Иттиҳоду сарҷамъӣ, истиқлолу ваҳдати пойдор ва ободиву осудагии Ватан имрӯзҳо ҷавонони моро водор намудааст, ки бо дарки муҳимияти хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шомил гарданд ва бо бардошти донишу таҷриба дар ин мактаб, дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои арзишманди он ва ҳифзу ҳимояи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси ин марзу бум аз худ садоқати ҷавонмардӣ ва рисолати бузурги фарзандӣ нишон диҳанд.
Сокинони ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, алалхусус ҷавонписарони далеру матиниродаи ин гушаи диёри маҳбубамон низ чун дигар ҳамватанон хизмат дар сафи Артиши миллиро вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи худ дониста, бо масъулияти баланди фарзандӣ ва садоқати ҷавонмардӣ омодаи хизмат ба халқу ватани хеш мебошанд.
Омодагии онҳо аз нахустрӯзи даъват ва саривақт ҳозир гардидани шаҳрвандони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш зоҳир мегардад, ки дар заминаи чунин ташаббусҳои меҳанпарастонаи ҷавонони бонангу ори ин минтақаи баландкӯҳи шарқи мамлакат, масъулини Камиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми чандин соли охир аст, ки нақшаи ба худ пешбинишударо саривақт, бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат иҷро менамояд ва аввалин шуда дар сатҳи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш медиҳанд.
Мутахассисони низомӣ ин омилро аз ташкили босифати чорабиниҳои пешаздаъватӣ ва ҳамоҳангии мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ин вилоят рабт диҳанд ҳам, вале дар амалишавии ин ҳадаф масъулияти баланди шаҳрвандии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ғуруру ифтихори миллии онҳоро дар ҷои аввал мегузоранд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги тарбияи ҳаёт ва дарси садоқату ҷавонмардӣ аст, ки бо шомил гардидан ба он ҷавонон садоқату сарсупурдагӣ дар роҳи ҳифзу ҳимояи ватан, марзи муқаддаси диёр ва муҳофизати ҳар як зарра хоки ин сарзамини аҷдодиро омӯхта, дар давраи хизмат тартибу низоми хизмати ҳарбӣ ва вобаста ба таъиноти навъи қӯшуни хеш нозукиву махсусиятҳои силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дигар техникаҳои ҳарбиро аз худ менамоянд.
Шаҳрвандоне, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ гузаштаанд, яъне мӯҳлати муаяйнгардидаи хизмати ҳатмии ҳарбиро дар сафи ҷузъу томи Артиши миллӣ ба ҷо овардаанду имрӯзҳо дар ҳайати захираҳои эҳтиётии вилоят қарор доранд, чун дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақша мунтазам дар ҷамъомаду машғӯлиятҳои амалии сафарбарӣ низ иштирок менамоянд.
Ин гуна ҷамъомадҳо, ки њамасола тибќи наќша ва дар доираи қонунҳои амалкунандаи соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ” дар ҳудуди вилоят ташкилу ба роҳ монда мешавад, қувваҳои эҳтиётӣ ба машғулиятҳои амалии саҳроӣ ва санҷишҳои ногаҳонӣ фаро гирифта мешаванд, то ки омодагии ҷангии онҳо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, зимни ҷалб гардидан ба чунин машғӯлиятҳо ҳайати захираҳои эҳтиётӣ вобаста ба ихтисоси низомии хеш бо истифода аз навъҳои гуногуни силоҳу муҳимоти ҷангӣ тирпарронӣ менамоянд, ки мақсад аз он такмили донишу таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангии онҳо мебошад.
Дар воқеъ, ҷавонон ва ҳар як фарди худогоҳу меҳандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯзҳо од арки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои рисолати фарзандӣ омодаи хизмат ба халқу ватан мебошанд.
Боқӣ Шарифзода,
рӯзноманигор