Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ДАРСИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР СУҲБАТИ НИЗОМИЁНИ МУСТАЪФӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.06.2024
in Хабар
0
ДАРСИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР СУҲБАТИ НИЗОМИЁНИ МУСТАЪФӢ
0
SHARES
80
VIEWS
Share on Facebook

 Соли 2024 солест пур аз воқеаву рӯйдодҳои гуногун. Дар ин радиф Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин ҷойи махсусро ишғол мекунад. Агар Паём ҳуҷҷати роҳнамои амалии давлату ҷомеа баҳри созандагӣ ва барои фардои дурахшони Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва дарси омӯзиши маърифати ҳуқуқии мардуми кишвар бошад, пас мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин ҳамчун омили муттаҳидии миллат дар мубориза алайҳи ифротгароию хурофотпарастӣ ба ҳисоб меравад.  Аз ин ҷост, ки Шӯрои собиқадорон ва нафақахӯрони Вазорати мудофиа онҳоро дар гузаронидани чорабиниҳои тарғиби сиёсати созандаву бунёдкориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат вазифаи муҳимтарини худ меҳисобанд.

Ҳамин буд, ки тибқи нақша дар мувофиқа бо раёсат оид бо корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа дар нимсолаи якум якчанд гурӯҳи кории собиқадорони фаъоли шӯро бо ҷалби собиқадорони башардӯсту барқароркунандаи сохти конститутсионӣ, аъзои шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томи алоҳида, курсантони муассисаҳои таҳсилоти ҳарбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии мамлакатамон вохӯрию мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Маврид ба зикр аст, ки собиқадорон дар баробари сӯҳбатҳо дар бораи мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат, зарурати хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, корнамоиву қаҳрамониҳои фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941-1945 ва аҳамияти Ғалабаи бузург ҳамчун нишони ғалабаи некӣ бар бадӣ, ҳамзамон дар масъалаҳои эҳтиёт шудан аз гаравидани ҷавонон ба вабои аср, дурусту амиқ аз бар намудани маънои «Соли маърифати ҳуқуқӣ», баланд бардоштану такмили ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии ҷавонон дар ҷомеа ва ҳангоми адо намудани хизмати ҳарбӣ баромадҳои ҷолиби диққат намудаанд. Гурӯҳи собиқадорон дар ҳайати генерал-майори мустаъфӣ Ӯктам Тошматов, полковникони эҳтиёту мустаъфӣ Шариф Азизов, Сайдхӯҷа Акбаров, Ҳикматулло Абдуллозода, Аслиддин Ғоибов, Ташпулат Бобоев, Шариф Ибрагимов, Али-оғо Мамедов, Хайриддин Мардонов, Иззатулло Саидов, Насрулло Содиқов, Сайдаҳмад Умаров, Абдусалим Халилов, Хайдарқул Худойқулов, Назар Холназаров, Ашур Ҷамолов, Давлат Ёров, капитанҳои мустаъфӣ Шамбе Дарвешов, Мирзохон Мусоев ва дигарон дар қисму воҳидҳо ва ҷузъу томи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Донишгоҳу донишкадаҳои Олии таҳсилоти касбӣ, чандин кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои олӣ, шабакаҳои телевизионӣ, Осорхонаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  ташкилоту идораҳо дар мавзӯъҳои «Паёми Пешвои миллат-ҳуҷҷати роҳнамо», «Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ», «Қувваҳои Мусаллаҳ-сипари боэътимоди Ватан», «Эҳтиёт аз вабои аср», «Корнамоии бобоёнро дар ҶБВ фаромӯш насозем» ба ҷавонаскарон ва донишҷӯёни низомиву толибилмон дарси мардонагию маърифат гузаронидаанд. Онҳо дар баромадҳои худ ба ҷавонон дар бораи ҳифзи Ватан, баланд бардоштани савияи дониш, ба таври мукаммал донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу вазифаҳое ки аз он бармеоянд, ҳамчунин риояи қатъии талаботи Ойинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар қонуну ҳуҷҷатҳои роҳнамо таъкид намуда, аз таҷрибаи ҳаёту фаъолияти хизматии хеш мисолҳои мушаххас оварданд. Дар раванди вохӯрию сӯҳбатҳо собиқадорон ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, сазовору бо нишондиҳандаҳои беҳтарин дар хизмату таҳсил, илмомӯзию меҳнати созанда пешвоз гирифтани 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят намуданд. Аз натиҷаҳои чунин чорабиниҳои судманд ва баромадҳои ҷавобии ҷавонон боварӣ дорем, ки кӯшишу заҳмат, донишу маърифат, таҷрибаву малака ва насиҳату роҳандозии чунин собиқадорони соҳибтаҷриба ба баландшавии ҳисси ватандӯстӣ ва ҳолати рӯҳию равонӣ, афзудани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат намуда, бо содиқона идома додани анъанаҳои беҳтарини гузаштагонамон Тоҷикистони шукуфою маҳбубамонро бо қаҳрамониҳои қобили таҳсини фарзандони шуҷоъ номвар мегардонанд.

Мо ифтихор мекунем, ки тавассути саҳми арзандаи чунин собиқадорон, фарзандони асилу ватандӯсти Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ташкилу тақвият ёфта, ба як рукни асосии давлат ва сипари боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба камол расидааст. Маҳз тавассути хизмати шоистаи чунин ворисони меҳанпараст Ватан ободу шукуфон, сулҳу ваҳдат танинандоз ва фарзандону пайвандонамон бо илмомӯзиву меҳнати созанда машғуланд. Итминон дорем, ки собиқадорону нафақахӯрони Вазорати мудофиа минбаъд ҳам дар тарғиб намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони азиз-ояндадорону ояндасозони давлату миллати хеш донишу малака ва таҷрибаи ғании хешро дареғ нахоҳанд дошт.

 

Ҳайдар ХУДОЙҚУЛОВ,

раиси Шӯрои собиқадорони ВМҶТ,

полковники мустаъфӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Previous Post

ШОМИЛШАВИИ АФСАРОНИ ҶАВОН БА ҲАЙАТИ АРТИШИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ РУШД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ РУШД

СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ РУШД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook