Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангӣ ба толори баргузории чорабинӣ ва ҳамзамон бо садои Суруди миллӣ таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ оғоз гардид.

Дар идома вобаста ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду ташаккули забони давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумат дар ин самт, Роҳбарияти Вазорати мудофиа, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ дар назди ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ баромад намуда, қайд карданд, ки Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши муҳиму ҳалкунанда дорад. Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки: «Забони модарии мо-забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист».

Ҳамчунин, аз ҷониби баромадкунандагон пос доштани фарҳангу забон ва дигар муқаддасоти милливу давлатӣ муҳимтарин хислати ҷавонмардӣ арзёбӣ гардида, ба ҳозирин иброз карда шуд, ки сафи Артиши миллӣ ҳам як навъ муқаддасот аст. Зеро, маҳз дар ана ҳамин саф ва роҳи ибратбахш мо дарси ватандорӣ меомӯзем ва барои ҳимояи марзу буми Ватан омодагӣ мегирем. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки бо маърифати баланди ҳуқуқӣ, интизому рафтори намунавии хизматӣ ин вазифаи муқаддасро бо роияи ҳатмии талаботи қонуну сандҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва оинномаҳои умумиҳарбӣ иҷро намоем.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар ҳама давру замон забони давлатӣ ҳамчун рукни давлатдорӣ буда, сарчашмаи асосии Истиқлоли миллӣ ва омили ташаккули инсоният маҳсуб дониста мешавад.

Шоҳин ШАРИФЗОДА





