Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-умро тибқи Нақшаи маҷмуи ягонаи вазорат, нақшаи таёрии Қувваҳои Мусаллаҳ ва нишондоди ташкилӣ — методии Ситоди генералӣ бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ оғоз намуданд.
Ба ин муносибат дар толори Вазорати мудофиа бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералӣ ҷамъомади таълимӣ доир гардид, ки онро шахсони масъул оғози расмӣ бахшида, вобаста ба ташкили тайёрии амалиётӣ, сафарбарӣ, ҷангӣ ва таъмини хизмати қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ дар тамоми ҷузъу томи вазорат барои ин давраи таҳсил ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон вобаста ба имкониятҳои нави таълим, пеш аз ҳама фароҳам будани шароити хуби дарсу таълимоти низомӣ дар шаҳракҳои таълимии қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ёдовар шуда, ҳайати шахсиро ба омузиши ҳамаҷонибаи машғулиятҳои касбӣ дар даври хониши нав даъват намуданд.
Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби шахсони масъул самтҳои гуногуни фаъолият дар ин ниҳоди қудратӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, сатҳи тайёрии доимии ҳайатии шахсӣ, таъминоти моддиву майишӣ ва ҳолати омодабошии ҷангии ҷузъу том дар нимсолаи аввали соли 2025, ки аз 1-уми уми январ оғоз гардида, то охири моҳи июни соли ҷорӣ идома ёфт, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Баромадкунандагон сатҳу сифати машғулиятҳои таълимиро дар давраи сипаригардидаи таҳсил аз ҳамаи фанҳои низомӣ натиҷагирӣ намуда, зимнан ташкилу гузаронидани чорабиниҳои ҳарбӣ ва ҷамъомадҳои методӣ-таълимиро бо ҷалби афсарони масъули ҷузъу том муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Баъд аз анҷоми ҷамъомад иштирокчиёни он дар доираи дастуру нақшаҳои таҳиягардида ба ин даври таҳсил дар нуқтаҳои таълимӣ ба дарсҳои кушод аз фанҳои касбӣ-вазифавӣ ва омӯзиши дигар машғулиятҳои муаяншуда ҷалб гардиданд, ки он амалан дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии тобеи Вазорати мудофиа ташкилу ба роҳ монда шуд.
Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник