Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.11.2022
in Хабар
0
ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
322
VIEWS
Share on Facebook

Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ ин ҷашни умумимиллиро дар қатори мардуми шарафманди Ватани азизамон низомиёни мамлакат низ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.

Ба ин муносибат дар Вазорати мудофиаи кишвар бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томи ин ниҳоди қудратӣ ва намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гадид.

Дар оғоз, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат, иштирокчиёни ҷамъомад ва дар симои онҳо тамоми хизматчиёни ҳарбии Артиши миллиро бо солгарди рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош гуфта, аз таърихи парчамдории ниёгонамон, эҳтироми он ва аз аҳамияти бузурги парчам дар низоми давлатдории тоҷикон ёдоварӣ намуданд. Дар ҷараён зикр карда шуд, ки Парчами давлатӣ нишон аз пойдорӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ нисбат ба он, муқаддас шуморидан ва эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус афсарону сарбозони Артиши миллӣ мебошад. Ҳамчунин, қайд кард шуд, ки мувофиқи Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар қисму воҳидҳои низомӣ низ байрақи ҷангӣ нигоҳ дошта мешавад ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳамчун нишони садоқату вафодорӣ ба халқу Ватани хеш байрақи ҷангии қисми ҳарбии худро эҳтиром намуда, қасам ёд мекунад, ки вазифаҳои хизматиашро мардонавор ва бо сари баланд ба ҷо меорад.

Боиси ифтихору шарафи бузург аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон санаи қабули Парчами давлатиро аввалин маротиба 24-уми ноябри соли 2009-ум ҳамчун ҷашни умумимиллӣ қайд намуданд. Ва ин рӯйдоди фараҳбахш бори дигар аз соҳибтамаддуниву фарҳангсолории халқи мо дарак дод. Воқеан, Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои хоси давлатдории мустақили миллӣ буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбат ба ин арзиши олӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси кишвар мебошад.

  Умуман, қайд кардан ба маврид аст, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, Раёсатҳои навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии тобеи онҳо ҷамъомади тантанавӣ, конфронсҳои илмӣ — назариявӣ, чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ва фарҳангиву варзишӣ баргузор гардиданд.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

Previous Post

ПАРЧАМ РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ

Next Post

ПАРЧАМ РАМЗУ АРКОНИ ДАВЛАТДОРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАРЧАМ РАМЗУ АРКОНИ ДАВЛАТДОРӢ

ПАРЧАМ РАМЗУ АРКОНИ ДАВЛАТДОРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ЕРМЕК КОШЕРБАЕВ

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ЕРМЕК КОШЕРБАЕВ

16.02.2026
БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

16.02.2026
МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА  БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

15.02.2026
МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

15.02.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook