Бо оғоз гардидани хизмати наваскарон дар қисму воҳидҳои низомӣ он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳатмии ҳарбиро ба итмом расонидаанд, марҳила ба марҳила аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд. Ба муносибати хизмати бошарафона ва баҷо овардани муҳлати пешбинигардидаи хизмати сарбозони Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал дар пойгоҳи бригадаи мазкур бо риояи талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тибқи қоидаҳои низомӣ, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Барои қабул намудани билетҳои ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳатмии ҳарбиро ба анҷом расонидаанду аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсат мешаванд, дар маркази майдони баргузории чорабинӣ саф оростанд.

Сипас, аз ҷониби масъулини Раёсати Қӯшунҳои зудамал ва афсарони қисми ҳарбӣ ба десантчиёни шарафманди меҳан ба таври хос ва дар фазои шодиву сурур билети ҳарбӣ, нишони сарисинагии десантчӣ ва мактуби миннатдорӣ ба волидон тақдим карда шуд.
Сарбозон бошанд бо тартиби муайянгардида билетҳои ҳарбиро қабул намуда, қавл доданд, ки ба халқу Ватан ва Пешвои муаззами миллат содиқ мемонанд.
Воқеан, хизмати ҳарбӣ натанҳо шарафу ифтихори ҳар як ҷавонмард аст, балки падару модарон низ аз ин садоқати ҷавонмардонаи фарзандони сарбози хеш сарбаланду ифтихорманданд. Зеро, дар матни мактуби миннатдории ҳайати фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба унвонии падару модарон, ба онҳо барои тарбияи хуби фарзанд ва ҳимоятгарони ҳақии Ватан изҳори миннатдорӣ баён карда шудааст.
Дар минбари табрикоти сарбозон масъулини Раёсати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат низ миннатдории самимӣ изҳор намуда, ба ҷавонон таъкид карданд, ки ҳамеша номбардори Ватан ва падару модари хеш бошанд ва дар ҳама гуна вазъият шарафи десантчиро пос доранд.

Тавре қайд карда шуд, сарбозон бо ифтихору сарбаландии ҷавонмардона ва донишу таҷрибаи баланди низомӣ хизмати мӯҳлатноки худро ба итмом расонидаанд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ин ҷамъомади тантанавии гусели сарбозон дар Бригадаи ҳамлаовари десантӣ пас аз анҷоми бомуваффақонаи машқҳои муштараки ҳарбии “Рубеж-2024” доир гардид. Аксарияти сарбозони дар саф буда, иштирокчии ин тамрини байналмилалӣ буданд ва дар баробари иҷрои вазифаҳои ҷангии дар машқҳо бар уҳдадошта, инчунин дар мусобиқаҳои варзишии байни низомиёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, дар мақшгоҳи “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон ширкат варзида сазовори ҷойи аввал гардидаанд.
Барои ин ҳама дастовардҳои муҳиму арзанда, хизматҳои шоёни таҳсину офарин ва муаррифии Артиши ҷавони Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон он рӯз дар ҷамъомади тантанавии десантчиён чанде аз сарбозон пеш аз мӯҳлат аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсат гардиданд.

Қисмати асосӣ ё худ лаҳзаи хотирмони ҷамъомади тантанавии навбатӣ ин охирин қадамҳои сафии сарбозони аз хизмат рухсат гардида дар майдони сафороии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва бо кафкӯбиҳои ифтихорбор гусел намудани онҳо аз ҷониби афсарону сарбозон ва дигар меҳмонони қисми ҳарбӣ буд.
Боқӣ ШАРИФӢ





