки бо тартиби муқарраршуда барои кор (адои хизмати ҳарби) ба дигар мақомот ё берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодашуда бо асъори хориҷи маош мегиранд, аз рӯи маоши муқаррарнамудаи вазифаи штатии ишғ олкардаи онҳо то фиристодан ба мақомоти берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
- Барои хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати бе ҳуқуқи ба нафақа баромадан рухсат шудаанд, дар давоми як сол пас аз рухсат шудан пардохти маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад.
- Ба шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо барои таъмини кор ва таъминоти иҷтимои ҳуқуқҳои зерини иловаги муқаррар карда мешавад:
— аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии шуғ ли аҳоли дар навбати аввал додани кор дар ташкилотҳои давлати бо назардошти ихтисоси онҳо;
— дар давоми се моҳи пас аз рухсатшави аз хизмати ҳарбӣ барои шаҳрвандоне, ки то даъват (дохилшави) ба хизмати ҳарбӣ дар ташкилотҳои давлати кор кардаанд, нигоҳ доштани ҳуқуқи дохилшави ба кор дар ҳамон ташкилотҳо, барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, (аз ҷумла афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд) — чунин ҳуқуқ ба вазифаи на пасттар аз вазифаи то даъват ба хизмати ҳарбӣ ишғ олкардаи онҳо;
— ба ҳисоб гирифтани вақти хизмати ҳарбӣ ба собиқаи бефосилаи кор мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур, агар фосила байни рӯзи рухсатшави аз хизмати ҳарбӣ ва рӯзи қабул ба кор (дохилшави ба муассисаи таълими) аз як сол зиёд набошад, барои собиқадорони амалиёти ҷанги, ки ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбиро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро кардаанд, шаҳрвандоне, ки мӯҳлати умумии хизмати ҳарбиашон бо ҳисоби имтиёз 20-сол ва зиёдаро ташкил кунад, — новобаста аз мӯҳлати фосила;
— ҳуқуқи афзалиятноки мондан ба коре, ки онҳо аввалин бор дохил шудаанд, ҳангоми ихтисори кормандон;
— таъминоти шаҳрвандоне, ки мувофиқи вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати аз хизмати ҳарбӣ бо ҳуқуқи гирифтани нафақа рухсат шудаанд, ба тариқи ройгон гирифтани таҳсилоти касби бе пардохти стипендия ба онҳо дар давраи таҳсил;
— ба шаҳрвандоне, ки баъди адои хизмати ҳарбии мувофиқи даъват рухсатшуда ва ба ҷои кори пешина қабулшуда додани кӯмаки модди бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар ибтидо ба роҳ мондани кори хоҷагии шахси;
— дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи муроҷиати шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда додани ҷой барои фарзандони онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагони ва таҳсилоти томактабию истироҳатгоҳҳои тобистонаи беҳдошти новобаста аз шакли моликият;
— ба ҳисоб гирифтани вақти хизмати ҳарбӣ ба собиқаи хизмати давлатии хизматчии давлати ҳангоми дохилшави ба кор дар мақомоти ҳокимияти давлати.
- Ба модарони танҳои хизматчиёни ҳарби, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, ҳангоми ихтисори шумора ва штатҳои коргарон ҳуқуқи афзалиятноки мондан ба кор дода мешавад.
Моддаи 22. Ҳифзи иҷтимоии аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки саробонашонро аз дастдодаанд
- Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда (вафоткарда) ҳуқуқи нафақа гирифтанро дар ҳолати аз даст додани саробон, ки тибқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт мегардад, доранд.
- Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки саробонашонро аз даст додаанд, дар ҳолати қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии аъзои оила бо ташкилотҳои дахлдор аз манзили истиқоматии ишғ олнамудаи онҳо бе ба онҳо ҳатман додани дигар манзили ободи истиқомати бароварда намешаванд, барои онҳо пас аз ҳалоки (вафоти) хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқи беҳтар сохтани шароити манзили мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
- Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки саробонашонро аз даст додаанд, ҳуқуқи имтиёзро ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзили алоҳида доранд.
- Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд (вафот кардаанд) ва аъзои оилаи шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекарданд, ҳуқуқ ва гирифтани хонаи истиқомати, имтиёзҳо аз рӯи пардохти манзил, хизматрасонии коммунали, ки онҳо то рӯзи ҳалоки (вафоти) хизматчии ҳарбӣ (шарҳванд), новобаста аз шакли моликият ва мансубияти манзили ишғ олкарда доштанд, ҳангоми истиқомати онҳо дар хонаҳои маркази гарми надошта бошад, барои дар навбати аввал таъмин намудан бо додани қимати 50% пардохти сӯзишворие, ки дар доираи меъёрҳои барои фурӯш ва ба аҳоли расонидани он муқаррар шудааст, нигоҳ дошта мешавад.
- Хароҷотҳое, ки бо додани имтиёзҳо доир ба пардохти майдони умумии бинои истиқомати, хизматрасонии коммунали, гузарондани телефонҳои хонаги, ҳаққи истифодабарии онҳо вобастаанд, аз ҳисоби маблағ ҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст), пардохт карда мешаванд.
- Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати таъмири асосии хонаҳое, ки дар онҳо аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии саробонашонро аздастдода истиқомат мекунанд, аз ҳисоби маблағ ҳои буҷети маҳали амали мегардонанд.
- Ба волидайн, ҳамсарон ва кӯдакони ба балоғ ат нарасидаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), ҳуқуқи кӯмаки тиббии ройгон ва ҳуқуқи имтиёзнок ба хизматрасонии иҷтимои дар мақомоти давлатии хадамоти иҷтимои дода мешавад.
- Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд (вафот карданд) ва аъзои оилаи шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо карда пас аз рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати ҳалок шудаанд (вафот карданд), ба ғ айр аз имтиёзҳо, кафолат ва ҷубронҳои дар қисмҳои дуюм-чоруми моддаи мазкур зикрёфта дар давоми як сол аз рӯзи ҳалоки (вафоти) саробон дигар имтиёзҳо, кафолат ва ҷубронҳое, ки онҳо ҳангоми дар ҳаёт будани хизматчиёни ҳарбии (шаҳрвандони) номбурда истифода мебурданд, нигоҳ дошта мешаванд, агар тибқи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
- Ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ҳалокшуда (вафоткарда) дар қатори имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур пешбини намудааст, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова дигар имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо муқаррар карда мешаванд.
- Барои ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбии бо тартиби ихтиёри ё пас аз расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штати аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии 20-сола ва зиёда доштанд, имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронҳои дар қисмҳои дуюм-чоруми моддаи мазкур номбурда то аз нав ба қайди никоҳ даромадан нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 23. Имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронҳои иловаги ба хизматчиёни ҳарби, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд ва аъзои оилаи онҳо
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба таври доими ва муваққатан вазифаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо, кафолату ҷубронпулиҳои иловаги дода мешаванд.
- Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифа дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона ҳалок шудаанд, имтиёзҳо, кафолатҳою ҷубронпулиҳои амалкунандаи нисбати аъзоёни оилаи хизматчиёни ҳарбии дар Ҷанги Бузурги Ватани ҳалокшуда татбиқ мегардад.
БОБИ III. ӮҲДАДОРИ ВА МАСЪУЛИЯТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ
Моддаи 24. Ӯҳдадории умуми
Ҳифзи истиқлолияти давлати ва тамомияти марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии давлат, баргардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона, инчунин иҷрои вазифаҳо мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти қарзи ҳарбиро ташкил намуда, хизматчиёни ҳарбиро ӯҳдадор менамоянд, ки:
— ба Савганди ҳарбӣ баҳри ба халқ фидокорона хизмат кардан, мардонавор ва моҳирона ҳифз намудани Ватани худ содиқ бошанд;
— Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои оинномаҳои умумиҳарбиро қатъиян риоя намуда, фармонҳои командиронро бечунучаро иҷро намоянд; (Қонун №1479 аз 2.01.18с.)
— шаъну шарафи ҷангии ҳимоякунандагони халқи худ, шарафи рутбаи ҳарбӣ ва рафиқони ҳамхизматро нигоҳ доранд;
— маҳорати ҳарбиро такмил диҳанд, аслиҳа ва техникаи ҷангиро барои истифодабари дар ҳолати омодагии доими нигоҳ доранд, молу мулки ҳарбиро ҳифз намоянд; (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
— боинтизом ва ҳушёр бошанд, сирри давлати ва ҳарбиро ҳифз намоянд;
— усулҳои маъмул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали ва шартномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофкардаро риоя намоянд.
Хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарби» иҷрокунандагони ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ҳисоб меёбанд.
Моддаи 25. Ӯҳдадориҳои вазифави ва махсус
- Ӯҳдадориҳои вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва тартиби иҷрои онҳо тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян карда мешаванд.
- Командирон сардорони ягона мебошанд ва дар давраи осоиштаю ҷанг барои омодагии доимии ҷангию сафарбари, иҷрои бомуваффақияти супоришҳои ҷанги, омодагии ҷанги, тарбия, интизоми ҳарби, тартиботи ҳуқуқи, ҳолати маънавию рӯҳии ҳайати шахси ва бехатарии хизмати ҳарби, ҳолат ва нигоҳдории аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва молу мулки ҳарби, таъминоти модди, техники, молияви, маиши ва хизматрасонии тибби ҷавоб медиҳанд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Хизматчиёни ҳарбие, ки дар навбатдории ҷанги (хизмати ҷанги), нарядҳои шабонарӯзию гарнизони қарор доранд, барои барҳам додани оқибатҳои офатҳои табий, инчунин дигар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шудаанд, ӯҳдадориҳои махсусро иҷро мекунанд. Ӯҳдадориҳои махсус ва тартиби иҷрои онҳоро қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои умумиҳарбӣ муқаррар мекунанд.
Барои иҷрои ӯҳдадориҳои махсус хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд ҳуқуқҳои иловаги (барои истифодаи аслиҳа, қувва, пешниҳоди талаботҳое, ки барои иҷроиш ҳатмиянду ва таҳти назорати шахсони муайян мебошанд ва дигар ҳуқуқҳо) гиранд, ки тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян мегарданд.
Моддаи 26. Масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ барои ҳуқуқвайронкуни
- Хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба хусусият ва вазнинии ҳуқуқвайронкунии содиршуда ба ҷавобгарии интизоми, маъмури, модди, ҳуқуқии граждани ва ҷинояти кашида мешаванд.
- Барои рафтори ношоям бо вайрон намудани интизоми ҳарбӣ ё тартиботи ҷамъияти вобастабуда хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи асосҳо ва бо тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ ба ҷавобгарии интизоми кашида мешаванд.
Командирон барои аз ҷониби шахсони тобеи онҳо содир гардидани қонунвайронкуниҳо ба ҷавобгарии интизоми кашида намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки командирон ҷиноятро пинҳон намудаанд, ҳамчунин дар доираи салоҳияти худ доир ба огоҳсози ва пешгири кардани қонунвайронкуниҳои содиршуда ба ҷавобгари кашидани шахсони гунаҳгор чораҳои зарури надидаанд.
- Барои қонунвайронкунии маъмури дар асоси тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷавобгарии интизоми кашида мешаванд.
- Барои зарари моддии ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ба давлат расонидашуда хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгарии модди кашида мешаванд.
- Барои иҷро накардан, ё нодуруст иҷро намудани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои зиён ва зарари маънавии расондаи хизматчиёни ҳарбии ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ қарорнадошта ба давлат, шахсони воқеию ҳуқуқи ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба ҷавобгарии граждани кашида мешаванд.
Барои содир намудани ҷиноят хизматчиёни ҳарбӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешаванд.
Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статус ва замонатҳои ҳимояи иҷтимои ва ҳуқуқии хизматчиёии ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи статус ва замонатҳои ҳимояи иҷтимои ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 15-16, мод. 348; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод. 531; соли 2002, № 4, қ. 1, мод. 257; соли 2003, № 12, мод. 687) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 1 марти соли 2005
№ 90
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУН
«ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ»
Моддаи 17. Ҳуқуқ ба таҳсил ва ҳуқуқ дар соҳаи маданият
- Хизматчиёни ҳарбӣ ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби (аз ҷумла ба гирифтани таҳсилоти пас аз мактаби оли) ва дар курсҳои (факултаҳои) омодаги, азнавомодасози ва баландбардории ихтисоси касбии хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.
Тартиби қабули хизматчиёни ҳарбӣ ба муассисаҳои номбурдаи таълими ва таҳсил дар онҳо бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти оли ва миёнаи касби барномаҳои таълимиро доир ба омодагии мутахассисон ба соҳаҳои ба ҳам наздики граждани амали намуда, ба хатмкунандаҳо ҳуҷҷатҳои дахлдорро доир ба таҳсилот медиҳанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти оли ва миёнаи касби таҳсил мекунанд, ба иҷрои вазифаҳои бо амалигардонии барномаҳои таълимии касби вобастанабуда танҳо бо қарори Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) ҷалб карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд ва ба кор ба сифати омӯзгор дар муассисаҳои таълими қабул шудаанд, мувофиқи таҳсилот ва пардохти музди меҳнат ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии омӯзгориро хатм намудаанд, баробаранд.
- Афсароне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии граждани таҳсилоти олию миёнаи касби ва дар шӯъбаҳои (курсҳои) тайёрии муассисаҳои таълимии номбурда барои азхудкунии барномаи таълими аз рӯи шаклҳои ғ оибонаи (шабонаи) таҳсил ҳуқуқ доранд.
- Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, таҳсил дар муассисаҳои таълимии гражданин таҳсилоти олию миёнаи касби иҷозат дода намешавад.
- Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо панҷ сол ва зиёдаро (вақти таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти оли ва миёнаи касби ба ҳисоб гирифта намешавад) ташкил мекунад, дар соли рухсатшави аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, баанҷомрасии мӯҳлати хизмати ҳарбӣ ё вазъи саломати ҳуқуқ доранд, ки азнавомодагардии касбиро аз рӯи яке аз ихтисосҳои граждани бе ситонидани маблағ барои таҳсил ва бо нигоҳдории ҳамаи таъминот бо тартиб ва шартҳое, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини шудааст) муайян карда мешавад, ба мӯҳлати то се моҳ ҳангоми рухсатшави вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати аз хизмати ҳарбӣ бошад, — то шаш моҳ гузаранд. Дар ҳолати рухсатшавии хизматчиёни ҳарбии номбурда аз хизмати ҳарбӣ дар давраи таҳсил онҳо ҳуқуқ доранд давраи таҳсилро ба таври ройгон ба анҷом расонанд.
Хароҷоти азнавомодагардии касбии хизматчиёни ҳарбии номбурда аз рӯи яке аз ихтисосҳои граждани вобастбуда, аз ҳисоби вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбиро адо менамоянд, пардохт мегарданд.
- Шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекарданд ва аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд, ҳуқуқ доранд:
— ба таври ройгон гузаштани омодагии ғ айринавбати, азнавтайёршави ва баландбардории ихтисос дар асоси роҳхат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷори, агар дорои ҳуқуқи нафақагири бошанд;
— ба гирифтани таҳсилоти касби дар асоси роҳхат аз ҳисоби маблағ ҳои ташкилоте, ки онҳо ба кор қабул шудаанд, бо пардохти музди миёнаи маош ҳангоми таҳсил;
— дохилшавии ғ айриозмуни ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касби ва ба курсҳои таълимии ихтисосҳои дахлдор;
— дохилшави ба муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти касби бе имтиҳони дохилшави;
— ба курси якум ва курсҳои минбаъдаи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касби — хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи ҳарби;
— ба курси якуми муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касби — бо таҳсилоти на пасттар аз таҳсилоти асосии умуми;
— ба курси якум ва курсҳои минбаъдаи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касби — онҳое, ки дорои таҳсилоти нопурраи оли ё олии ҳарбии таҳсилоти касби мебошанд;
— ба шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касби — онҳое, ки муассисаҳои таълимоти ҳамагонии таҳсилоти умумии миёна (пурра) ё таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд.
Қабули шаҳрвандони мазкур ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти касби дар давоми соли хониш идома ёфта, аз он ҷумла илова ба нақшаи муайяннамудаи қабули муассисаи мазкур амали мегардад.
Шаҳрвандони дорои таҳсилоти миёна ва олии ҳарбӣ дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касби бо таври ройгон таҳсил менамоянд.
- Шаҳрвандоне, ки дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касби ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ҳангоми рухсат шуданашон аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқи давом додани таҳсилро дар он муассисаи таълимие, ки то даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ таҳсил мекарданд, доранд.
Хизматчиёни ҳарбии дорои таҳсилоти оли ё миёнаи касбии граждани, ки таҳсилоти ба ихтисоси омодагии ҳарбӣ наздик дорад, мувофиқ мебошад, ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи ин таҳсилот онҳо ба хизматчиёни ҳарбие, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти оли ё миёнаи касбии ҳарбии дахлдорро хатм намудаанд, баробаранд.
- Ҳангоми тағ йири маҳали хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, инчунин ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати аъзои оилаи онҳо, ки дар муассисаҳои таълимии давлати таҳсил мекунанд (тарбия мегиранд), ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои таълимии ба маҳали нави хизмати ҳарбӣ ё маҳали зист наздик буда гузаранд (қабул шаванд).
Ба фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ дар маҳали истиқомати оилаи онҳо дар навбати аввал дар муассисаҳои таҳсилоти умуми ва томактабию истироҳатгоҳҳои тобистонаи беҳдошти новобаста аз шакли моликият, ҷой дода мешавад.
Фарзандони хизматчиёни ҳарби, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии 20-сола ва зиёда доранд, фарзандони шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штати рухсат шудаанд ва мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо 20-сол ва зиёдаро ташкил мекунад, фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё дар натиҷаи маъюби (ярадори, зарбхӯри, контузия) ё бемории аснои иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ гирифташуда ҳалок шудаанд, аз ҳуқуқи ғ айриконкурси дохил шудан ба литсеи ҳарби, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти оли ва миёнаи касби бошад, — аз ҳуқуқи имтиёз дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо ва мувофиқи дигар талаботҳои барои дохилшавандагон муқарраршуда истифода менамоянд.
- Хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари дигар шаҳрвандон дар соҳаи фарҳанг дорои ҳуқуқ ва озодиҳоанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи (пурраи) умуми бо барномаи таълимии иловаги, ки мақсадаш омодагии ҳарбии шаҳрвандони ба балоғ ат нарасида мебошад, ҳангоми иштирок кардан дар чорабиниҳои пулакии аз ҷониби муассисаҳои фарҳанги ва варзиши ташкилнамуда аз имтиёзҳо истифода мебаранд. Имтиёзҳои номбурда аз тарафи ҳукуматҳои шаҳри ва ноҳияви муқаррар карда мешаванд.
- Дар дохили қисмҳои ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ аз хизматрасонии китобхона ва толорҳои хониш, молу мулки таъиноти мадани — равшаннамои, асбобҳои варзиши ва ҷиҳозҳо ба тариқи ройгон истифода намуда, кино ва филмҳои видеои тамошо мекунанд. (Қонун №1152 аз 27.11.14с.)
- Командирон ӯҳдадоранд системаи чорабиниҳоро доир ба тарбияи ватандӯсти, ахлоқи ва зебоипарастии хизматчиёни ҳарбӣ таҳия ва амали намоянд, эҳтиромоти анъанаҳои ҳарбиро ба онҳо омӯзанд, барои инкишофи фаъолияти эҷоди шароит фароҳам оваранд.